ҒАФФУР МУЛЛО (Муллоев) соли 1922 дар мавзеи зебоманзари Даштиҷуми собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1940 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш.Кӯлобро хатм карда барои кор ба Даштиҷум фиристода мешавад. Мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти Кумитаи ҳизби собиқ ноҳияи Даштиҷум шуда, адои вазифа менамояд. Солҳои 1945-1947 дар Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунии ш.Кӯлоб таҳсил менамояд. Баъд аз хатми донишкада солҳои зиёде […]Идома...
ҲОҶӢ МУРОД (Муродалӣ Хоҷаев) 17 июли соли 1942 дар рустои Ялдамичи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби ҳафтсолаву миёнаи махсус вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардида, таҳсилро соли 1967 муваффақона ба итмом расондааст. Ҳамон сол дар нашрияи «Қаротегини Советӣ» ба фаъолият пардохта, баъдан дар Кумитаи радиову […]Идома...
АЛИМУҲАММАД МУРОДӢ 3 августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омада, соҳиби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш гардидааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин аст. Солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, […]Идома...
АЛИШЕРИ МУҲАММАДӢ 22 июни соли 1977 дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1994 таҳсилоти миёнаи умумиро фаро гирифта, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардидааст. Баъди хатми мактаби олӣ фаъолияташро дар мактаби №1 шаҳраки Ғарм оғоз бахшида, сипас дар вазифаҳои директори мактаб, мушовири шуъбаи маориф, мудири шуъбаи фарҳангу маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳияи […]Идома...
ШАРИФИ МУҲАММАДЁР 31 январи соли 1950 дар деҳаи Насрӯди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб таваллуд ёфтааст. Соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳаш, соли 1972 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона хатм карда, пайваста машғули омӯзгорӣ будааст. Ба эҷоди шеър аз аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта оғоз кардааст. Намунаҳое аз осораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф […]Идома...
ҚУРБОНИ МУҲАММАДӢ 20 марти 1938 дар деҳаи Анҷири совхози Баракати ноҳияи Ваҳдат таваллуд ёфтааст. Соли 1968 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, аз ҳамон сол машғули тадриси забону адабиёти тоҷик шудааст. Аз даврони муҳассили донишгоҳ будан машқи шеъру шоирӣ кардааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?» (1984), «Гули ситора» (1985), «Кокули бом» (1991), […]Идома...
РАҲМАТ НАЗРӢ 15 октябри соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш ва соли 1973 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонидааст.Чанде мухбири рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1973-1979), коргузори Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон (1979-1983), мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт […]Идома...
(Аслонов Наимҷон) 20 августи соли 1936 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Соли 1954 мактаби миёнаи №1 ба номи М.Горкийро ба итмом расонда, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин шудааст ва соли 1959 бомуваффақият ба охираш расондааст. Баъди хатми донишгоҳ аввал ходимӣ адабӣ, сонӣ мудири шуъба ва мухбири махсуси маҷаллаи «Хорпуштак» […]Идома...
КАМОЛ НАСРУЛЛО 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти […]Идома...
ДОРО НАҶОТ 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1961 фориғуттаҳсили мактаби мутавасситаи зодгоҳаш гашта, солҳои 1961-1966 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод таҳсил кардааст. Хидмати аскариро ба ҷой оварда, дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ кор кардааст. Соли 1978 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор ба кор шурӯъ карда, то […]Идома...