Бузургмеҳри Тоҷиддин 27-уми апрели соли 1990 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Парвардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и зодгоҳ (2008), факултети «Забонҳои Шарқ”-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (2014) ва шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016) мебошад. Аз даврони наврасӣ ба навиштани шеър оғоз кардааст. Шеърҳояш то имрӯз […]Идома...
СУБҲОН ТӮЙҒУН соли 1930 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1953 Курси дусолаи муаллимини Самарқанд, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, соли 1961 Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба поён расонда, чанд сол дар мактабҳои ноҳия муаллимӣ кардааст. Баъдан ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, солҳои зиёд муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ будааст. Ашъораш дар маҷмӯаҳои […]Идома...
МАҲМУД ТӮЛҚУН 1 июли соли 1913 дар ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона ба ҷаҳон омадааст. Соли 1930, баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, шогирди Омӯзишгоҳи кишоварзии Хуҷанд шуда, ба ҷанги зидди босмачиён рафтааст. Солҳои 1923-1933 дар рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» кор кардааст. Соли 1934 Омӯзишгоҳи омӯзгории Тошкандро хатм ва дар Омӯзишгоҳи кишоварзӣ ва молияи Хуҷанд муаллимӣ кардааст. Иштирокчии […]Идома...
МИРЗО ФАЙЗАЛӢ 9 майи соли 1942 дар деҳаи Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд ёфтааст. Соли 1959 мактаби миёнаи ба номи М. Горкийро хатм кардааст. Соли 1966, баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр») ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохта, солҳои дароз дар вазифаҳои мухталиф адои вазифа намудааст. Соли 1973 шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики […]Идома...
ҲАБИБУЛЛО ФАЙЗУЛЛО 15 марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ зода шудааст. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе» ходими адабӣ будааст. Соли 1973 Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкийи Маскавро хатм кардааст. Ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, корманди рӯзномаи «Маориф […]Идома...
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфта, аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Муддате дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва […]Идома...
БУРҲОН ФАРРУХ (Маҳкамов Бурҳон) 10 августи соли 1929 дар деҳаи Саримазори ноҳияи Конибодом зода шудааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Чанде дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои зодгоҳаш дарси забон ва адабиёт гуфтааст. Солҳои 1950-1953 дар хизмати ҳарбӣ будааст. Баъдан дар созмонҳои ҳизбӣ вазифаҳои гуногунро адо кардааст. Соли 1956 котиби КМ […]Идома...
ФАРХУНДА (Саъдуллоева Ҳайитгул) 10 январи соли 1955 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Соли 1972 мактаби миёнаи №17 зодгоҳашро ба поён расонда, ду сол дар хоҷагии кишоварзӣ кор кардааст. Соли 1974 вориди факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1979 ба итмом расондааст. Аз овони наврасӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, […]Идома...
МУҲИДДИН ФАРҲАТ (Ҳасанов Муҳиддин) 7 августи соли 1924 дар деҳаи Хоҷанайсавори ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1940 вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров шуда, аз курси савум ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтааст. Чун сарбози қӯшуни пиёдагард аз Смоленск то Полша ҷангида, дар озод кардани шаҳрҳои Витебск, Шауляй ва Кёнисберг иштирок доштааст. Баъди […]Идома...
АБДУЛЛОҲИ ФОЗИЛ 3 октябри соли 1952 дар деҳаи Пакшифи ноҳияи Масчоҳ таваллуд шудааст. Пас аз муҳоҷирати мардуми болооби Зарафшон ба водии Дилварзин, соли 1969, мактаби миёнаи №8 ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияро хатм карда, пас аз як сол ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Соли 1973 донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, соли 1978 ба итмом […]Идома...