АҲЛИДДИН ҲИСОРӢ 15 апрели соли 1954 дар деҳаи Порбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Баъдан корманди Нашриёти давлатии «Ирфон» (1977-1978) ва Музейи таъриху кишаваршиносии ба номи Беҳзод (1978-1980) будааст. Солҳои 1978-1980 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. […]Идома...
МӮҲТАРАМ ҲОТАМ 10 апрели соли 1950 дар деҳаи Аскалони ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) зода шудааст. Соли 1968 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1972 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъди хатми Донишгоҳи мазкур, то соли 1990, дар нашриёти «Ирфон»-у «Адиб» ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба кор кардааст. Солҳои 1990-1996 раиси муассисаи нашаротии «Ориёно», 1996-1998 сардабири […]Идома...
БОБО ҲОҶӢ 1 майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1951 шуъбаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Машъал», муҳаррири калони радиои тоҷик, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон»-у «Маориф» будааст. Солҳои охир дар нашриёти «Адиб» кор мекард. […]Идома...
ҶӮРА ҲОШИМӢ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар мактабҳои Конибодом гирифта, соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти касбии Ҷӯра Ҳошимӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ дар Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз ёфта, минбаъд ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва […]Идома...
АЛИДОДИ ЧАРОҒАБДОЛ 14 феврали соли 1960 дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Соли 1981 факултаи умури китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, дар вазифаҳои методисти кабинети методии идораи фарҳанги Ҳукумати ВМКБ, мудири шуъбаи методии Китобхонаи вилоятӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев фаъолият бурдааст. Солҳои 1982-1983 […]Идома...
МУРОДАЛӢ ҶАББОР (Ятимов Муродалӣ Ҷабборович) соли 1972 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1979 ба синфи якуми мактаби миёнаи №71 ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) рафта, соли 1989 ба итмом расондааст. Солҳои 1989-1990 коргари Бунгоҳи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Ҳисор будааст. Соли 1990 донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1995 соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Пас […]Идома...
СУҲАЙЛӢ ҶАВҲАРИЗОДА 5 октябри соли 1900 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан), дар хонадони шоири номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860-1945) ба ҷаҳон омадааст. Солҳои аввали ҳаёти нав дар мактабҳо муаллимӣ, баъдан Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1925-1957 рӯзноманигор будааст. Солҳои охир муҳарририи Нашриёти давлатии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Соли 1933 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Таронаи зафар», соли […]Идома...
ӮЛМАС ҶАМОЛ 17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чанд сол муаллим будааст. Баъдан […]Идома...
БОБОНАЗАР ШАМСИДДИНЗОДА 15 марти соли 1967 дар деҳаи Яккатути ноҳияи Хисор таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаи деҳаро хатм карда, соли 1987 донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шудааст. Солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат карда, баъди адои он (1997) таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, соли 1992 хатмаш намудааст. Солҳои 1992-1993 курси интернатураро […]Идома...
НОДИР ШАНБЕЗОДА 20 июни соли 1908 дар деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1932 Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Солҳои 1933-1940 вазифаҳои мухталифи ҳизбиро адо кардааст. Аз ҷумла, мудири шуъбаи табъу нашри КМ ПК Тоҷикистон будааст. Аз соли 1940 ба рӯзноманигорӣ пардохта муҳаррири маҷаллаҳои «Коркуни ҳизбӣ», «Бо роҳи Ленин», рӯзномаи «Бадахшони […]Идома...