СОДИҚИ ЗАВҚӢ 30 июни соли 1967 дар ноҳияи Маскав (ҳозира Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) таваллуд ёфтааст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод хатм карда, соли 1991 бахши филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, соли 2010 шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Аз овони мактабхонӣ ба эҷоди шеър […]Идома...
ХУДОЙДОДИ ЗАЙНИДДИН 15 марти соли 1980 дар деҳаи Ялдамичи ноҳияи Рашт ба ҷаҳон омадааст. Соли 1997, баъди хатми мактаби миёнаи №26, вориди факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шуда, соли 2003 хатмашкардааст. Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳаш баргашта, дар шуъбаи маорифи ноҳия ба ҳайси мушовири фанҳои забон ва адабиёти тоҷик оғози фаъолияти корӣ намудааст. Муддате […]Идома...
САЛИМИ ЗАРАФШОНФАР 5 августи соли 1963 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Соли 1988 Душанбе омада, дар нашриёти «Ирфон» ба кор пардохтааст. Минбаъд, солҳои гуногун, дар маҷаллаҳои «Шифо»-ву «Фирӯза», ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Радиои тоҷик, муассисаҳои нашриявии «Деваштич», «Ҳумо», «Эҷод» ифои вазифа намудааст. Чанде тарҷумони ҳафтаномаи «Муҳаббат» ва корманди маҷаллаи «Истиқбол» буд. Нахустин маҷмӯаи ашъори […]Идома...
МАВҶИГУЛИ ЗАРДОДХОН 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Буведи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМБК ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии деҳа, соли 1980, шомили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1985 бомуваффақият хатм кардааст. Баъдан муаллим ва муҳаррири яке аз созмонҳои байналхалқӣ […]Идома...
ИСМОИЛ ЗАРИФӢ 16 майи соли 1955 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1972, дар мактаби миёнаи №25 деҳа муаллимӣ кардааст. Соли 1974 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, ду сол аскарӣ кардааст. Соли 1977 вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1982 бо баҳои аъло хатмаш кардааст. То […]Идома...
АБДУВОҲИДИ ЗЕВАР (Маликов Абувоҳид Зеварович) 6 сентябри соли 1968 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳа гирифта, баъдан факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (1994) хатм кардааст. Аз баъди хатми донишгоҳ корманди маҷаллаи «Чашма» мебошад. Ду маҷмӯаи ашъораш – «Накҳати умед» (2000) ва «Зулфи бед» (2009) аз чоп баромадаанд. […]Идома...
НАЗАРИ ЗИКРУЛЛО 14 феврали соли 1934 дар деҳаи Зуви ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1944 ба мактаби 7-солаи ба номи Карл Маркс рафта, баъди хатми он таҳсилро дар мактаб-интернати давлатии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Маскав идома додааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1954, ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1957 хидмат […]Идома...
РАЪНОИ ЗОИРДУХТ 15 декабри соли 1961 дар ш. Истаравшан таваллуд ёфта, дар мактаби миёнаи №20 таҳсил кардааст. Дастпарвари Техникуми савдои Тошканд ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Алъон раиси бахши Истаравшани Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, сардабири моҳномаи «Ганҷи ороста» ва садри «Фарҳангсаройи ориёӣ» мебошад. Аз синфи ҳафтум […]Идома...
СУБҲИЯ ЗОҲИДОВА 3 январи соли 1964 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе (1985), соле дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), дар шуъбаи мактубҳо, кор кардааст. Аз соли 1987 ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Ашъораш дар рӯномаву маҷаллаҳои даврӣ ва маъмӯаҳои «Даргоҳи падар» (1996), «Афсонаи шаб» (2004), […]Идома...
ЗАРИФ ИБОД 10 сентябри соли 1936 дар деҳаи Дараи Азимбойи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Дар 9-солагӣ аз падар ва дар 13 солагӣ аз модар маҳрум шуда, бепуштибон ва бемураббӣ мондааст.Ва ҳамаи мушкилиҳоро паси сар гузошта, мактаби ҳафтсоларо дар деҳаи Олучаи ноҳияи Кангурт (1952) бо баҳои аъло хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории […]Идома...