МИРЗО МАҲМУД соли 1926 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, Мактаби олии ҳизбии Маскав таҳсил, дар колхоз, идораҳои мухталифи ноҳия кор кардааст. Шоири ҳаҷвнигор буда, гулчини офаридаҳояш дар маҷмӯаи аввалини ашъораш «Ҷияни тағо» (1971) бо пешгуфтори устод Боқӣ Раҳизода ба табъ расидааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Илтимос» […]Идома...
САЙИДАЛӢ МАЪМУР 28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонда, дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кардааст. Солиёне муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва […]Идома...
ОДИНА МИРАК 6 марти соли 1939 дар деҳаи Дегрези ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли 1962 то августи 1965 дар сохтмони шоҳроҳи Саланги Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ, баъдан дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ба сифати ходими адабӣ кор кардааст. Моҳи […]Идома...
МЕҲРИННИСО (Бобобекова Меҳринисо) 19 январи соли 1950 дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №3 (1966) соле дар ҳамин мактаб кор карда, соли 1972 соҳиби дипломи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст. Солҳои 1972-1973 корманди илмии Институти шарқшиносӣ, 1973-1976 дар сафари хизматӣ дар Афғонистон, 1976-1985 муаллимаи таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби таҳсилоти […]Идома...
ҒАФФОР МИРЗО 5 январи соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг зода шудааст. Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1956 Курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст. Асарҳояш аз солҳои […]Идома...
ЛАЪЛҶУБАИ МИРЗОҲАСАН 10 ноябри соли 1951 дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро бомуваффақият хатм ва дар мактабҳои навоҳии Ишкошиму Шуғнон омӯзгорӣ кардааст. Соли 2011 котиби масъули бахши Бадахшони Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ таъин шудааст. Ҳамзамон, номзади илми филология, […]Идома...
АТО МИРХОҶАИ НЕРӮ (Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич) 8 апрели соли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳаааш фаро гирифта, дар мактаб-интернати деҳаи Муни ҷамоати деҳоти Навобод соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёна гардидааст. Соли 1980 вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин […]Идома...
МИРСАИД МИРШАКАР 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Аввал дар мактаби ибтидоии деҳа, сипас дар мактаб-интернати Хоруғ маълумот гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Соли 1932 дар ҳайати бригадаи комсомолони фаъол ба сохтмони Вахш сафарбар шуда, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори […]Идома...
РАЪНОИ МУБОРИЗ (Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна) 9 майи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови ноҳия, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» ба кор пардохтааст. Муддате корманди рӯзномаи мазкур ва […]Идома...
РӮДОБАИ МУКАРРАМ 2 июни соли 1979 дар деҳаи Сардеми деҳшӯрои Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1996 мактаби таҳсилоти умумии деҳаро хатм карда, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва соли 2001 соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 2001 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи […]Идома...