САДРИДДИН АЙНӢ Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Устод Садриддин Саййидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфта, айёми баччагияшро дар миёни аҳли заҳмат сипарӣ намудааст. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилнишин ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмате, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ […]Идома...
ҚУЛМУҲАММАД АБДУЛҲУСЕЙН 29 октябри соли 1929 дар деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 Мактаби олии комсомолии Маскавро хатм карда, солҳои дароз дар корҳои комсомолӣ, аз ҷумла, котиби дувуми Кумитаи комсомоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мудири шуъбаи тарғиботи КМ ЛКСМ Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Чанде муовинии сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»-ро бар уҳда доштааст. […]Идома...
БАРОТИ АБДУРАҲМОН 15 сентябри соли 1947 дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ноҳияи Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан устоди Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, сармуҳаррири барномаҳои адабию драмавии телевизиони тоҷик, муҳаррири калони илмии сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик, муовини сармуҳаррири моҳномаи […]Идома...
АЗИЗИ АЗИЗ 12 феврали соли 1960 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби ҳаштсоларо дар зодгоҳаш ва миёнаро дар интернати шаҳри Чкалов хатм карда, соли 1977 муҳассили факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шудааст. Баъди хатми донишгоҳ (1982) муддате корманди радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи сертиражи «Абрешимбофи пешқадам» будааст. Баъдан ба […]Идома...
ШАРИФБЕК АЗИЗӢ 24 апрели соли 1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд ёфтааст. Соли 1981 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм карда, барои кор ба ВКД ҶТ фиристода шудааст. Аз январи соли 1982 то июни 2010 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти милисаи кишвар фаъолият намудааст. […]Идома...
ҶОНИБЕКИ АКОБИР 5 ноябри соли 1952 дар деҳаи Рӯшании ноҳияи Дарбанд (собиқ Комсомолобод) ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати №2 шаҳри Душанбе гирифта, баъди адои хизмати ҳарбӣ факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (1986) хатм кардааст. Муддате коргари фабрикаи қаннодии «Ширин», баъдан мусаҳҳеҳи нашриёти «Ирфон» (1971-1978), мухбири ТоҷикТА (1978-1980), мухбири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980-1983), корманди […]Идома...
ЮСУФ АКОБИРОВ 1 октябри соли 1937 дар деҳаи Соктаре (ҳозира Садриддин Айнӣ)-и ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро зода шудааст. Баъди касби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш соҳиби дипломи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1959) гардидааст. Сипас, чанде мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», солҳои 1960-1961 донишҷӯи Курси олии филмноманависон (Маскав), ходими адабии рӯзномаи […]Идома...
ҚУРБОНИ АЛАМШОҲ (Аламшоев Қурбониддин Мирзовафоевич) 5 июни соли 1960 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Шуғнон (ҳозира Роштқалъа)-и ВМКБ таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №69 ба номи Павел Лукнитский муддате дар совхози «Октябр»-и ноҳия коргар будааст. Соли 1979 вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли […]Идома...
ҚУРБОН АЛӢ (Ӯрмонов Қурбоналӣ) 5 январи соли 1936 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1959 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории 6а номи С.М.Кировро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони Хонаи эҷодиёти халқи Идораи фарҳанги вилоят, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Зафаробод, мухбири махсуси рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолият бурдааст. Намунаҳое аз офаридаҳои […]Идома...
МИРАҲМАДИ АМИРШОҲ 10 апрели соли 1956 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 мактаби миёна, соли 1977 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро ба фарҷом расондааст. Фаъолияти кориро дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» (1977) оғоз карда, сипас дар ҳафтаномаҳои шаҳрии «Роҳи Ленинӣ» ва «Ҳақиқати Кӯлоб» идома додааст. Айни замон дар Кумитаи телевизион […]Идома...