АБДУСАТТОРИ РАҲМОН 16 январи соли 1955 дар деҳаи Хоҷабулоқи ҷамоати деҳоти Хоҷабулоқи ноҳияи Орҷиникидзобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи мактаби №43 шаҳри Ваҳдат мебошад. Соли 1977 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба итмом расондааст. Фаъолияти омӯзгориро дар мактаби №25 шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, солҳои зиёде ба шогирдон дарс гуфтааст. Дар […]Идома...
ЗИЁ РАҲМОН 20 январи соли 1954 дар ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Сайидалии Ҳамадонӣ) таввалуд шудааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №41 ноҳия, соли 1973 Омӯзишгоҳи тиббии Кӯлобро ба фарҷом расондааст. Соли 1992 факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1995 то 1999 дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ба ҳайси муовини сардор ва сардори раёсати […]Идома...
ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН 15 апрели соли 1965 дар совхози бо номи С. М. Кирови ноҳияи Вахш таваллуд ёфтааст. Соли 1990 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Аз соли 2002 то 2014 дар телевизиони тоҷик ба сифати муҳаррири варзидаи шуъбаи барномаҳои фарҳангӣ фаъолият карда, муаллиф ва барандаи барномаи маъруфи «Сайди маънӣ» […]Идома...
ҲИДОЯТУЛЛО РАҲМОНӢ 1 июни соли 1952 дар деҳаи Хоҷачилдиёри Поёни ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Таълимоти ибтидоӣ ва маълумоти ҳаштсоларо дар дабистони деҳа, маълумоти миёнаро дар дабистони рустои Тӯда гирифтааст. Солҳои 1970-1974 донишомӯзи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буда, солҳои 1974-1976 адои хидмати ҳарбӣ, солҳои 1976-2000 муаллимӣ кардааст. Аз соли 2000 раиси […]Идома...
УБАЙД РАҶАБ 15 майи соли 1932 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко гардида, соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст. Соли 1961, бо даъвати бевоситаи Мирзо Турсунзода, ба кори […]Идома...
ҚУРБОНАЛӢ РАҶАБ 1 марти соли 1925 дар деҳаи Парвори ҷамоати деҳоти Дараи Калот (ҳозира Ҷомбахт)-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Ҳамроҳи аҳли хонаводаашон муддате дар ноҳияи Темурмалик ва шаҳрҳои Кӯрғонтеппаву Кӯлоб зиндагӣ кардааст. Солҳои 1942-1944 дар набардҳои ҶБВ ширкат варзида, баъди захмӣ шудан ба зодгоҳаш баргаштааст. Аз соли 1956 ба шеъргӯйӣ шуруъ кардааст. […]Идома...
НӮЪМОН РОЗИҚ 9 феврали соли 1927 дар деҳаи Симуганҷи ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1942 мактаби миёна, соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расонда, чанде муаллимӣ кардааст. Чанде муовини раиси Кумитаи иҷроия ва раиси колхози «Ленинград»-и ноҳия будааст. Аз соли 1971 муҳарририи рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна»-ро бар уҳда доштааст. Аз соли […]Идома...
ҲОРУНИ РОЪУН (Муҳаммадҳоруни Муҳаммадшариф) 10 июни соли 1972 дар шаҳри Кобул ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилоти аввалияро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Муддате бо аҳли хонаводааш дар Эрону Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Ҳоло муқими Канада мебошад. Муаллифи китобҳои ашъори «Бе боғбон» (Душанбе, 1999), «Бирка дар оташ» (Душанбе, 2002), «Қаламрави муҳраҳо» (Кобул, 2003), «Агар дубора наойӣ» (Кобул, 2003), «Муборакбод» […]Идома...
НУРИДДИНИ САДРИДДИН 10 ноябри соли 1953 дар деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) ба ҷаҳон омадааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1975 дар мактаби №25 деҳашон оғоз намуда, сипас дар мактаби №61 идома бахшидааст. Аз соли 1979 мудири китобхонаи мактаби миёнаи №24, ҳамзамон директори мактаби ибтидойии озмоишии №87 деҳа мебошад. Соли 1990 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии […]Идома...
ИБРОҲИМ САЙИД 1 январи соли 1939 дар деҳаи Дараи Башири собиқ ноҳияи Сари Хосор ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Москва (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) гирифтааст. Соли 1969 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар зодгоҳаш омӯзгор, мудири шуъбаи адабии […]Идома...