ХУРШЕДА ОТАХОНОВА 2 сентябри соли 1932 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Cоли 1948, баъди хатми мактаби занонаи №10 ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1953 бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 1953 вориди аспирантураи Институти забон ва адабиёти […]Идома...
БОБОБЕК РАҲИМӢ 26 майи соли 1947 дар Деҳи Калони воҳаи Яғноби ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1954 дар ҷараёни кӯчондани сокинони кӯҳистони Яғноб ба Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он, хонадони падари Бобобек Раҳимӣ дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Ленин (Рӯдакии ҳозира) рахти иқомат густарда, то соли 1961 сукунат варзидааст. Аз соли 1961 дар шаҳри Душанбе […]Идома...
РАВШАН РАҲМОНӢ 28 ноябри соли 1954 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами панҷи деҳаро ба поён расонда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ (1977) дар Кумитаи радио ва телевизони ҷумҳурӣ (1977-1978), сипас дар ДМТ ба […]Идома...
РАҲМОНЗОДА АБДУҶАББОР АЗИЗӢ 15 марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1978 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1983 бо баҳои аъло хатмаш намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз кардааст. Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон тарҷумонӣ карда, моҳи ноябри […]Идома...
МАЪРУФ РАҶАБӢ 14 феврали соли 1955 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст. Дар мавзӯи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ қариб […]Идома...
ҲАЗРАТ САБОҲӢ 15 декабри соли 1948 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1971 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хамт кардааст. Солҳои 1971-1976 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») ба ҳайси корманди адабӣ, мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва котиби масъул ифои вазифа намудааст. Солҳои 1976-1979 дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи […]Идома...
ҶАМОЛИДДИН САЙИДЗОДА 20 феврали соли 1952 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Солҳои 1959-1967 дар мактаби 8-солаи №77 деҳаи Кабкрез хондааст. Баъдан таҳсилро дар мактаби миёнаи №2 деҳаи Гумбулоқ (ҳозира Меҳробод) идома дода, соли 1969 соҳиби номаи камол гардидааст. Солҳои 1972-1974 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъди адои хидмати аскарӣ муддате дар […]Идома...
ШОҲВАЛӢ САЙИДҶАЪФАР 5 июли соли 1944 дар деҳаи Ҷирабулоқи ноҳияи Восеъ ба ҷаҳон омадаааст. Соли 1951 ба мактаби миёнаи №3 рафта, курси пурраи онро соли 1961 тамом кардааст. Солҳои 1962-1963 дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №4 шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Солҳои 1963-1964 дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Фархор сарпешоҳанг, ҳамзамон, устоди таълими меҳнат будааст. Моҳи августи соли […]Идома...
АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1940 ба мактаб рафта, соли 1950 мактаби миёнаи №3 шаҳри Хуҷандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1950-1954 донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров буда, баъди хатми он дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба ҳайси муаллими […]Идома...
НОСИРҶОН САЛИМОВ 3 декабри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони адабиётшиноси маъруф Юсуфҷон Салимов (1935-1978), ба ҷаҳон омадааст. Соли 1978 мактаби миёна, соли 1982 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро ба итмом расонда, солҳои 1982-1984 лаборанти кафедраи адабиёти донишкадаи мазкур будааст. Аз сентябри 1984 дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба […]Идома...