АБДУҶАББОР ҚАҲҲОРӢ 7 январи соли 1924 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ муддате омӯзгор будааст. Соли 1942 ба ҳимояи Ватан рафта, дар муҳорибаҳои шадиди Орлов ва озодкунии Витебск мардонавор ҷангидааст. Соли 1944, аз сабаби бардошти ҷароҳати вазнин, ба зодгоҳаш баргашта, чун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ ба фаъолият пардохтааст. Баъдтар мудири шуъбаи […]Идома...
БАРНОИ ҚОДИРДУХТ 27 феврали соли 1975 дар шаҳри Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1992 мактаби миёнаи №49 ноҳияро бо медали нуқра хатм намуда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, соли 1997 бо дипломи сурх ба поёнаш расондааст. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти эҷодиро дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» (1998) шурӯъ намуда, баъдан дар […]Идома...
ҶОНИБЕКИ ҚОЗИБЕК 2 феврали соли 1958 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа (1965), Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраевро (1985) ғоибона ба итмом расондааст. Коргари колхози ба номи Калинини ноҳияи Шуғнон (ҳозира Роштқалъа) будааст. Солҳои 1976-1978 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат […]Идома...
Низом ҚОСИМ 16 сентябри соли 1958 таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёна ва соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси «филолог-журналист» хатм намудааст. Солҳои 1979-2006 ба сифати мухбир ва мудири шуъбаи рўзномаҳо, ходими маҷаллаи «Садои Шарқ», корманди Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири Вазорати фарҳанг, муҳаррири варзидаи […]Идома...
АБДУЛЛО ҚОДИРӢ(АБДУЛЛО ҚОДИРИИ МУМТОЗ) 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Маориф», Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии ҷумҳуриро бар уҳда доштааст. Ҳанӯз аз давраи дар дабистон таҳсил […]Идома...
ҶУМЪА ҚУВВАТ 13 июни соли 1950 дар деҳаи Дегайии ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1971 хатмаш намудааст ва дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳозира «Садои Дарбанд») ба кор пардохтааст. Дар айни замон сармуҳаррири рӯзномаи […]Идома...
СИТОРА 1 июни соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Соли 1977 мактаби №3 ноҳияи Вахшро хатм карда, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст. Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 1981 то 2000, мухбири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» будааст. Аз соли 2000 то 2003 мудирии шуъбаи адабиёт ва фарҳанги маҷаллаи «Фирӯза»-ро […]Идома...
ТОЛИБИ ЛУҚМОН 26 декабри соли 1990 дар шаҳри Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 2008 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34-ро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудааст. Соли 2012 донишгоҳро хатм намуда, муддате хабарнигори рӯзномаи «Минбари халқ» будааст. Айни замон мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор […]Идома...
НИКОЛАЙ ЛЕСНОЙ (Семёнов Николай Иванович) 22 декабри соли 1910 дар шаҳри Аткарски вилояти Саратов ба ҷаҳон омадааст. Соли 1930 мактаби агротехникҳои колхозро тамом карда, дар совхози гиёҳҳои шифобахши Аткарск агрономӣ кардааст. Соли 1937, пас аз адои хизмати ҳарбӣ, ба шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) омада, чанд вақт дар корхонаи шоҳибофӣ лаборант будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ шуғл […]Идома...
САФАР АЙЮБЗОДАИ МАҲЗУН 7 январи соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст. Фаъолияти меҳнатиаш, баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб, дар ноҳияи Вахш аз омӯзгорӣ сар шуда, баъди чанд моҳи муаллимӣ ба шуъбаи маорифу фарҳанг ва адабиёти рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати […]Идома...