ОЗАРАХШ (Каримов Толиб) 13 августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1980, вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши рӯзноманигорӣ) шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1986-1989, муҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, 1992-2002 муҳаррири телевизиони вилоят будааст. Аз […]Идома...
ОЗАР (Салимов Миралӣ) 13 декабри соли 1968 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи №9-ро хатм карда, солҳои 1987-1989 хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб мебошад. Дар мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Хатлон (солҳои 1994-1997) сармутахассис буда, солҳои 1997-2008 дар мақоми сухангӯйи Раёсати умури […]Идома...
РОЗИЯ ОЗОД 17 январи соли 1893 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Модари донишманди оламшумули тоҷик Бобоҷон Ғафуров аст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна фаро гирифтааст. Баъди инқилоб дар мактаби русӣ хонда, фарзандонашро ҳам дар ҳамон мактаб хонондааст. Ашъори нахустинаш дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чоп шудаанд. Соли 1944 аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Муҳаббат ба ватан» […]Идома...
МАХСУМ ОЛИМӢ 5 октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №5 деҳаи Дарғро тамом карда, ба Техникуми энергетикии Қӯрғонтеппа дохил шуда, соли 1978 бо дипломи аъло хатмаш кардааст. Солҳои 1975-1977 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ аскарӣ кардааст. Соли 1979 ба Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Москав) дохил […]Идома...
НУРУЛЛОҲИ ОРИФ 9 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳу миёнаро дар деҳаи Доғистон ба итмом расондааст. Аз хурдӣ ба ҳунари наққошӣ пардохта, дар ин ҷода истеъдоди хубе зоҳир кардааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ касби ронандагиро омӯхта, солҳои 1986-1989 дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии […]Идома...
НЕЪМАТ ОТАШ (Дадобоев Неъматҷон) 5 феврали соли 1953 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Fафуров) таваллуд шудааст. Соли 1970, баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии №12 ноҳия, ба шуъбаи форсии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардида, соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси ходими адабии рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ»-и ноҳияи Хуҷанд […]Идома...
ОФОҚ (Қодирова Оламбӣ Ҷумъахоновна) 6 июли 1976 дар деҳаи Панҷосиёби ноҳияи Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1993 мактаби миёнаи деҳа, соли 2006 Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро хатм кардааст. Аз соли 1996 дар раёсати вилояти Хатлони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ оғози хидмат карда, то ҳол дар вазифаи роҳбари гурӯҳи иттилооти шуъбаи нозироти РВКД-и вилояти Хатлон […]Идома...
ПАЙМОН (Тӯхтамиш Тӯхтаев) 24 феврали соли 1955 дар деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадаст. Таълими ҳамагониро дар мактаби деҳааш гирифта, соли 1973 донишомӯзи факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ шудааст ва соли 1977 бо дипломи аъло ба итмомаш расонда, муддати шаш сол дар мактаби деҳа ба ҳайси муаллими забон […]Идома...
ҶАМШЕД ПИРИМ 25 апрели соли 1948 дар деҳаи Майдончаи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №4 ба номи С. Айнӣ ба факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод дохил шуда, соли 1971 ба итмом расондааст. Сипас дар мактаби деҳа муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ будаааст. Соли 1979 […]Идома...
ТИЛЛО ПӮЛОДӢ 4 майи соли 1912 дар деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Дар нахустин макотиби шӯравӣ хатту савод бароварда, то соли 1935 муаллими синфҳои ибтидойӣ будааст. Соли 1940 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расонда, вориди аспирантураи донишкадаи мазкур шудааст ва аз ҳамон айём то лаҳзаҳои охири умраш устоди кафедраи […]Идома...