МАҲФИЛЕ ПУРШАВҚУ ПУРШӮР
29-уми октябри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳангоми ифтитоҳи маҳфил изҳор дошт, ки хидматҳои Аскар Ҳаким дар шеър ва нақди адабӣ шоёни таваҷҷуҳи хос буда, адиб дар ин ду шохаи адабиёти муосирамон осори арзишманд эҷод кардааст. Номбурда афзуд, ки Аскар Ҳаким ҳамчунин ходими намоёни ҷамъиятӣ буда, бо мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва фаъолияти пурбор дар вазифаҳои пурмасъулият маҳбубияту маъруфияти беш касб кардааст.
Гардонандаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи сифатҳои неки инсонӣ, аз ҷумла пуштибонӣ аз қаламкашони ҷавон ва вежагиҳои эҷодиёти гуногунпаҳлуяш ибрози назар намуда, бо хондани наму- наҳо аз ашъори шоир симои ўро равшантар нишон дод.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимзода мувашшаҳи эҷодкардаи худро дар бораи Аскар Ҳаким қироат намуда, дар бораи хидматҳои шоир дар рушди назм ва нақди адабии муосир сухан гуфт.
— Устод Аскар Ҳаким шоирест, ки ному ашъораш дар Афғонистону Эрон низ ошност ва намунаҳои осораш дар ин ду кишвар борҳо ба хатти форсӣ нашр шуда ва аз сўи ҳамзабононаш истиқбол ёфтааст, — гуфт зимни суханронияш шоир ва сиёсатмадори машҳури афғонистонӣ Латифи Пидром. Номбурда ҳамчунин баён дошт, ки Аскар Ҳаким ҳам дар гуфтани шеъри суннатӣ ва ҳам дар шеъри нави нимоӣ дасти қавӣ дорад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дўстиву ҳам- кории худро бо шоир зикр намуда, садоқату самимият ва масъулияти ўро бо мисолҳо мушаххас ёдовар шуд.
Қироати шеърҳо аз сўи шоир ва иҷрои сурудҳои дилрас аз ҷониби сарояндагони маҳбуб Ширинмоҳ Ниҳолова, Хуршед Иброҳимзода, Гулбаҳор Шокирова ва овозхони афғонистонӣ Ҷовиди Хушнуд ба маҳфил шавқу шўри хоса бахшид ва табъи ҳамагонро болида намуд.
«АС»