19 март дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили якҷояи наврӯзии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз бахшида, ҷамъомадагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт ва аз эҷодиёти худ дар бораи Наврӯз шеърҳо қироат намуд. Сипас раиси Хадамоти иҷрои назди […]Идома...
11 март дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 90-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз гуфт, ки Шодон Ҳаниф адиби сермаҳсул буда, аз худ асарҳои зиёд ба мерос гузоштааст. Наздики 100 очерки ба нашр расониданаш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин жанр […]Идома...
29 феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти илмиву адабӣ дар мавзуи «Назаре ба забони шеъри имрӯз» баргузор гардид, ки дар он адибону пажуҳишгарон ва донишҷӯёни риштаи суханшиносии ДМТ иштирок доштанд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар бораи аҳаммияти мавзуи мазкур ва дастоварду камбудҳое, ки дар забон ва тарзи баёни шоирони имрӯзамон ба […]Идома...
Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба пешвози 75-солагии адиби тарҷумон Назруллоҳи Назар маҳфили адабию ҳунарӣ доир гашт. Дар оғоз Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз рўзгору осор ва фаъолияти дипломатии соҳибҷашн сухан карда, иброз дошт, ки нақши ў дар тарҷумаи осори адибонамон ба забони арабӣ назаррас мебошад. Ровии маҳфил адабиётшинос ва тарҷумон […]Идома...
Ба муносибати 70-солагии шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ 25 январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили поси хотир баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар сухани ифтитоҳӣ аз Муҳаммадалии Аҷамӣ ҳамчун шоири навҷўву навгў ва пажуҳишгари дақиқназар ёд карда, саҳми ўро дар пешбурди кори шуъбаи назм дар замони роҳбарияш зиёд арзёбӣ намуд. Тавре номбурда […]Идома...
Соли равон аз таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 сол пур шуд. Чанде пеш ба ин муносибат, китоби «Ҷоизае боэътибору баракатбор» нашр гардид, ки 27 декабр маросими рӯнамоияш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аъзои кумитаи мазкур ва аҳли адабу санъати […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии шоир Иззатбек Идизода маҳфили адабӣ доир гашт. Пас аз сухани ифтитоҳии гардонандаи маҳфил, раиси ИНТ Низом Қосим паёми шодбошии раиси ноҳияи Нуробод шунида шуд. Шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳтарам Ҳотам, адибон Шаҳрия Аҳтамзод, Зариф Ғулом ва дигарон дар бораи шахсият ва эҷодиёти […]Идома...
24 ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди нависанда, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба маҳфил оғоз бахшида, гуфт: «Мо бо Сайф Раҳимзоди Афардӣ то даргузашташ ошноии бистсола доштем. Вақте ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам, дар шумори дигар дӯстону бародаронаш […]Идома...
Дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили шеъри шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур таҳти номи «Ин Ватанро сохтан осон набуд» баргузор гардид. Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, дар бораи навиштаҳои Бузургмеҳри Баҳодур сухан кард. Сипас Бузургмеҳр аз шеърҳои худ ба ҷамъомадагон қироат намуд. Ҳунарпешаи халқии […]Идома...
Дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷашни 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, нависандагону шоирон, олимону аҳли зиё ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд. Тантанаро Шоири халқии Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон […]Идома...