Ҷойи ӯ дар дида буд…

Ҷойи ӯ дар дида буд…

(ДАР ЁДБУДИ ХУНЁГАРИ МУМТОЗ ҶӮРАБЕК НАЗРӢ)

Аз он рӯз, ки қалби мани ғамзадаи ғариб аз шунидани марги нобаҳангоми марди шариф, ҳамсуҳбати беҳтарин, дӯсту бародари бисёр азиз, Ҷӯрабек Назрӣ, сӯхту дида ашк рехт, як сол гузашт. Дар ин муддат дарёфтам, ки ӯ ҷисман аз мо рафту ба ҷавори Ҳақ пайваст, аммо номаш, ёдаш, симояш дар зеҳни пайвандону дӯстону ҳамкорону ҳаводорону мухлисонаш барои ҳамеша боқист…

Борҳо бо ин фарзонамард ҳамнишину ҳамсуҳбату ҳамсафар будам, вале аз ин миён панҷ лаҳза ҳеҷ аз ёдам зудуда намегардад. Аввалин лаҳза, дидор- бинии мо ибтидои солҳои ҳафтодуми садсолаи гузашта иттифоқ афтод. Он вақт кӯдак будам. Дар деҳаамон тӯй буд. Он маърака, он пазироӣ, он ҳунарнамоӣ барои ҳамеша дар ёдам нақш баст…

Лаҳзаи дуюм бо гузашти даҳ сол ба вуқӯъ пайваст: соли 1982 барои идомаи таҳсил ба Душанбе омадам. Барои имтиҳонҳои дохилшавӣ омодагӣ мегирифтам. Ҳар рӯз ба Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ мерафтам. Супориш доштам ва бояд коре карда, овозхони маҳбубро медидам. Духтари ҳамсояаамон Хуросон, ки хоҳари разоиам ва аз ман як сол калон буд, магнитофони тамғаи “Электроника” дошт. Ӯ ҳам шефтаи ҳунари ин хунёгар буд. Ман барояш бо сабти ҳофизи дӯстдоштаамон фита меовардам ва ӯ дар иваз меҳрубонӣ карда, ба вақти анҷоми корҳои хона (побелкунӣ, обчакорӣ, алафдарвӣ…) магнитофонашро рӯшан карда, бар тоқи тирезаи хонаашон мегузошту рӯяшро ба тарфи ҳавлии мо мегардонду садояшро баланд мекард. Бад-ин васила шуни- дани садои овозхони писандидаамон барои ман муяссар мешуд ва дарёфти лаззат аз сурудхонии ӯ барои дарки хастагӣ роҳ намедод. Чун фурстаи идомаи таҳсил фаро расиду бояд ба Душанбе меомадам, Хуросон аз ман хоҳиш кард, ки ҳар гоҳе ба деҳа баргаштам, як акси ҳунарманди дӯстдоштаамонро барояш биёрам, агар наёрам, барои ҳамеша қаҳрӣ мешавад. Пазируфтам. Айёми дохилшавӣ ба Университети давлатии ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ҳар сари вақт хоҳиши Хуросон дар зеҳнам зинда мешуд. Охир, ман ба ӯ ваъда дода будам ва бояд вафо мекардам. Мушкил дар он буд, ки на ҷойи кори ҳунармандро медонистаму на макони зисташро. Ҳайрон мондам. Рӯзҳо мегузаштанд. Имтиҳонсупорӣ ҳам хотима меёфт. Расидан ба дидори овозхон ҳанӯз муяссар набуд. Ва ноумед ҳам набудам. Баръакс, мутмаин будам, ки рӯзе ҳатман рӯбарӯ хоҳем омад. Чунин ҳам шуд. Худо лутф карду як рӯз, ки ба китобхона мерафтам, ғайриинтизор дидам, ки аз дари он акаи Ҷӯрабек бе- рун шуда, рӯбарӯям меояд. Фурсатро муносиб донистам. Ба худ гуфтам, ки ё ҳозир ва ё ҳеҷ вақт! Чун наздиктар омад, салом додам. Бо рӯгармӣ ва табассум дар лаб ҷавоби саломам дод. Ҷуръат карда гуфтам:

— Ака, мебахшед, ба шумо гап дорам.

— Бгӯ, додарҷон,– гуфт бо меҳрубонӣ ва ба рӯям зеҳн монд.

Дар ҳоле, ки аз шарм сурхӣ ба рӯям давида буд, гуфтам:

— Як духтари ҳамсояамон мухлиси сахти шумо. Бисёр хоҳиш кард, ки як акси шуморо ёфта, барояш барам. Ширин хандид. Баъд гуфт:

— Додарҷон, ман аксама ҳамроҳам намегардонам. Хонаи мо дар фалон гӯшаи шаҳр. Ягон рӯз биё. Акс мешавад…

Бори сеюм ба рӯзҳое рост меояд, ки барои баргузории барномаи ҳунарии овозхон соли 2016 дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, омодагӣ дида мешуд. Рӯздармиён вомехӯрдем. Аз суҳбаташ дарёфтам, ки рӯйи саҳна омадану дар рӯёрӯйи ҳаводоронаш қарор гирифтану ҳунарнамоӣ карданро сахт муштоқ аст. Ин воқеият дошт. Зеро аз охирин барномаи ҳунарӣ то ин ҳунарнамоӣ 30 сол фосила буд. Боре дар рафти суҳбат гуфт, ки беҳтарин ғазалҳоро гулчин намудаю оҳанг бастааст, маҳз он ғазалҳоеро, ки табъи дил ва бозгукунан- даи ҳолу ҳавову табиати худаш ҳастанд. Имрӯз, ки онҳоро мешунавам, дармеёбам, ки дар ҳақиқат будани ин нукта заррае шак нест. Ҳамчунин дармеёбам, ки садо додани он ғазалҳо аз сӯйи ин марди ҳунари асил барои пайвандону азизон, дӯстону ҳамкорон ва мухлисону ҳаводоронаш паёму пайғомро мемонад. Лаҳзаи чаҳорум марбут ба сафари якҷояамон ба шаҳри Бухорост. Ин са- фар бо меҳрубонии роҳбарияти ширка- ти ҳавопаймоии “Сомонэйр”, ки баъди танаффуси тӯлонӣ нахустпарвози худро ба ин шаҳр анҷом медод, сурат гирифт. Чун дохили ҳавопаймо шудавю шафати якдигар нишастем, яке аз намояндагони масъули ширкат омаду ба устод гуфт: “Устод, Шумо дар ин сафар меҳмони олиқадри мо ҳастед”. Устод луфт карду гуфт: “Бо акаи Сироҷиддин (моро ҳамеша чунин ном мегирифт), зеро дар миё- ни мусофирон ба ҷуз ҳардуи мо дигар ягон хушқаде нест”. Намоянда хандиду гуфт: “Бале, устод, ҳардуятонро дар назар дорам”. Моро дар Бухоро хеле гарм, бо кушодарӯйӣ ва бо нону намак пешвоз гирифтанд. Ману устод дар ҳама ҷо бологузар будем. Моро худи мири шаҳри Бухоро лутф карда, тӯли ин сафар роҳнамоӣ намуд ва бо худрави хидматиаш ба сайру саёҳат бурд. Дар ҳама ҷо ҳамсафари ман гули сари сабад буд. Аз суҳбаташ ширу шакар мерехт…

Дар меҳмонхонаи “Шоми Бадахшон” маърака буд. Бо устод сари як миз, рӯбарӯйи ҳамдигар нишастем. Дар рафти суҳбат гуфт, ки дар бораи мо як рӯзноманигор мақола навиштаву чанд шумора аст, ки чоп мешавад ва ҳоло давом дорад. Касе то кунун бо чунин муҳаббат дар мавриди мо нанавишта. Ман гуфтам, ки ака, як каси дигар ҳам ҳамин шабу рӯз мақола навишта, аммо ҳоло ба дасти шумо нарасида. Аввал онро мехондед, ана, баъд хулосаи ниҳоӣ мебароваред, дуруст мешуд. Гуфт, ки хабар надорам, чӣ тавр ме- тавон дастрас кард? Гуфтам, ки дар дафтари кории ман ҳаст. Гуфт, ки аз ин ҷо бароем, рафта мегирем. Рафтем. Ӯ дар берун интизор истод. Ман давида рафта, рӯзномаро аз дафтари корам овардам. Устод ба мутолиа шурӯъ намуд. Чун ба хатм расиду номи бандаро дид, табассум намуда, гуфт:

— О, ин навиштаи акаи Сироҷиддин аст-ку.

— Дуруст, ака, – тасдиқ кардам ман. Маро ба оғӯш гирифту дар ҳоле ки дар чеҳрааш осори хушҳолӣ, қаноатмандӣ ва ризоият хонда мешуд, гуфт:

— Бо хондани ин мақола аз нав биступанҷсола шудам…

Ин лаҳзаи панҷуми хотирмони мо буд.

Равонаш шоду ёдаш гиромӣ бод!…

Сироҷиддин ИКРОМӢ

Дигар хабарҳо