НОРӢ РАББИМДУХТ 10 ноябри соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1986 факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1987-1994 дар муассисаҳои нашриявии «Маориф», «Адиб», рӯзномаҳои «Ҳомии Ватан» ва «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт») фаъолият бурдааст. Аз айёми донишҷӯйӣ ба тарҷумаи асарҳои адибони муосир ва классики тоҷик ба забони русӣ […]Идома...
САЪДУЛЛО РАБИӢ соли 1883 дар деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи Ҳисор фаро гирифтааст. Иштирокчии фаъоли муборизаҳо барои истиқрори сохту зиндагии нав будааст. Аз соли 1903 ба шеъргӯӣ сар кардааст. Ашъори тоинқилобияш дар девони «Ҳисори ишқ» (1920) фароҳам омадаанд. Аввалин асарҳои чопияш аз нимаи солҳои 20-ум пайдо шудаанд. Достонҳои «Москва», «Ҳисор» […]Идома...
БАСИР РАСО 13 июли соли 1931 дар деҳаи Бунигаҳи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Тарбиятгирандаи хонаи бачагон ва ансамбли этнографии бачагонаи Помир будааст. Солҳои 1949-1951 дар Кумитаи созмони ҷавонони Ванҷ мудири шуъбаи мактабҳо будааст. Аз соли 1956, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, то соли 1962 дар маҷаллаи […]Идома...
САРДОРИ РАҲДОР (Дилбоваров Сардор Раҳдорович) 4 ноябри соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971, баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳааш, соле дар Заводи таъмирӣ-таҷрибавии техникаи Кӯлоб челонгарӣ кардааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил дошта, баъди хатмаш […]Идома...
АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ 17 январи соли 1963 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1979 Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявӣ (ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг), соли 1984 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ муддате дар Телевизиони Тоҷикистон ва баъдтар, дар мактаби №29 ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) фаъолият бурда, дар рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ ва маҷаллаи […]Идома...
ҶАМШЕДИ РАҲИМЗОД 10 майи соли 1970 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Аз даврони мактабхонӣ ба шеърофаринӣ пардохтааст. Соҳиби маҷмӯаҳои ашъори «Ҷоми ашки Ҷамшед», «Ҷоми сухан», «Лоиқнома» ва «Аҳмад Зоҳирнома» мебошад. Барои китоби «Лоиқнома» сазовори Ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ «Падида» гардидааст. Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 7 […]Идома...
БОҚӢ РАҲИМЗОДА 15 майи соли 1910 дар деҳаи Сорбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Соли 1931 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд таҳсил кардааст. Баъдан дар мактабҳои ноҳияи Ғарм муаллим будааст. Соли 1941 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, дар ҳамон ҷой ба муаллимӣ пардохтааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист. Аз соли 1948 мушовири ҷавонони […]Идома...
МУҲАММАДҶОН РАҲИМӢ 3 майи соли 1901 дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми вилояти Бухоро зода шудааст. То соли 1917 дар мактаби куҳна таҳсил карда, баъдан ба ҳунармандӣ машғул шудааст. Баъди Инқилоби Бухоро дар идораҳои молия ва назорат кор кардааст. Муддате мудири шуъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Бухоро будааст. Соли 1922 ба фидоиён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри […]Идома...
АҲМАДҶОНИ РАҲМАТЗОД 20 июли соли 1953 дар шаҳраки Калинини ноҳияи Кагановичобод (баъдан Колхозобод, ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) ба ҷаҳон омадааст. Хонадонашон соли 1953 ба Хуҷанд баргаштааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №11 ноҳияи Хуҷандро тамом карда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинободро ба итмом расондааст. Ҳамон сол ӯро бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои […]Идома...
БАҲРОМИ РАҲМАТЗОД 3 апрели соли 1987 дар деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфта, дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №11 таҳсил кардааст. Хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Аз солҳои мактабхонӣ шеър мегуфтааст. Шеърҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва маҷмӯаҳои «Муколамаи Хуршед» (2008) ва «Мусиқии атр» (2012) пешкаши ҳаводорони каломи […]Идома...