ЭҲДОИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА СОБИҚАДОРОН
31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ — роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки имрўз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тўли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанги мамлакат, тандурустӣ, истеҳсоли молу хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ” 88 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар радифи намояндагони соҳаҳои мухталиф нависандагони халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Назри Яздонӣ бо медали «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.