Санги роҳи худ шуморад Каъбаву бутхонаро, Ҳар кӣ чун Бедил тавофи гӯшаи дилҳо кунад. Мирзо Абдулқодири Бедил Тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, тассуби динӣ ва мазҳабӣ реша дар умқи чандин аср дошта, ҳамин дирӯз ё имрӯз пайдо нагаштааст. Ва маҳз ҳамин гуна таассуб сабаби аз пешрафт бозмондани миллату халқиятҳо шуда, онҳоро аз тамоми муқаддасот дур […]Идома...
Гоҳе дар ҷамъомаду ҳамоиш, вохӯрӣ ва маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ҷавонон пурсон мешаванд, ки чаро мавзуи ҷанг, азоби гуруснагию оворагии мардум ва маҳрум гардидани иддаи дигар аз ҷигарбандону пайвандон ва наздикону хешон таваҷҷуҳи шуморо ҷалб мекунад. Ман дар посух ин ҳақиқати муқаррарӣ, вале дар айни ҳол талху сӯзонро, ки дилҳоро хонаи ғам ва ҷигарҳоро ғарқоби хун […]Идома...
Имсол Ватани азизамон ид дорад! Ва бо навои резаборон сархати рӯзномаҳо пеши назарам ҷилвагар мешаванд: Қутбнамо! Бахтномаи миллат! Шаҳодатномаи миллат! Шоҳсутуни давлат! Ҳуҷҷати муқаддас! Санади тақдирсоз! Чароғи рӯшан! Бале, чунин ном мебаранд Конститутсияи Тоҷикистони озодро, ки мо сисолагии онро ҷашн мегирем. Ва ин ҳарфҳои руҳнавозу дилнишин айни ҳақиқатанд! Бо эҳсоси қаноатмандӣ эътироф менамоем, ки Конститутсия […]Идома...
Нашрияи “Адабиёт ва санъат” ҳамчун минбари баланди эҷодкорон дар ташаккулу таҳаввули публитсистика аз оғоз то имрӯз нақши густурда дорад. Дар тамоми давраҳову марҳалаҳои инкишофи худ нашрия бо назардошти талаботи замон ва тақозои мавзуъ талош кардааст, ки дар нишон додани набзи ҳаёти иҷтимоӣ саҳм гузорад. Ин нашрия публитсистикаи хоси худро дорад, ки дар баъзе мавридҳо бо […]Идома...
Тоҷӣ Усмон аз ҷумлаи адибону публитсистонест, ки солҳои сиюми асри гузашта ба матбуот ва адабиёт ворид гардида, бо Ҳаким Карим, Муҳиддин Аминзода, Алӣ Хуш, Ҳоҷӣ Содиқ, Раҳим Ҷалил кору фаъолият намудааст. Ӯ солҳои сиюм баъди хатми Донишгоҳи Осиёимиёнагӣ роҳбарии рӯзномаи «Бо роҳи Ленин»-и собиқ вилояти Ленинободро ба уҳда дошт ва баъдтар солҳои дароз дар рӯзномаи […]Идома...
15 апрел ба зодрӯзи нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нахустин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аллома Садриддин Айнӣ 146 сол пур мешавад. Дар арафаи зодрӯзи устод мехоҳам аз хидматҳои арзандаи ӯ дар пайдо кардани қабри Одамушшуаро, хосса аз мақолаи таърихии “Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак” ҳарф бизанам. Вале қабл аз он ки […]Идома...
(Пора аз достони мустанад) — Дар Дилварзии солҳои 1955-60 ҷони ҳама мавҷудоти зинда дар оташи азоби пахтакорӣ месӯхт, аммо ду тоифаи инсонҳо пирони пояшон ба лаби гӯр расида ва тифлони ширхораву ҷавонони акнун пушти лабашон сабзшуда беш аз ҳама ҳоли табоҳе доштанд. Ман панҷоҳсола будам, на фарбеҳ, на хароб, қадам аз якуним метр баландтар, вале […]Идома...