ҒОЙИБ САФАРЗОДА 20 феврали соли 1940 дар деҳаи Муллоҷони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1957 мактаби миёнаи №6-и н.Восеъро бо медали нуқра хатм карда, ҳамон сол муҳассили факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шудааст. Аз соли 1962, баъди хатми донишкада солиёни дароз дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор кардааст. Аввалин шеърҳояш аз солҳои […]Идома...
БАҲРОМ СИРУС (Охундзода Мирзомуҳаммад) 1 январи соли 1885 дар шаҳри Ленкорани Озарбойҷони Шӯравӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1907 мактаби ҳафтсолаи русии зодгоҳашро хатм кардааст. Соли 1908 ба Эрон муҳоҷират карда, дар ҷунбишҳои сиёсӣ-озодиталабии мардумӣ фаъолона ширкат варзидааст. Соли 1920 бо В.И.Ленин вохурдааст. Соли 1925 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашта, даҳ сол дар идораҳои маориф ва табъу […]Идома...
БОЗОР СОБИР 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба ҷаҳон омадааст. Бино бар бемаҳал аз падар маҳрум мондан дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор тарбият ёфтааст. Баъди як соли ба сифати китобдор кор кардан, соли 1957, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 хатмаш намудааст. Муддате тарҷумони мутахассисони […]Идома...
МУРОДАЛӢ СОБИР 1 январи соли 1958 дар деҳаи Пуғузи ноҳияи Варзоб таваллуд ёфтааст. Соли 1975, баъди хатми мактаби миёнаи №78, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1982 хатмаш кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» оғоз бахшида, баъдан, соле муаллимӣ кардааст. Солҳои 1980-1981 ходими адабии маҷаллаи «Машъал», солҳои 1981-1984 […]Идома...
ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНӢ 1 январи соли 1928 дар Бухоро, дар оилаи шоири машҳури тоҷик Пайрав Сулаймонӣ, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1947 факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Бухороро хатм кардааст. Соли 1948 Душанбе омада, муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи […]Идома...
ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ 15 апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916-1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст. Солҳои 1921-1922 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум будааст. Баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир […]Идома...
ҲАСАНИ СУЛТОН 9 июни соли 1966 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983, баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, вориди шуъбаи арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1990, баъди хатми донишгоҳ, дар Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор […]Идома...
СОБИР СУЛТОН 9 майи соли 1934 дар деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории душанберо хатм карда, солҳои 1958-1962 ходими рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1962-1963 муҳаррири Нашриёти адабиёти таълимию педагогӣ, аз соли 1963 то нафақа баромадан ходими адабии Сарредаксияи гуфторҳои мусиқии Кумитаи давлатии садо ва симои ҷумҳурӣ будааст. Шеърҳои аввалинаш солҳои […]Идома...
НУҚРАИ СУННАТНИЁ 24 сентябри соли 1950 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷи ВМКБ тавваллуд шудааст. Маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳа гирифта, баъдан мактаби миёнаи №4 маркази ноҳияро хатм кардааст. Соли 1968 вориди факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) дохил шудааст. Соли 1973 донишгоҳро ба поён расонда барои кор дар кафедраи […]Идома...
СЕРГЕЙ СУХОЯН 14 феврали соли 1932 дар кишвари Кубани Русия ба ҷаҳон омада, солҳои тӯлонист, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад. Соли 1955 факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз ҳамон вақт дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳурӣ кор мекунад. Солҳои 1995-1997 муҳаррири шӯъбаи назм, 2001-2004 котиби масъули маҷаллаи адабӣ-бадеии «Помир» будааст. Ду […]Идома...