Дар Иттифоқи нависандагон бо ибтикори шуъбаи кор бо адибони ҷавони ин созмон маҳфили навқаламон баргузор гардид. Маҳфилро мудири шуъбаи кор бо адибони ҷавон Парда Ҳабиб оғоз бахшида, гуфт, ки дар зарфи даҳ соли охир ҷавонони зиёди эҷодкор ба майдон омаданд ва аз ҷониби Иттифоқи нависандагон пуштибонӣ шуданд. Шуъбаи кор бо адибони ҷавон дар ИНТ барои […]Идома...
Ба муносибати 70-солагии шоир Тағойназари Бақо рӯзи 17-уми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Ин маҳфилро Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифтитоҳ карда, дар бораи вежагиҳои ҳунарии соҳибҷашн сухан ронд. Ба гуфтаи ӯ, шеърҳои Тағойназари Бақо ба ашъори Бозор Собир ҳамхонӣ дошта, бори маънии зиёд доранд. Бурди шоир корбурди […]Идома...
Рӯзи 14-уми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдкарди мунтақиди равоншод Маъруф Раҷабӣ баргузор шуд. Ин маҳфилро, ки бо ширкати адибону пажӯҳишгарон сурат гирифт, Равшан Махсумзод, муовини раиси ИНТ ифтитоҳ карда, аз пажӯҳишҳои Маъруф Раҷабӣ ёдоварӣ намуд. Дар идома профессор Шамсиддин Солеҳ бо ироаи гузориши муфассал таъкид кард, ки рӯйкарди Маъруф Раҷабӣ ба […]Идома...
Рӯзи 31-уми январ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагон нишасти муштараки кормандони Иттифоқи нависандагон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (28.12.2024, шаҳри Душанбе) шарҳу тафсир шуд. Нишастро муовини аввали раиси […]Идома...
Рӯзи 30-юми январ дар толори хурди Иттифоқи нависандагон ба муносибати 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар суханронии ифтитоҳии хеш Сорбонро аз зумраи нависандагони беҳтарини даврони мо ба шумор оварда, нақши ӯро дар пешрафти насри муосир назаррас арзёбӣ кард. Номбурда афзуд, ки Сорбон бо асарҳои хондании хеш […]Идома...
Рӯзи 24-уми январ дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 90-солагии шоири бачаҳо ва ходими ҷамъиятӣ Наримон Бақозода нишасти адабӣ баргузор гардид. Дар оғоз муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа гуфт: “Наримон Бақозода дар баробари Убайд Раҷаб ва Гулчеҳра Сулаймонӣ барои хурдсолон мероси адабии ғанӣ гузошт. Фолклори бачагонаи моро аз нав кор карда, ба шакли дигар […]Идома...
25 декабри соли 2024 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, мувофиқи рӯзномаи маҷлис, дар оғоз аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта гузориши муфассал дод. Дар гузориш роҷеъ ба фаъолияти яксолаи бахшҳо, нашрияҳо ва дигар сохторҳои марбут ба ИНТ маълумот дода шуд. Дар идомаи маҷлис масъалаи дигар – […]Идома...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи нависандагон ва Донишгоҳи миллӣ рўнамоии асарҳои «Марги судхўр» ва «Ҷаллодони Бухоро»-и Садриддин Айнӣ, ки соли равон ба забони англисӣ тарҷума ва нашр шуданд, баргузор гашт. Тарҷумаи асарҳои мазкурро адиб ва тарҷумон Абдусалом Мамадназаров анҷом додааст. Дар ҳамоиш адибон, адабиётшиносон, айнишиносон ширкат карданд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоља, […]Идома...
20-уми декабр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии се китоб аз адибони Афғонистон – «Айёре аз Хуросон»-и Халилуллоҳи Халилӣ, «Гувоҳнома»-и Хайрмуҳаммадаймани Санчовакӣ ва «Гулчини ашъор»-и Восифи Бохтарӣ баргузор гардид. Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшид. Гардонандаи чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар бораи ин китобҳо маълумоти муфид дод. Гуфта шуд, ки […]Идома...
19 декабр дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 70-солагии нависанда ва рӯзноманигор Мансур Суруш маҳфили адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар суханронии ифтитоҳояш М. Сурушро нависандаи чирадаст, рӯзноманигори варзидаву пуркор, тарҷумони пуртаҷриба ва намоишноманависи хуб ба шумор оварда, махсусан асарҳои ба забони русӣ навиштаи ӯро пурарзиш донист. Ба гуфтаи номбурда, ҷойгоҳи М. […]Идома...