Фарҳанг ҷузъи муҳимми тамаддун ба ҳисоб рафта, на танҳо барои боло бурдани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва ҳисси зебоипарастии он хидмат мекунад, балки арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии мардумро низ ташаккул медиҳад. Маҳз тавассути фарҳанг метавон қобилиятҳои эҷодии ҷомеаро ташаккул дод ва рушди ҳамаҷонибаи онро таъмин намуд. Дар ташаккули ҳисси худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва ташвиқу тарғиби […]Идома...
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад. Чунонки аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, барои иштирок дар ин ҷашнвора аз рӯзи 15-уми июн қабули ҳуҷҷатҳо оғоз шудаанд, ки то рӯзи 15-уми сентябр давом меёбад. Синамоҷашнвораи миллӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, […]Идома...
Аллома Аҳмад-махдуми Дониш дар рисолааш “ Дар назми тамаддун ва таовун” овардааст: “… ҳар заминро хосиятест ва аҳолии онро қобилияте ва ҳикмати ҳукамои он бар тибқи мизоҷ ва ҳавои он макон хоҳад буд”. Қаламрави мардуми ориёӣ, бавижа мавқеи зисти тоҷикон, аз ҳамин хосият бархӯрдор буд, ки ба олами тамаддун ҳазорҳо нафар донишманду ҳунармандро эҳдо намудааст. […]Идома...
Аз 6-ум то 11-уми январи соли равон ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши “Шамсу Мавлоно” дар шаҳри Бухоро қарор доштанд. Намоиши мазкур дар таҳияи саркоргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонзода пешкаши тамошобинон шуд. Меҳмонии мо аз шаҳри Тирмиз оғоз ёфт. Гурӯҳи моро аҳли ҳунар ва роҳбари Театри драмаи мусиқии […]Идома...
Аз 17 то 24 декабр дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо тантанаю шукӯҳ доир гардид. Санаи 18-уми декабр дар Шурои санъати миллии Покистон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ иштирок намуд. Қабл аз барномаи консертӣ дар се толор намунаи ҳунарҳои мардумӣ, санъатҳои дастӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, […]Идома...
Ато Муҳаммадҷонов яке аз он симоҳои барҷастаи фарҳанги тоҷик аст, ки агар дар васфи ҳунараш чандин китоб навишта шавад ҳам, кам аст. Вай дар саҳна танҳо нақш намеофарид, балки ҳар ҳаракат, ҳар нигоҳ ва ҳатто ҳар сукуташ ҷаҳони пур аз ҳикмат ва дардро ифода мекард. Ато Муҳаммадҷонов соли 1940 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад, […]Идома...
Уилям Шекспир, яке аз бузургтарин драмнависони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки асарҳояш дар саҳнаи ҳамаи театрҳои хурду бузурги дунё гузошта шудаанд. Шекспири ҷавон фаъолияти эҷодии худро аз ҳунари актёрӣ оғоз бахшида, баъдан ҳамчу шоир ва драматурги номвар дар Англия ва берун аз он шуҳратёр гардидааст. Ба эҷодиёти ў, бешак, осори адабиёти форсӣ, хусусан достонҳои Низомиву Ҷомӣ, […]Идома...
Маротибаи дуюм аст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, шоҳиди тантанаҳои ҷашнии синамогарони дунё мегардад. Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон”, ки бори дувум баргузор шуд, аз гӯшаву канори мухталифи ҷаҳон дӯстдорон ва намояндагони ҳунари синаморо ба ҳам овард. Аз 15 то 20 октябри соли ҷорӣ Душанбе мизбони Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – «Тоҷи Сомон» […]Идома...
Чунин унвон дошт намоиши ҷашние, ки 16 сентябри соли 2025 ба муносибати 85-солагии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ато Муҳаммадҷонов бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ҳунарпешагони театру синамо, олимону муҳаққиқон, пайвандони ин ҳунарпешаи зиндаёд ва кормандони ВАО-и кишвар баргузор гардид. Макони […]Идома...
Мусиқии халқӣ ва касбии тоҷик дорои мероси бузург буда, аз насл ба насл таҳвил ёфта, ба сифати мусиқии яковоза (унисон) рушд намудааст. Дар ин замина тамоми ғанои мусиқии халқӣ дар оҳангу навоҳо мутамарказ гардида, бо махсусиятҳои хоси ин оҳангу наво бо ин ё он жанр вобастагии бевосита доштанд. Бо вуруди анъанаи мусиқии бисёровозаи аврупоӣ дар […]Идома...



