Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ ва фаротар аз он ба тамоми мардуми шарифи кишвари азизамон муҳимтарин ҳуҷҷатест, ки дар он бо такя ба санаду далелҳои муътамад соли сипаригардида ва барномаи амали оянда бо фарогирии тамоми самтҳои муҳимми давлатдорӣ дар ҷаҳони пуртазоди […]Идома...
Дар Паёми имсолаи худ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи фарҳангро ҳам мавриди баррасӣ қарор дода, аз пешравиҳои он гуфтанд. Пешвои миллат нахуст ҷамъомадагонро ҷиҳати дар яке аз биноҳои бо фарҳанги меъмории миллӣ бунёдёфта доир гаштани Паёми навбатӣ муборакбод намуда, таъкид доштанд, ки дар се соли охир дар мамлакат […]Идома...
Бардошти мухтасар аз Паёми Пешвои миллат Паёми имсолаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар ва кулли мардуми Тоҷикистон бовариро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва беш аз соли дигар хуб шудани вазъи иқтисодию молиявӣ ва дар натиҷа беҳ гаштани некуаҳволии халқ бештар намуд. Зеро бо вуҷуди камбудиҳои ҷойдошта аз суханронии Сардори давлат […]Идома...
Дар мизи гирде, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва ба нақди адабии имрӯзамон ихтисос дошт, адабшиносону ноқидонамон андешаҳои хубу судмандашонро баён карданд. Ба назар гирифтани ин мулоҳизаҳо ва ҷорӣ кардани онҳо дар амал, бешак, боиси рушди нақди адабӣ ва қувват гирифтани он хоҳад шуд. Бештари ин пажӯҳишгарони муҳтарамамон ба ин назар буданд, ки дар нақд […]Идома...
Имсол ҳам Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо шукӯҳи ба худ хос баргузор шуд ва пирӯзшудагони он ҳавасманд гардиданд. Ҳамасола барои беҳтар ба роҳ мондани кори озмуни мазкур, ки фаротар аз як озмун рафтаву ба як чорабинии муҳимми давлативу миллӣ табдил шудааст, адибон андешаву пешниҳодҳояшонро иброз медоранд. Ҳоло, асосан, дар бораи ду номинаи […]Идома...
Дар миёни тоҷикон мақоли машҳурест: илм дар кӯдакӣ нақш бар санг аст. Аз ин рӯ, китобҳои дарсӣ, хусусан китобҳо барои синфҳои ибтидоӣ, дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши бисёр амиқу муассир доранд. Пойдевори дониши хонандагон китобҳои дарсӣ ба ҳисоб мераванд. Рушду нумӯи маориф ва баланд бардоштани сатҳи савод ба китобҳои дарсӣ вобаста аст. Президенти кишвар муҳтарам […]Идома...
Имрӯз шоирони ҷавони тоҷик китобҳои ашъори худро ба чоп мерасонанд ва намунаҳое аз эҷодашон пайваста дар нашрияҳои адабии Иттифоқи нависандагон интишор меёбад. Аммо нақди адабӣ, чунонки лозим аст, ба навиштаҳои онон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир накарда ва мушаххас нанамудааст, ки ҳунари шоирияшон дар чӣ сатҳе қарор дорад ва нуқтаҳои қуввату заъфашон дар куҷост. Барои андак боз […]Идома...
Бардоштҳое аз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Инак соли шашум мешавад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ин таваҷҷуҳи басо маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва саодати баланди мардуми кишвар аст. Зеро бо хондани китоби зиёду иштирок кардан […]Идома...
Солҳост, ки вазъи ҳаҷву мутоиба, сатҳи саҳнаҳои ба ном ҳаҷвии «ҳаҷвнигорон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сурудҳои ҳаҷвӣ, намоишномаву филмҳои мазҳакавии театру синамои кишвар ва мавҷуд набудани барномаҳои хосаи ҳаҷвӣ дар симо ва садои кишвар мавриди таҳлил ва нақди коршиносони соҳа қарор гирифта, нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Хулосаи ҳама баҳсу интиқоди соҳибназарон ин аст, ки дар Тоҷикистон қаламкашони […]Идома...
Файласуфи бузург Денни Дидро менависад: “Инсоният аз фикри солим бозмемонад, агар аз китобхонӣ даст кашад”. Мо – тоҷикон бо дарки ин маънӣ аз гузашта то ба имрӯз хавфи нахонданро амиқ дарк намуда, китобро чун ҳамнафаси бехалал баргузидаем. Ҳамеша дар бағал китоб доштаем. Китоб миллати моро мудом раҳнамои расидан ба зиндагии шоиста будааст. Махсусан, чанд сол […]Идома...



