Нақши барҷастаи соли хуҷаста
Гузориш аз фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2021
Иттифоқи нависандагон дар соли ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонд. Пеш аз ҳама, адибони мо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурии азизамон, тарбияи хонандагон дар рўҳияи меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, ваҳдату дўстӣ, пешгирӣ намудани ифротгароӣ, зиёдаравии динию мазҳабӣ, ғояҳои бегонапарастӣ, пайравии кўркўрона ба фарҳанги бегона ва ғайра бо мардум, хусусан наврасону ҷавонон, мулоқоту вохўрӣ ва маҳфилҳо барпо намуда, дар васоити ахбори умум навиштаҳои зиёд чоп намуданд.
Дар оғози сол, баъди ироа гаштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, адибон дар нашрияҳои Иттифоқи нависандаго- ни Тоҷикистон – ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва «Помир» фикру андешаҳои хешро вобаста ба нуктаҳои муҳимми он баён карданд. Мақолаҳои Ҳафиз Раҳмон «Аслҳои ҳувияти фарҳангӣ», Раънои Мубориз «Дастури матонату шуҷоат», Равшан Махсумзод «Беш аз пеш муттаҳид бошем», Гулноз «Инъикоси таҷрибаҳои бузург», Ёқуб Абдуманнонзода «Масъулият барои ободии Ватан» ва ғайра аз он ҷумла аст.
Ҳамчунин, адибон дар мулоқоту маҳфилҳо, ки бо хонандагон, донишҷўён, кормандони вазорат ва идораю муассисаҳои гуногун доштанд, ҳангоми иштирок дар барномаҳои телевизиону радио ҷиҳати тарғиби Паём суҳбати зиёд анҷом доданд.
Аз оғози сол адибони мо дар ҳайати гурўҳҳои корӣ ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷаласаи Ҳукумати ҶТ аз 22.11. 2020 таъкид шуда буд, ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар доштанд. Моҳи феврал ба муносибати Рўзи артиши миллӣ, дар моҳҳои минбаъда мувофиқи нақшаи муштараки ИНТ бо Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Вазорати мудофиа бо иштироки адибон дар қисмҳои ҳарбӣ суҳбату вохўриҳо перомуни ватандўстиву худшиносии миллӣ сурат гирифтанд. Дар ин вохўриҳо шоиру нависандагон Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Ҳамдам, Равшан Махсумзод, Аҳмадҷон Раҳматзод, Аскар Ҳаким, Маъруф Бобоҷон, Алимуҳаммад Муродӣ, Бахтиёр Муртазо, Шаҳрия Адҳамзод, Акбар Абдулло, Ҳақназар Ғоиб, Давлат Сафар, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Муҳтарам Ҳотам, Абдуллоҳи Раҳнамо, Хушомади Алидод, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри Баҳодур ва дигарон ширкат варзиданд.
Моҳи сентябр озмуни шеър, ҳикоя, драма ва мақолаҳои публитсистӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон эълон карда буд, ҷамъбаст гардид.
Ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон моҳҳои марту апрел дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе давраи ав- вали Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон гузаронида шуд, ки дар кори он шоиру нависандагон ва адабиётшиносони маъруф Ҳақназар Ғоиб, Фарзона, Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳобзода, Юнус Юсуфӣ, Равшан Мах-сумзод, Парда Ҳабиб, Сироҷиддин Икромӣ, Толиб Луқмон ва дигарон иштирок карданд ва навиштаҳои қаламкашони ҷавонро муҳокима намуда, маслиҳатҳои судманд доданд. Давраи ниҳоии Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон китобҳои дастҷамъии иштироккунандагон Сулаймони Аҳтам, Оминаи Ҳамроҳ, Фарзона Восиева, Меҳровари Масчоҳӣ, Бахтиёри Раҳмон, Фарзонаи Зарафшонӣ, Назархудо Назархудоев, Зиёвиддин Бўриев, Фаридаи Давлат, Одинамуҳаммади Сўфӣ, Манзури Мавлодод, Руъё Усмонӣ, Шукрона Тоҳирӣ, носирон Малоҳат Амакова, Хуштарбек Маҳмараҳимов ва Хусрав Шосаидов, адабиётшиносон Сорбон Азизов, Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев, Ўғулой Қоситова, Хуршеди Эҳсон, Фарзона Алиева, публитсистон Беҳрўз Холмуродов, Сайёраи Қиёмиддин, маҷмўаҳои алоҳидаи шоирон Нурӣ Муҳаммади Истам, Абдуманнони Хаммор, Шаҳриёр, Хуршеди Эҳсон ва Шаҳнози Шаҳнавоз, драматург Далер Мирхонов ва тарҷумон Сурайё Аҳмадзодро чун натиҷаи машварати мазкур ба чоп тавсия намуд.
Маҷлиси Раёсати ИН дар моҳи март асарҳои сазоворро барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода ба муҳокимаи умум гузошт. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ силсилаи очерку публитсистикаи адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода, романи таърихӣ-тахайюлии нависандаи рус “Бозгашт ба Панҷрўд”-и Андрей Волос дар тарҷумаи Қодири Рустам, романи “Сад соли танҳоӣ ” — и Габриэл Гарсиа Маркес (нависандаи колумбӣ) дар тарҷумаи Абдуҷаббори Абдуғаффор, маҷмўаи шеърҳои “Корвон… Роҳ… Марғзор… Оҳу…”-и Абдуҷаббори Суруш, маҷмўаи шеърҳои “Ҳамешабаҳор”-и Хайрандеш, силсилаи шеърҳои шоир Толиби Луқмон, силсилаи мақолаҳои нақду адабиётшиносии Муҳриддин Сабурӣ барандагони ҷоизаҳои номбурда дониста шуданд.
Бахшида ба пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Душанбе ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон силсилаи шабҳои эҷодии адибон ва маҳфилҳои «Ширу шакар» бо иштироки шоирони шинохта ва сарояндагони мумтоз доир гашт. Аз ҷумла, маҳфилҳои шоир Шаҳрия ва сарояндагон Файзалӣ Ҳасанов, Убайдуллои Каромат, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бо ҳофизон Хосияти Зарафшонӣ, Чиллахон Холов, Бахтиёр Иброҳимов, шоир Давлат Сафар ва сарояндагон Давлатманд Холов, Хосияти Зарафшонӣ, Чиллахон Холов, Низом Қосим бо иштироки Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов ва Ибодулло Машрабов хотирмон сурат гирифтанд.
Ҳамчунин, адибони шинохтаамон Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Муҳтарам Ҳотам, Равшан Махсумзод, Сафар Амирхон, Абдуллоҳи Раҳнамо, Шаҳрия, Меҳринисо, Бахтиёр Муртазо, Ато Ҳамдам, Акбар Абдулло, Сироҷиддин Икромӣ, Толиб Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Азизи Азиз ва дигарон дар маҳфилҳои зиёди наврўзӣ ширкат ва суҳбатҳо намуданд. Аз ҷумла дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, филиали Донишкадаи дав- латии Москва ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Вазорати иқтисоди Тоҷикистон ва дигар идораю муассисаҳои давлатӣ, мактабҳо чунин вохўрию маҳфилҳо гузаронида шуданд.
Моҳи август ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш маҳфили шеър бо иштироки шоирони шинохта Аскар Ҳаким ва Абдуллоҳи Раҳнамо баргузор шуд. Шоирон дар ҳузури ҷавонон аз боби арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, суннати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ суханрониву шеърхонӣ карданд.
Адибон Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоҷа, Озар, Озарахш дар омода намудани шеърҳо ва сенарияҳои чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар иштирок намуда, барои дар сатҳи баланд доир шудани он ҳисса гузоштанд.
Бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатӣ адибон Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Абдуллоҳи Раҳнамо, Ато Ҳамдам, Азизи Азиз, Акбар Абдулло, Сироҷиддин Икромӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, қисмҳои ҳарбӣ, Донишкадаи забонҳои ба номи С.Улуғзода суханрониву шеърхониҳо доштанд.
Моҳи январ бо иштироки адибону мунаққидон ва хонандагон маҳфили илмиву адабии «Шеър ва зиндагӣ» баргузор шуд ва дар он ашъори шоирони ҷавон Рустами Аҷамӣ ва Бобаки Суғдӣ аз ҷониби шоирону мунаққидони соҳибтаҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар соли ҳисоботӣ маҳфилҳои рўнамоии китобҳои тозанашри шоир Иззатбек Идизод — «Сангтафс», Абдуллоҳи Раҳнамо — «Дўст дор зистан», Ато Ҳамдам “Ҷон дар кафи даст”, маҷмўи ашъори бонувон бо номи «Акси садои нигоҳ» барпо шуд.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи нависандагон ва факултаи филология 20-уми сентябри соли равон конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо унвони “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ” баргузор шуд. Ҳамчунин шоир ва сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо дар конфронси назариявии “Ваҳдат — дастоварди бузурги миллӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Таҳаввули мафҳуми Ваҳдат ва роҳҳои таҳкими он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърўзаҳои шавқовар эрод намуд, оид ба иртиботи адабӣ бо ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Афғонистон дар мавзўъҳои “Робитаҳои адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Ўзбекистон” ва “Аҳмад Зоҳир – тарғибгари шеъри баланди тоҷику форс” ва “Рисолати касбӣ ва рисолати миллӣ” (дар бораи сабақҳои аҳли зиё аз таҳаввулоти ахири Афғонистон) мақолаҳо таълиф намуда, барои нашр ба агентиҳои иттилоотии Ўзбекистон ва Тоҷикистон манзур намуд.
Дар моҳи октябр маҳфили васеи илмию адабӣ дар мавзўи тарҷумаи бадеӣ ва рушди робитаҳои адабӣ ба муносибати муаррифии китоби “Се шоҳкор” (тарҷумон Салими Зарафшонфар) бо ҷалби мутахассисони соҳа ва донишҷўёни бахши тарҷумонии ДМТ гузаронида шуд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавассути фазои маҷозӣ форуми китобхонаҳои кишварҳои ИДМ баргузор шуд, ки ИН-ро дар он мудири бахши робитаҳои адабӣ Абдуллоҳи Раҳнамо намояндагӣ кард. Ҳамчунин дар доираи ҳамкориҳои адабӣ байни Тоҷикистону Россия дар ҳамдастӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили адабии шоираи рус Вера Мир барпо шуд.
Вобаста ба буҳрони шадиди сиёсии Афғонистон ва дастгирии мавқеи қотеъонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала дар ҳамкорӣ бо нашриёти “Адиб” таҳия, нашр ва муаррифии маҷмўаи шеъри шоирони тоҷик таҳти унвонҳои “Нома ба Панҷшер” ва “Ҳамосаи Панҷшер” сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2020 дар назди бахши назми ИНТ маҳфили шоирони ҷавон амал мекунад ва ба таври мунтазам маҳфилҳо баргузор мешаванд. Дар ин маҳфил шоирони ҷавон Нурӣ Муҳаммади Истам, Фарзона Восиева, Омина Ҳамроева, Фозил Мирзозода, Ҷамшеди Олим, Шукрона Тоҳирӣ ва дигарон пайваста ширкат варзида, маҳораташонро такмил медиҳанд.
Дар муддати соли 2021 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷиҳати бузургдошти адибони шинохтаамон, ки дар тарбияи мардум дар рўҳияи худшиносиву ватандўстӣ, арҷ гузоштан ба шахсиятҳои таърихӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, васфи ваҳдату дўстӣ хидматҳои арзанда кардаанд ва бо асарҳои мондагори хеш адабиёти муосирамонро ба сатҳи баланд бардоштаанд, маҳфилҳо барпо намуд.
Бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар якчанд муассисаи таълимии пойтахт ва осорхонаи шоир, зодгоҳаш деҳаи Қаратоғ, ноҳияҳои Шаҳринаву Рўдакӣ ва Рашт, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор бо иштироки адибон суҳбату вохўриҳо доир гардиданд. Дар муассисаҳои таълимӣ шоирон Гулрух- сор, Ато Мирхоҷа, Муҳтарам Ҳотам, Сафар Амирхон, Абдуллоҳи Раҳнамо, Муҳриддин Сабурӣ , дар осорхона адибони шинохта Низом Қосим, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким ва Мирзо Шукурзода дар бораи эҷодиёт ва шахсияти шоири қаҳрамон суҳбат карданд. Моҳи май ба ифтихори 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар Хонаи адибон маҳфили бошукўҳи адабӣ баргузор шуд. Дар он адибон Низом Қосим, Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмон Абдуманнон, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло дар бораи шахсияти нотакрор ва эҷодиёти оламшумули устод суҳбат карданд ва сарояндагони маъруф аз ашъори ў сурудҳо хонданд. Чунин маҳфил бо ҳамкории Иттифоқи нависандагон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода низ барпо гардид.
Дар моҳи май ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ низ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бошукўҳ баргузор шуд. Адибони маъруф Низом Қосим, Абдунабӣ Сатторзода, Ҳақназар Ғоиб, Абдураҳмони Абдуманнон, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб дар бораи ҷойгоҳи шоир дар адабиёти муосир ва нақши ў дар ташаккули назми муосир сухан ронданд, ҳунарпе- шагони шинохта бо иҷрои сурудҳои дилошўб маҳфилороӣ карданд. Чунин маҳфил дар зодгоҳи устод – деҳаи Мазори Шариф ва шаҳри Панҷакент низ бо иштироки адибон Низом Қосим, Фарзона, Ҳақназар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Юнус Юсуфӣ, Хайрандеш, Акбар Абдулло, Давлат Сафар ва дигарон дар сатҳи баланд баргузор шуд. Ҳусни анҷоми ҷашни шоири бузург маҳфили бошукўҳ дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гардид, ки далели таваҷҷуҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва робитаи пайвастаи ИН бо он аст.
Ба муносибати 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода, 105-солагии шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ, 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, 70-солагии нависанда Муҳаммадзамони Солеҳ, 110-солагии шоир Абдусалом Деҳотӣ, 90-солагии шоир ва драматург Файзулло Ансорӣ, 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, 80-солагии адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода, 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, 70-солагии нависанда ва публитсист Карим Давлат, 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо, 100-солагии адиб ва тарҷумони шинохта Марианна Фофанова бо иштироки адибон, донишҷўёни макотиби олии кишвар ва ҳаводорони каломи бадеъ маҳфилҳои адабӣ гузаронида шуд.
Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар моҳи июн мавзўи “Бозтоби замони Истиқлол дар адабиёти муосири тоҷик”-ро баррасӣ кард. Адабиётшиноси шинохта Абдунабӣ Сатторзода дар маърўзаи доманадори худ мавзўи баҳсро баррасӣ намуда, дастовард ва камбудиҳои осори адибонро дар ин замина мавриди таҳлил қарор дод.
Ба хотири мадад ба иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” раёсати ИН дар маҷлиси моҳи июнии худ рўйхати васеи осори адибони муосирро таҳия намуда, дар расонаҳо ба табъ расонд. Бояд тазаккур дод, ки адибон дар баргузор намудани тамоми марҳалаҳои озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, барои такмили он андешаҳои худро ба кумитаи тадорукот ироа доштанд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми рўз чун дар солҳои пешин инъикоси бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун буд. Шуъбаи публитсистика чанд асари бадеӣ-публитсистии нависанда Мираҳмад Амиршоҳиро дар мавзўи мазкур баррасӣ намуда, барои чоп тавсия дод.
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷу мҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мақолаи хеш «Пешвои барҳақ» зикр карда, саҳми ин абармарди таърихро дар бунёди давлати навини тоҷикон ва таҳкими музаффариятҳои истиқлолият бозгў намуд. Очерку лавҳа, мақолаву нигоришҳои адибон Б. Муртазо, Ш. Мўсо, Х. Муҳаббатов, М. Суруш, М. Салим, Р. Мардон, А. Мирхоҷа, Ҳ. Ғоиб, Г. Сафар, Р. Махсумзод, М. Шукурзода, Д. Эгамзод ҷиҳатҳои гуногуни ин мавзўъро таҳқиқ карданд.
Раёсати ИН як маҷлиси худро ба масъалаи пешгирии терроризму ифротгароии динӣ ихтисос дод. Раиси ИН Низом Қосим ва мудири бахши робитаҳои адабӣ А. Раҳнамо дар ин хусус нуктаҳои омўзанда баён доштанд, Ҷумъа Қуддус дар ин мавзўъ чанд мақола, инчунин,
драма ва романи публитсистӣ навишт; нависанда Садриддин Ҳасанзод эссеи “ Озорҳо ва ормонҳо”- ро таълиф кард, ки дар нашрияҳои ИН ба табъ расиданд. Бахусус дар масъалаи инъикоси ин мавзўъ нақши ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” сазовори таъкид мебошад.
Масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва таассуб дар шеърҳои Низом Қосим “Ман сохтам, ту сўхтӣ”, “Ман кистам, агар шарафи хеш нестам”, “Бонги данг меояд”, “Ба миёнҷиҳо”, манзумаҳои Ато Мирхоҷа: “Достони Нуристон”, “Ҷони ширин”, “Манзумаи Истиқлол”, шеър, ҳикоя ва мақолаҳои Равшани Махсумзод, Камол Насрулло, Озар Салим, Аҳмадҷон Раҳматзод, Давлат Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Хушомади Алидод, Бузургмеҳри Баҳодур, Рустам Ваҳҳобзода, Шаҳрия Адҳамзод, Абдуҷаббори Суруш, Салими Зарафшонфар ва дигарон бо нишон додани тантанаи адолат бар ҷаҳолат, илму дониш бар ҳамоқат, адлу инсоф бар зулму ситам ба таври густарда мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор гирифт. Ба мақсади мусаллаҳ намудани адибон бо ҷаҳонбинии имрўзӣ ва пажўҳишҳои сотсиологӣ ба ибтикори мудири бахши робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ Абдуллоҳи Раҳнамо рисолаи таҳлилию рўшаннамоии “Хатари гурўҳҳои ифротгароӣ чист?” таълиф ва нашр гардид, ки истиқболи гарм ёфт. Ин андешаҳо дар тафсири нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони мамлакат ва мулоқотҳояшон бо зиёиёни эҷодкору ходимони дин ва намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ ба қалам оварда шудаанд.
Солҳои охир як шохаи пурқуввату серҳосили драматургия ва театри миллии моро асарҳои таърихӣ ва тарҷума-иҳолӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамонони мо ба воқеоту ҳодисоти дуру наздик назар афканда, дар мисоли онҳо ба тағйироти куллии ҳаёти мо баҳо медиҳанд.
Адибони шинохта Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин аввалин шуда, кўшиш ба харҷ доданд, ки раванди ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии Президенти мамлакатро дар оғози фаъолияти сиёсиаш, яъне дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвир бигиранд. Ин асар охири моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби коллективи Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский бо номи “Тулўи умед” бомуваффақият рўи саҳна омад.
Имсол аз 2 то 9 апрел дар ки- шварамон Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи адабиёти кўдакону наврасон гузаронида шуд, ки дар кори он аъзои Иттифоқи нависандагон фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, адибон Ҷўра Ҳошимӣ, Азизи Азиз, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Латофат Кенҷаева, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Шаҳрия, Роби- яи Холмирзо, Маҷид Салим, Гулчеҳра Муҳаммадиева ва дигарон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Шаҳри нав , Рўдакӣ , Кўлоб, Деваштич бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ вохўриҳо гузаронида, китобу китобхониро тарғиб намуданд ва ба саволҳои зиёди онон посух доданд.
Адибони бачагон дар ҳамкорӣ бо Ва- зорати маориф ва илм 10 асари машҳури адибони ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, ба чоп омода карданд, ки «Шоҳдухтарак»-и Фрэнсис Элиза Ходгстон Бернетт, «Ҳикояҳои хурд»-и Лев Толстой, «Шоҳдухтари сармо»-и Ҳанс Андерсен, “Духтур Айболит”-и Корней Чуковский, «Домино»-и С. Т. Эрнест, «Чебурашка ва ҷўраҳояш»-и Эдуард Успенский, «Дурўғи калон»-и Нино Безарашвили аз он ҷумлаанд.
Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ бояд таҷдиди назар шаванд. Бахши адабиёти кўдакони ИН ба таҳияи китоби «Хрестоматия барои синфи 2» вазифадор шуд ва ин асар тадриҷан барои таҳияи «Китоби хониш» замина мегардад. Адибон Ҷўра Ҳошимӣ, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Азизи Азиз, Абдусаттори Раҳмон ба ин кор ҷалб шудаанд.
Ҳамчунин, Ҷўра Ҳошимӣ китобҳои дарсии синфҳои ибтидоиро дар ҳамкорӣ бо бахш ҷиддӣ таҳрир намуда, ба нашриёти «Маориф» супорид. Асарҳои як қатор адибони бачаҳо хонда ва таҳрир шуданд, ба онҳо барои такмили навиштаҳояшон маслиҳатҳо дода шуд. Ҳикояҳои Абдулҳамиди Самад «Ман ошнои ту, ту ошнои ман», Баҳром Фирўз «Бузғола ва писарак», Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Гунҷишки сафед» ва як силси- ла ашъори Гулчеҳра Сулаймонӣ, Ҷўра Ҳошимӣ рўйи чопро диданд.
Ба хотири тарғиби асарҳои бачагонаи адибони муосир дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як силсила асарҳои соли гузашта ба нашр расида ба китобхонаи электронии умумиҷаҳонӣ ворид гардиданд.
Бахшида ба Рўзи байналмилалии бачаҳо, ки ҳар сол 20 ноябр ҷашн гирифта мешавад, масъулини Китобхонаи миллии мамлакат бо Китобхонаи давлатии Маскав ба тариқи мустақим суҳбату мулоқот орост ва дар ин чорабинӣ Азизи Азиз, Шералӣ Мўсо, Хайрандеш ва омўзгорону хонандагони фаъоли адабиёти бачагон иштирок намуданд.
Вохўрии адибон бо хонандагон ва навқаламони ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Рашт, Ваҳдат, Нуробод, Тоҷикобод, Шаҳритўс, Қубодиён, Турсунзода, Ҳи-сор, Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб, Бохтар, Панҷакент, Гулистон қисмати муҳимми чорабиниҳои бахши адабиёти кўдаконро дар бар мегирад, ки аз моҳи январ оғоз шуда, то моҳи ноябр идома дошт. Чунин вохўриҳо дар чанд кўдакистону мактабҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла, дар Маркази бачаҳои боистеъдоди пойтахт баргузор шуданд.
Адибони бачаҳо дар ҳамкорӣ бо Телевизиони «Баҳористон» барои тарғиби китоб 39 барнома омода намуданд, 20 асари бадеиро дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони Театри давлатии лўхтак пешкаши тамошобинон гардонданд, бо навқаламон моҳе ду маротиба вохўрӣ баргузор карданд, ки дар маҷмўъ 46 барномаро ташкил дод.
Дар ҷумҳурии ҳамсояи Ўзбекистон барои мактабҳои тоҷикӣ китобҳо таҳия мешаванд. Мувофиқи хоҳиши он ҷониб 70 китоби электронӣ ва ба миқдори зиёд асарҳои бачагона омода ва ба ин кишвар фиристода шуд.
Дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маркази тарҷума фаъолият дорад, ки бо тасмими Сарвари давлатамон барои тарҷума ва тарғиби адабиёти муосири тоҷик ба дигар забонҳо таъсис дода шудааст. Маркази мазкур дар давоми сол чандин асарҳои адибони муосири моро ба забонҳои дигар тарҷума кард. Ба қарибӣ ҳико- яҳои адибони тоҷик ба забони ўзбекӣ тарҷума ва дар маҷмўаи “Қатрада қуёш акси” чоп шуданд. Ҳикояҳои ба забони русӣ баргардонидашуда дар алманахи “Литературный Таджикистан”, ки марказ ба забони русӣ чоп мекунад, ба табъ расиданд.
Бахши робитаҳои адабии ИН дар соли равон низ барои вусъат додани равобити адабии кишварамон бо кишварҳои дигар якчанд чорабинӣ орост. Аз ҷумла, 11-уми феврал мудири бахши мазкур Абдуллоҳи Раҳнамо ва драматург Ато Ҳамдам бо суҳбати маҷозӣ дар Форуми байналмилалии “Нависанда ва замон” ширкат карданд. 3-юми июни соли 2021 Абдуллоҳи Раҳнамо дар конфронси илмию назариявии байналхалқӣ “Робитаҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон: нуктаҳои нави рушд” дар мавзўи “Робитаҳои адабӣ – ҳамчун бахши устувори робитаҳои халқҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон” суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар Рўзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва “Шоми дўстӣ”-и Тоҷикистону Ўзбекистон адибон ширкати фаъол доштанд.
Дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маҳфили илмиву адабӣ баргузор гардид. Китоби Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Ҷасорати ду Пешво” бо забони ўзбекӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Чорабинӣ бо иштироки доираи васеи адибон, олимон, рўзноманигорон, аз ҷумла адибони ўзбекзабон доир гардид.
Чанде пеш дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷашни 80-солагии Шоири халқӣ, Қаҳрамони Ўзбекистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орифов бошукўҳ таҷлил гардид, ки дар он раиси ИНТ иштирок намуда, дар ҳошияи он бо намояндагони адабиёти кишварҳои гуногун ҷиҳати барқарор намудану таҳким бахшидани робитаҳои адабӣ суҳбатҳо кард.
Дар маҷмўъ фаъолияти ИНТ дар соли сипаришуда баҳри он буд, ки дар тарғиби сиёсати маънавии Сарвари давлат ва Ҳукумат, ки дар Паёми имсо- ла ҳам бо тобишҳои нав зоҳир шуд, саҳм бигирад, тавассути эҷоди асарҳои нав, маҳфилу суҳбатҳо робитаи адабиётро бо ҳаёти пурҷўшу хурўши кишвар таҳким бибахшад ва дар камолоти маънавии ҷомеа саҳме бигузорад.