Манбаъҳои обию гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла дарёи Вахш хеле барвақт таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаро ба худ ҷалб кардаанд. Захираи манбаъҳои обии Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пас аз Русия мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Барҳақ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намудаанд, ки «… ба бахти мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо, дарёҳои серобу захираҳои энергетикӣ дар сарзамини […]Идома...
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби адибону публитсистони тоҷик бо мақсади ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ва дарки воқеияти иҷтимоӣ як қатор асарҳои хурду бузурги бадеиву ҳуҷҷатӣ таълиф гардиданд, ки онҳо бозгӯи таҳаввулоту дигаргуниҳои сохти иҷтимоии дирӯзу имрӯз ва ояндаи диёру рӯзгори мардуми кишвар мебошанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон, журналисти соҳибистеъдод ва публитсисти воқеънигор Шералӣ Мӯсо аз ҷумлаи […]Идома...
«РАҲИ РОҒУН» Субҳи 29.10.2024. Зиёда аз 30 рӯзноманигор аз гӯшаву канорҳои гуногуни кишвари азизамон, аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», нашрияҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Бонувони Тоҷикистон», «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Субҳи Шаҳритӯс», «Хатлон», «Нури Левакант», «Кӯшониён», «Навиди Балх», «Навиди Кӯлоб», телевизионҳои «Душанбе», «Симои мустақили Тоҷикистон» […]Идома...
Иншооти азими аср, ки метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, манбаи асосии тавлиди “энергияи сабз” бошад, НБО «Роғун» аст. Эмомалӣ РАҲМОН Рӯзҳои охир тафси ҳаво фуромадааст. Дар майдони корнамоии аср – Роғуни овозадор низ ҳаво муътадил аст. Бо вуҷуди ҳавои мусоиду вазидани шамолак Роғун дар бағали кӯҳҳо чун ҳайкали тавонои миллат назаррабоӣ дорад. […]Идома...
Бо руҳи матин, коргарон, хаста набошед, Нурониву хуршедасарон, хаста набошед. Дар арсаи пайкор алорағми сиёҳӣ, Эй таҳамтанон, пурҷигарон, хаста набошед. Аз роҳи дилу дидаи худ хона ба хона Бо гармдилӣ нурбарон, хаста набошед. Аз тобу таби меҳри фурӯзандаи Меҳан Сар то ба қадам шуълаварон, хаста набошед. Бо дасти шумо ғарқи зиё мешаваду меҳр Дунё зи […]Идома...
Садамае ба вуқуъ пайваст, ки тақдири Баҳодурро тағйир дод. – Амалиёти ҷарроҳӣ… фавран… Баҳодур одаму оламро хира-хира, гӯё дар ҳолати нимхобу нимбедорӣ медид, ки ин калимаҳо ба гӯшаш роҳ ёфтанд. Таъсири наркоз гузашта бошад ҳам, пайкари ӯ карахту вазнин буд. Хеле кӯшид, ки чашмонашро кушояд. Дандон ба дандон монда, дардро фурӯ бурду хонаро ҳайрон-ҳайрон аз […]Идома...
Ба коргарони НБО-и Роғун Кӯҳро он ки аз ро нишонад, туӣ, Оташ аз оби дарё ситонад, туӣ, Он ки чархи замон пеш ронад, туӣ, Зиндагиро ҳаме гул кунонад, туӣ. Сӯи фардо равон пеши саф коргар, Толеи халқи олам ба каф, коргар. Бори имрӯзу оянда бар дӯши туст, Бар тую насли ту сад шараф, коргар. Дода […]Идома...
— Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, – изҳор намуд сардори раёсати сохтмони асосии Неругоҳи барқи обии Роғун Давлатбег Қарчизода, — ҳамовозии гарми бинокорони моро ба амал овард. Онҳо барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳо сафарбар шуданд. Боиси ифтихор аст, ки Паём ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хориҷии мамлакатро фаро гирифта, ба […]Идома...
Рӯзҳои дар сохтмони аср, пайкари нуру зиё будан аҷаб нашъае дорад. Дар миёни кӯҳҳои осмонбӯс, дар синаи зартеғ, ки чор тарафашро муъҷизаҳои табиати афсонавӣ печондаанд, бо чанде аз биноҳои неругоҳ ва мутахассисон ошноӣ пайдо намудам. Нахуст ҳамсуҳбатам муҳандиси хушсалиқа Нуриддин аст. Нуриддин хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ буда, собиқаи зиёди корӣ дорад. […]Идома...
Чанде пеш аз иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан кардаму чанд шабро ба рӯзу рӯзҳоро ба шаб овардам. Ҳеҷ гумон намебарӣ, ки дар ин шаҳр ва иншоотҳои дар ҷаҳони имрӯза нотакрори Неругоҳи барқи обии Роғун дувоздаҳу ним ҳазор техникаву мошинҳои пуриқтидор, ҳар яке ба ҳисоби ҳазор фаъолият дорад. Аз ин ҳама дидан ҳикмате аз китобҳои […]Идома...