МАРИАННА ФОФАНОВА 21 октябри соли 1921 дар Заводи Пудеми Удмурдистон ба ҷаҳон омадааст. Дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Свердловск таҳсил кардааст. Солҳои ҶБВ ҳамшираи шафқат будааст. Соли 1943 ба Тоҷикистон омада, дар корхонаҳо кор кардааст. Баъдан хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» будааст. Соли 1949 Донишгоҳи адабиёти ба номи М. Горкийро хатм карда, хабарнигори «Литературная газета» дар […]Идома...
ЛИЯ ФРАНК 18 ноябри соли 1921 дар шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Латвия ба ҷаҳон омадааст. Соли 1940 Гимназияи шаҳри Рига ва соли 1944 Институти ҳуқуқшиносии Свердловск (ҳозира Екатиренбург)-ро хатм кардааст. Аз соли 1960 муаллимаи забонҳои лотинӣ ва олмонии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будааст. Ҳамзамон, машғули таълифи дастурҳои таълимии забони олмонӣ […]Идома...
ХАЙРАНДЕШ (Қурбонов Хайриддин Шарифович) 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Маскав (ҳозира Шӯрообод) таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро то синфи нуҳум дар зодгоҳаш гирифта, як соли охир дар мактаби миёнаи №30 ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Бохтар) таҳсил ва соли 1997 хатмаш кардааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол роҳбари маҳфили адабии Хонаи пионерони шаҳри […]Идома...
ИСКАНДАРИ ХАТЛОНӢ 12 октябри соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Дар Омӯзишгоҳи сохтмони Душанбе, Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав; 1976-1981) таҳсил кардааст. Солҳои 1985-1988 тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, муддате ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва корманди Радиои «Озодӣ» будааст. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Парвоз» (1981), «Шукуфаҳо» (1986), «Садои пойи вожаҳо» (Кобул, […]Идома...
САЛИМИ ХАТЛОНӢ 12 марти соли 1960 дар деҳаи Шулғоншаҳри ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон зода шудааст. Соли 1975 мактаби 8-солаи ба номи Клара Сеткинаи ноҳияи Мӯъминобод, соли 1979 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлобро хатм карда, аз сентябри соли 1979 то июни 1980 дар мактаби миёнаи №2 ноҳия муаллимӣ кардааст. Аз моҳи июни соли 1980 то майи 1982 дар […]Идома...
МУҲАММАД ХОЛИҚ 21 октябри соли 1947 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1971 шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Соли 1971 китобдори Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, солҳои 1971-1972 ассистенти кафедаи фалсафаи институти номбурда, солҳои 1972-1973 лектори шуъбаи таблиғу ташвиқи КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, солҳои 1973-1974 […]Идома...
РУСТАМИ ХОМАРАХШ (Тағоймуродов Рустам Ҳакимович) 16 июни соли 1962 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Балҷувон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1979 мактаби миёнаи №13 ноҳияи Восеъро хатм карда, донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1982 бомуваффақият анҷом бахшидааст. Соли 1983 вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст. Соли 1994, баъди хатми курси якум, ба сафи Қувваҳои […]Идома...
ТӮЛҚИН ХОҶА 17 сентябри соли 1956 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 1973 шомили ҳунаристони киномеханикҳо шудааст. Пас аз итмоми он муддате дар идораи кинонамоишдиҳӣ кор кардааст. Соли 1974 вориди шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, ҳамзамон, то хатми он, дар […]Идома...
БОБОЮНУС ХУДОЙДОДЗОДА 9 феврали соли 1875 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Падараш марди камбағале буда, дар шӯриши Восеъ иштирок доштааст. Аз ҷавонӣ ятим монда мардикорӣ мекардааст. Соли 1916 барои кор дар ақибгоҳи аскарони рус ба Русия фиристода шуда, Инқилоби Октябрро соли 1917 дар Тошканд пешвоз гирифтааст, ки достонҳои ӯ «Революция» ва «Дар […]Идома...
АДИБАИ ХУҶАНДӢ (Мирзоева Адиба Қаландаровна) 5 июли соли 1971 дар маҳаллаи Тути Калони шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Модараш бо тахаллуси Озурдаи Хуҷандӣ, падараш таҳти унвони Мирзоқаландари Хуҷандӣ шеър мегуфтаанд. Пас аз хатми мактаби миёна чанде муаллимаи мактаби миёнаи №7 шаҳри Хуҷанд будааст. Соли 1988 вориди факултаи филологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шуда, […]Идома...