ПАЙВАНДИ АДАБИЁТ – ПАЙВАНДИ БАРОДАРОН

Аз 13 то 15 март ҳайати адибони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон, арбоби сиёсии ӯзбек Эркин Воҳидов дар Тоҷикистон қарор доштанд. 13 март меҳмонон — Аҳмадҷон Мелибоев — нависанда ва олим, сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти», Салим Ашӯр — шоир ва тарҷумон, сармуҳаррири ҳафтаномаи Ӯзбекистон «Адабиёт ва санъати», Паймон — шоир ва тарҷумон, мудири шуъбаи адабиёти рӯзномаи «Овози тоҷик», Хуршед Воҳидов — писари Эркин Воҳидовро роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Рӯзи аввал меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Кохи «Наврӯз» ва Боғи ба номи Алишери Навоӣ дидан карданд. Субҳи 14 март баъд аз зиёрати оромгоҳи Лучоб аҳли адаби кишвари дӯсту ҳамсоя дар маҳфили ёдбуди Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Эркин Воҳидов 28 декабри соли 1938 дар ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (соли 1960) буда, дар давраҳои гуногун ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири нашриёти «Гвардияи ҷавон» (солҳои 1960-63; 1975-82), нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом (солҳои 1963-70), директори он (солҳои 1985-87), сардабири моҳномаи «Ёшлик» (солҳои 1982-85)  кор кардааст.

Эркин Воҳидов бо адибони тоҷики ҳамзамони худ пайванди дӯстиву бародарӣ дошта, барои рушд кардани робитаҳои адабии ду кишвар саҳми босазо гузоштааст. Ба навиштани шеър аз 15-солагӣ шурӯъ кардаву навиштаҳояш дар маҷмӯаҳои «Нафаси субҳ» (1961), «Шеърҳоям барои шумо» (1962), «Қалбу ақл» (1963), «Ситораи ман» (1964), «Нидо» (1965), «Лирика» (1966), «Девони ҷавонӣ» (1969), «Машъал» (1970), «Ҷавонони имрӯз» (1971), мунтахаботи дуҷилдаи («Муҳаббатнома» ва «Садоқатнома», 1986), «Тор дар айни авҷ наканад» (1991), «Ҳақиқати талх хуб аст» (1992) ва ғайраҳо ба табъ расидаанд, ки дар онҳо зиндагии ҳамзамононаш бо воқеияту самимияту маҳорати баланд тараннум шудааст. Достонҳои Эркин Воҳидов «Чашмаи орзу», «Нидо» (1964), «Макони офтоб» (1970), «Бахмал» (1974), «Исёни арвоҳ» (1978-79), «Пажвоки Тошканд» (1983) ва ғ. дар адабиёти ӯзбек аз намунаҳои беназиранд. Адиб ҳамчун драматург низ маъруф аст («Девори тилоӣ», 1969, «Фоҷиаи Истанбул», 1985 ва ғ.). Ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид мақолаҳову суҳбатҳояш перомуни масоили мубрами адабиёт, таҳлили эҷоди адибони ӯзбек дар китоби «Шуури шоиру шеър» (1987) дарҷ гардидаанд. Ӯ осори бархе аз адибони номдори ҷаҳон — И. Гёте («Фауст»), Ф. Шиллер, Муҳаммад Иқбол,  С. Есенин, Р. Ҳамзатов, Л. Украинка, А. Блок ва дигаронро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

 

Осори худи Эркин Воҳидов низ ба забонҳои тоҷикӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ, англисӣ, урдуӣ, ҳиндӣ ва ғ. тарҷума шудааст. Эркин Воҳидов вакили Шӯрои Олии Ӯзбекистон (1990-95) ва намояндаи Маҷлиси Олии Ӯзбекистон (1995), раиси Кумитаи байналмилалии парламент ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза (1983) мебошад. 30 майи соли 2016 дар шаҳри Тошканд аз дунё чашм пӯшидааст.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода, Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, адибони меҳмон оид ба рӯзгор ва осори Эркин Воҳидов сухан карданд. Омина Табарова, донишҷӯи ДМТ ва Қамариддин Раҳматзода, магистри ДМТ аз шеърҳои Эркин Воҳидов намунаҳо қироат намуданд.

Гардонандаи маҳфил Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки Шоири халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидов мактаби деҳа ва донишгоҳро хатм намуда, аз муҳаррири одӣ то сармуҳарририву директории нашриёт расидааст. Баъдан ба сиёсат рӯ оварда, солҳои баркамолии синну таҷриба ва хиради зиндагӣ вакилу раиси кумитаҳои гуногуни парламенти кишвараш будааст ва дар таҳриру такмили қонунгузории он саҳми сазовор гузоштааст. Ба шеърнависӣ хеле барвақт оғоз карда, дар 25-солагӣ нахустин маҷмӯаи шеърҳояшро ба дасти хонанда додааст. Китобҳои зиёдаш хусусиятҳои гуногун доранд. Гоҳе эҳсоси нозуки лирикиро ифода намудаанду гоҳе хусусияти хос гирифтаанд. Дар ҳама ҳолат онҳо ҳосили таҳқиқоти амиқи ботинии шоир буда, бо муҳиммияти мавзӯъ, тозагии воситаҳои тасвир ва умқи эҳсосу андеша хонандаро ҷалбу мафтун месозанд. Муҳаббат ба халқу Ватан яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти шоири номвар аст. Гоҳ аз гузаштаи пурфоҷиаи онҳо сухан мегӯяду гоҳ аз ояндаи дурахшонашон изҳори умедворӣ менамояд. Қисмати зиёди эҷодиёти Эркин Воҳидовро достонҳо ташкил медиҳанд. Ва ҳар яке бо қисмати худи шоир пайванди ногусастанӣ доранд. Бахусус, достони «Нидо» шуҳрати шоирро афзуд. Он тарҷумаиҳолӣ буда, хотираҳои бачагии шоирро, ки бо банду басти дилраси лирикӣ фароҳам шудаанд, дар бар гирифтааст. Тавассути андешаҳои амиқ ва эҳсосоти самимӣ муаллиф қисмати падараш ва ҳамсолони ӯро, ки барои озодиву хушбахтии инсоният дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони ҷавон бохтаанд, ба тасвир мегирад. Аз ин рӯ, асар хусусияти фоҷиавӣ касб намуда, дар баъзе бахшҳо марсияи ҷонсӯзро ба ёд меорад, вале ҳадафи бузурги қурбоншудагон оҳанги қаҳрамониву ватандӯстии асарро баландтар месозад. Тасвири паҳлуҳои гуногуни ҳаёт асоси асарҳои Эркин Воҳидов — «Достоне, ки дар хайма эҷод шудааст» ва «Пажвоки Тошканд»-ро ташкил додааст. Ҳарду достон ҳам ба умеду орзуҳои шоир, пойтахти кишвараш бахшида шудаанд. Ва ғояҳои бузурги адабиёти халқ ва бунёдкориву созандагӣ, дӯстиву ҳамдастиро ифода менамоянд.

Муртазо Зайниддинзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар маърӯзаи пурмуҳтавои худ аз робитаҳои адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек сухан карда, изҳор дошт, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиву Мир Алишери Навоӣ мактаби маърифат ва рафоқату ҳамраъйии тоҷику ӯзбекро ибтидо гузоштаанд, ки аз ҷониби дигарон мавриди эътироф ва пайравӣ қарор гирифтаанд. Номбурда аз хизматҳои адибону муҳаққиқони ду миллат барои мустаҳкам ва пойдор мондани робитаҳои адабӣ ёдовар шуд.

Ҳайати меҳмонон низ аз Эркин Воҳидов ба некӣ ёд карда, хотираҳои ҷолибро баён доштанд ва шеърҳо қироат карданд. Зикр гардид, ки рафтуомад, ҳамкорӣ ва дӯстиву бародарии ду миллат боиси аз кишвари ҳамсоя ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда истодаанд. Ин амал барои рушди муносибатҳо заминаву воситаи дигару беҳтар мебошад.

Шоми ҳамон рӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба хотираи Эркин Воҳидов бо иштироки аҳли санъат ва адибони тоҷику ӯзбек консерти бошукӯҳ баргузор гашт. Дар он аз ҳарду кишвар тамошобинони зиёд иштирок кардаву дар ҳавои сулҳу дўстӣ баргузор гаштани чунин чорабиниро эҳсос карданд.

Рӯзи сеюм дар доираи чорабиниҳои байнидавлатӣ адибони Ӯзбекистон ба шаҳри Норак ташриф оварданд. Меҳмононро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигар шоирону нависандагон ҳамроҳӣ намуданд. Онҳо аз шаҳри зебоманзар, китобхонаи  «Дӯстии халқҳо» ва Неругоҳи барқи обии Норак дидан карданд. Дар китобхонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак меҳмонон бо шуъбаи соядастҳои китобхона шинос шуда,  китобҳои аҳли илму адаби кишвари худро тақдим намуданд. Аз амал кардани шуъбаи соядастҳо ва фаъолияти пурсамари он дар самти ташвиқу тарғиби адабиёти ҷаҳон изҳори хушнудиву қаноатмандӣ карданд. Тавре кормандони китобхона гуфтанд, шуъбаи соядастҳо дорои 25735 нусха китоби шоирону нависандагон, арбобони сиёсии ҷаҳон мебошад, ки муаллифон бо соядаст ба китобхона тақдим намудаанд. Ин иқдоми нек аз соли 1984 оғоз ёфта, то имрӯз давом дорад. Чунонки кормандони ин махзан ба меҳмонон иттилоъ доданд, дар шуъба китобҳои шоирону нависандагон, ходимони сиёсии 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои дигари ҷаҳон низ ҳифз шудаанд. Аз ҷумла, дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин соядасти худашон ҳаст:

«Эҳдо ба китобхонаи «Дўстии халқҳо». Ба ихлосмандони китоб ва аҳли маърифат тавфиқ мехоҳам!»

 Китобҳо бо 66 забони дунё, аз 46 давлат гирдоварӣ шудаанд ва ба рӯйхати мероси махсус дохил гардидаанд. Меҳмонон дар дафтари шуъбаи соядастҳои китобхона таманниёту таассуроти худро сабт карданд.

Раҷабмоҳ Пирова, роҳбари китобхонаи мазкур, гуфт, ки дар ҳудуди шаҳри Норак ва деҳоти он 16 китобхона амал мекунад. Дар якҷоягӣ 183928 нусха китоб вуҷуд дорад. Аз ин шумор ду китобхона бачагона аст. Китобхонаи марказии «Дӯстии халқҳо» 4 феврали соли 1984 таъсис ёфта, 64728 нусха китоб дорад.

Баъдан адибони дӯсту бародар аз НБО-и Норак дидан карда, аз наздик бо таърихи бунёд ва иқтидори истеҳсолии он ошно гаштанд.

Бегоҳии ҳамин рӯз адибони мо ҳамқаламони ӯзбекистонии худро бо  иззату эҳтиром ба ватанашон гусел карданд.

 

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо