ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ ЭҶОДИ БАДЕЪ

 ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ ЭҶОДИ БАДЕЪ

21 декабри соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа доштанд. Адибони мамлакат Паёми пурмуҳтавои мазкурро шунида, аз нуктаҳо ва пешниҳодоту ҳидоятҳои Сарвари давлат рўҳбаланд гардиданд.

Дар ин хусус дар маҷлиси васеи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бо иштироки шоирону нависандагони шинохтаи ҷумҳурӣ барпо гардид, ибрози назар карда шуд. Адибон изҳор доштанд, ки дар Паёми Пешвои миллатамон азму талоши халқи шарафманди тоҷик баҳри пирўзию пешравӣ дар зарфи сӣ сол амиқу равшан таҳлилу баррасӣ гардида, барномаҳои наву созандаи бунёдкорӣ баҳри фардои дурахшони мамлакат инъикос ёфтаанд. Комёбиҳои халқи тоҷик бо ҳидояти Пешвои хеш дар таърих собиқа надорад.

 Адибон Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Абдунабӣ Сатторзода, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Бахтиёр Муртазо, Парда Ҳабиб, Рустам Ваҳҳобзода, Толиби Луқмон ва дигарон дар суханрониашон таъкид намуданд, ки адибон дар амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат саҳми шоиста мегузоранд.

Дигар хабарҳо