МАРИНА НЕКРАСОВА 27 майи соли 1954 дар шаҳри Таганрог ба ҷаҳон омадааст. Факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1978 ходим ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» будааст. Феълан корманди моҳномаи «Пограничник» (Маскав) мебошад. Шеърҳояш аз соли 1970 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Тюльпаны с далёких застав» (1977), «Пересаженное дерево» (1981), «Ценою весны» […]Идома...
ҲАЁТ НЕЪМАТИ САМАРҚАНДӢ 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи №16 таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо […]Идома...
НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан […]Идома...
НОРИНИСО (Норинисо Алимуҳаммадова) 25 марти соли 1949 дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Падари донишмандаш Алимуҳаммад-домулло Норинисоро аз 5-солагӣ ба омӯзиши оятҳои Қуръони Маҷид ва ҳамарӯза азёд кардани як ғазали Хоҷа-Ҳофиз ҳидоят намудааст. Ҳамин тариқ, Қуръони Маҷиду «Чаҳоркитоб»-ро дар ҳафтсолагӣ фаро гирифтааст, ки раҳнамои фаъолияти минбаъдаи эҷодии ӯ будаанд. Баъди фавти […]Идома...
НОҲИД (Норинисо Фозилова) 18 августи соли 1966 дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш фаро гирифтааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт ва шеъру шоирӣ рағбат дошта, таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома бахшидааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соҳаҳои мухталиф кор кардааст. Дар ҷодаи шоирӣ қадами […]Идома...
НУРАЛӢ НУРЗОД (Нуров Нуралӣ Норович) 20 сентябри соли 1974 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба итмом расондааст. Солҳои 1996-1999 дар аспирантураи донишгоҳ таҳсил карда, соли 2002 дар мавзӯи «Маърифат ва шарҳи ашъори Бедил» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 2002-2009 мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии […]Идома...
УМРИДДИНИ НӮШИН (Юсуфов Умриддин) 1 октябри соли 1974 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1992-1997 донишҷӯи бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баъдан аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи филологияи араби ҳамин факулта будааст. Солҳои 1999-2002 дар кафедраи филологияи араби факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгорӣ кардааст. Аз соли 2000 то 2014 […]Идома...
ҲАМИД ОБИДӢ соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Аз соли 1924 дар хонаи бачагон парвариш ёфтааст. Соли 1928 муҳассили Донишкадаи муаллимини Тошканд шуда, баъди хатми он моҳи майи соли 1930, ба Душанбе омадааст. Дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Барои маорифи коммунистӣ», «Тоҷикистони Сурх», «Васияти Ленин», «Пионери Тоҷикистон», Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва Трести […]Идома...
ЛУТФӢ ОБИДХОҶА (Обидхоҷаев Лутфулло) соли 1898 дар шаҳри Ӯротеппа ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна гирифта, сипас дар мактаби русӣ таҳсил кардааст. Аз сабаби танқисии рӯзгор чанд сол фориғи таҳсил буда, баъдан ба чорводорӣ машғул шудааст. Соли 1914 ба Тошканд рафта, дар заводи хишт ба кор даромадааст. Солҳои аввали Давлати Шӯравӣ курси яксолаи […]Идома...
СУЛТОНМУРОДИ ОДИНА 3 ноябри соли 1950 дар деҳаи Куҳони ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омада, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Дар парваришгоҳҳои навоҳии Шаҳринаву Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) парвариш ёфта, дар мактабҳои №56 ва 12 ноҳияи Ҳисор соҳиби маълумоти миёна шудааст. Солҳои 1967-1972 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, баъди хатми […]Идома...