Содагӣ ишқ аст, алҳақ, содаам, Меҳан, Дар ҳисори ори ту озодаам, Меҳан. Дар саноят санъати гуфтор нокофист, Дар вафоят беш аз куҳзодаам, Меҳан! Шаҳпарам додӣ, ки болотар парам аз худ, Чун ба гардун пар кашам, уфтодаам, Меҳан! Сангдорон сангборонам кунанд умре, Такядори дори ту н-афтодаам, Меҳан. Мушти хокатро ба нопоке нахоҳам дод, Дар саховат гарчи […]Идома...
Ба Озмуни «Мирсаид Миршакар – тараннумгари сулҳу созандагӣ» Низом ҚОСИМ Омад ӯ аз тангнои кӯҳ Бо дили бикшода чун саҳро, Дар дилаш – маҳдудаи дирӯз, Дар нигоҳаш – вусъати фардо. Омад ӯ бо «Корвони бахт», Бахти мардум ҷуста аз тақдир, Бар Душанбе гӯиё омад Муҳташам як қуллаи Помир. Зиндагӣ гоҳаш бари чаккуш, Гоҳ […]Идома...
САРЗАМИНИ ВАҲДАТ Ин ватанро «нигар ба чашми хирад», Ҷавҳари он басе бузургтар аст. Аз фиреби харита бояд раст, Тоҷикистон басе бузургтар аст! БАРНОМАИ ВАҲДАТ Ин кишваре, ки ин ҳама зебост, ваҳдат аст, Ин ҷаннате, ки рашки сурайёст, ваҳдат аст. Ин чорбоғи шаҳр, ки дар мавҷхези ранг, Гӯйӣ магар қиёмати гулҳост, ваҳдат аст! Кӯҳе, ки […]Идома...
Ягона муъҷиза дидам, фидош ҷони ғариб, Шигарфи шуълавари шоҳкори чашмонат. Дар интизор бимирам, саҳар шавад ё не, Куҷост, ҷон, ки набошад нисори чашмонат. Зи осмон ба замин ояму дубора равам Барои дидани рангу нигори чашмонат. Ҳазор барги баҳору ҳазор фасли баҳор Намоди хиратарини низори чашмонат. Дар ихтиёр гирифта маро асири ҳақир, Маро кӣ гуфт, ки […]Идома...
Пажмурдаам, баҳор қабулам намекунад, Оғӯши сабзи ёр қабулам намекунад. Овораам ба дашту биёбони ташналаб, Гулгашти обшор қабулам намекунад. Девонавор сайри ҷаҳони ҷунун кунам, Қонуни ин диёр қабулам намекунад. Худро фиреб дода, басо шеър гуфтаам, Девони рӯзгор қабулам намекунад. Модар бирафт, монда маро бекасу ғариб, Дигар ба чашми чор қабулам намекунад. [&Идома...
Низом ҚОСИМ Ҷӯю дарёҳои пур аз оби Меҳан зинда бод! Пурдурахш ин кони сими ноби Меҳан зинда бод! Пок медорад чу қалбаш обҳои хешро, Ҷовидон ин обу ин одоби Меҳан зинда бод! Чашми бедоре бувад ҳар чашмаи ин кӯҳсор, Чашмҳои рӯшану бехоби Меҳан зинда бод! Гармии ҷону диланду рӯшноиофаранд, Обҳои пуртабу пуртоби Меҳан […]Идома...
Камол НАСРУЛЛО СУХАНИ ХУД МЕБОШ Оҳ, соҳибватан, акнун Ватани худ мебош! Самари худ, гуҳари худ, чамани худ мебош! Мисли як сабза, чу як гул зи худат берун ой, Вораҳида зи бадан, пераҳани худ мебош! Мисли як бози фалакгир бишав боз аз худ, Боли парвози мутантан ба тани худ мебош! Мисли як […]Идома...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН: Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ кору фаъолият […]Идома...
Мирсаид МИРШАКАР ОДАМ Одами одиям, шунав, Одам! Баҳри бахту саодатат шабу рўз Ҳар чи омад зи дасти ман, кардам. Пир гаштам, намехурам афсўс, Ки ҷавонии хеш бахшидам Ба диёрам, ки ў ҷавон гардад. Ташналаб будаму бикўшидам, Об дар ҷўйи ў равон гардад. Ранҷ бурдам на баҳри шуҳрати хеш, Ранҷ бурдам, ки то чу рўди Панҷ […]Идома...
Низом ҚОСИМ Моро сари боло бувад, эй озими кайҳон, аз кўҳи Бадахшон, Моро дили дарё бувад, эй ҳамдилу ҳамҷон, аз Вахшу Зарафшон. Мо шаҳриву мо кўҳиву мо даштии мулкем, ҳамобу гил аммо, Мо суғдиву мо хатливу мо раштии мулкем, ҳамҷону дил аммо. Аз Вахшу Ҳисорему ҳамовою ҳамандеш, ҳамнийяту ҳамкеш, […]Идома...