НИЁЗ БА ЖАНРҲОИ МУҲИМ

25-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагон оид ба бурду бохти нақди адабӣ дар панҷ соли охир мизи мудаввар доир гардид. Зимни гуфтугӯ ва андешарониву ибрози назари иштирокдорон дастовардҳои назаррас ва масъалаҳои дигари ҳалталаби ҳаёти адабӣ баён гардиданд.

Раиси ИНТ Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии хеш роҷеъ ба мавзӯи мизи мудаввар изҳори назар кард.

 Мунаққид ва адабиётшинос Мисбоҳиддини Нарзиқул дар хусуси нақшу ибтикороти устодони кафедраҳои забону адабиёти ДМТ дар пажўҳиши осори адабии панҷ соли охир, шоир ва адабиётшинос Нуралӣ Нурзод дар атрофи дастовардҳои пажўҳишии шуъбаи суғдии ИНТ ва ДДХ ба номи Б. Ғафуров маърўза намуданд. Перомуни маърўзаҳои ироашуда музокираи судманд ҷараён гирифт, ки дар он Аскар Ҳаким — Шоири халқии Тоҷикистон, Муртазо Зайниддинзода — адабиётшинос, мудири кафедраи адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, Аламхон Кўчарзода — узви вобастаи АИ ҶТ, Шамсиддин Солеҳ — доктори илмҳои филология, профессор, Асрори Сомонӣ — шоир ва адабиётшинос, Абдураҳмони Абдуманнон — узви Раёсати ИНТ, Алӣ Бобоҷон — шоири бачаҳо ширкат карданд. Зимни музокира аз ҷумла зикр гардид, ки бисёр жанрҳои таҳқиқи адабӣ, бахусус, тақризу китобиёт хеле кам ба назар мерасанд. Ба нашрияҳои адабии ИНТ — «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ» ва «Памир» супориш дода шуд, ки бо ёрии муаллифони асил ба ташкил ва чопи тақризҳои арзишманду китобиёти пурмуҳтаво мусоидат кунанд. 

Дигар хабарҳо