ЧИГРИН ЛЕОНИД АЛЕКСАНДРОВИЧ

 ЧИГРИН ЛЕОНИД АЛЕКСАНДРОВИЧ

ЛЕОНИД ЧИГРИН 20 майи соли 1942 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ) соли 1965 ба ҳайси муҳаррири Радиои Тоҷикистон, мухбири ТАСС дар Тоҷикистон, сармуҳаррири қисми хроники киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолият намудааст. Устоди калони шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон будааст.

Дар тӯли сӣ сол ба тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони русӣ машғул будааст. Асарҳои тарҷумакардааш дар Тоҷикистон ва дар нашриёти «Советский писатель»-и Маскав ба табъ расидаанд.

Ҳамчун барномасоз ва муаллифи матнҳои наттоқӣ дар зиёда аз сад филми ҳуҷчатӣ ва илмию амалӣ иштирок кардааст. Аз рӯи асарҳояш ду филми бадеӣ ба навор гирифта шудааст. Якумӣ киномазҳака дар бораи Хоҷа Насриддин – «Гляди веселей!» (Хушҳолона нигар!»), дуюмӣ филми дастҷамъӣ оид ба Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, мазҳакаи хурде ҳам бо номи «Ищите женщину!» (Занро ҷустуҷӯ намоед!») эҷод кардааст, ки ҳар се дар Киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудаанд.

Муаллифи маҷмуъаи қиссаҳои («Қасос»), мунтахаби шеърҳои «Булбулон бе талаб мехонанд» ва «Рапсодияи арманӣ» (2014) мебошад.

Дар ҳаммуалифӣ бо Ато Хамдам бист романи таърихӣ таълиф кардааст, ки «Спитамен» (доир ба ҳаракати Искандари Мақдунӣ ба Осиё) «Ҳаёти Чян Сян ё Роҳи бузурги абрешим», «Венетсиягии дӯстдори Помир оид ба саргузашти Марко Поло дар Помир), «Озар аз Истаравшан ё шамшери Спартак» (дар бораи устои аслиҳасози суғдӣ нақл мекунад, ки дар Рими Қадим ғулом буда, мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудааст) аз қабили онҳо мебошанд. Ҳамчунин дар ҳаммуалифӣ даҳҳо қиссаи таърихию муосир ва асарҳои драматургӣ эҷод кардааст.

Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Барандаи ҷоизаи адабии ба  номи Садриддин Айнӣ (2019).

3 октябри соли 2020 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо