ТӮРАХОНИ АҲМАДХОН 1 июни соли 1935 дар деҳаи Шаршари ноҳияи Кангурт таваллуд ёфтааст. Даҳ сол дар хонаи кӯдакон тарбият гирифта, соли 1955 муҳассили Институти давлатии театрии ба номи А.В.Луначарский (Маскав) шуда, соли 1960 соҳиби диплом гардидааст. Баъди як соли дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Хуҷанд кор кардан ба Театри давлатии академии […]Идома...
ҒАЮР АШӮР 15 ноябри соли 1951 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби деҳа, соли 1965, донишомӯзи Омӯзишгоҳи фарҳангу маърифати ноҳияи мазкур, баъдан, соли 1968, шогирди факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко шуда, баъди хатмаш, соли 1973, дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси коргардон ва […]Идома...
6 ноябри соли 1948 дар деҳаи Лучоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаи №16 ба номи Т.Г Шевченкои деҳаро хатм кардааст. Соли 1965 муҳассили Донишкадаи давлатии педогогии ба номи Т.Г. Шевченко шудааст. Баъди ду соли таҳсил, баробари ифтитоҳи факултаи санъат дар ҳамин донишкада, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи навтаъсис супурда, таҳсилро аз курси аввал сар кардааст […]Идома...
ҒАНӢ АБДУЛЛО 11 марти соли 1912 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1932 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст. Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф, котиби ИН Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ будааст. Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои сиюми асри гузашта рост меояд. Маҷмӯаҳои […]Идома...
ШАМСӢ ҚИЁМ 1 январи соли 1920 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1941 Студияи тоҷикӣ ва соли 1952 факултаи таҳиягарони Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро (дар Маскав) хатм кардааст. Баъдан ходими рӯзномаи «Қизил Тоҷикистони», ҳунарпеша ва таҳиягари Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, таҳиягари Киностудияи «Тоҷикфилм», сартаҳиягари Телевизиони […]Идома...
ТОҲИРИ МУҲАММАДРИЗО 17 майи соли 1964 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №60 муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва корманди Осорхонаи ҷумҳуриявиии таъриху кишваршиносии ба номи Камолиддини Беҳзод будааст. Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм […]Идома...
МУҲАММАДҶОН РАБИЕВ 2 майи соли 1913 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1934, баъди хатми факултаи коргарӣ ва курси яксолаи муҳосиба, ба Помир ба кор рафтааст. Соли 1936 ба дастаи ҳунарпешагон ҳамроҳ шуда, дар театри навтаъсиси Хоруғ таҳиягар ва иҷрокунандаи нақшҳо будааст. Соли 1938 ба Раёсати санъат (Душанбе) ба кор омадааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги […]Идома...
САЙИДСУЛТОН САЙИДМУРОДОВ 5 майи соли 1905 дар шаҳри Исфара таваллуд ёфтааст. Соли 1927 Факултаи коргарии ба номи М.И.Калинин (Маскав)-ро хатм кардааст. Мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Исфара (1928-1929), инструктори шуъбаи ташкилии КИМ-и РСС Тоҷикистон (1929-1940), яке аз барпокунандагони Театри драмавии тоҷик, аз ҷумлаи нахустин актёрон ва режисёрони кишвар будааст. Фаъолияти эҷодияш аз солҳои сиюми асри […]Идома...
СУЛТОН САФАР 13 марти соли 1935 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкини Маскавро хатм кардааст (1958). Солҳои 1958-1965 актёри Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, инспектори калони Раёсати санъати Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон, […]Идома...
АЪЗАМ СИДҚӢ 18 апрели соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, муддате дар рӯзномаю маҷаллаҳои марказӣ фаъолият бурдааст. Дар давоми солҳои гуногун котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардори Раёсати санъати Вазорати маданият, сармуҳаррири Кумитаи радио ва тевизиони ҷумҳурӣ, директори Киностудияи «Тоҷикфилм», Театри […]Идома...