МАЪРУФ РАҶАБӢ

МАЪРУФ РАҶАБӢ 14 феврали соли 1955 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.

Дар мавзӯи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ қариб 100 мақола ба табъ расондааст. Бештар осори Устод Айнӣ, Ҷ. Икромӣ. С. Улуғзода, Р. Ҳодизода. Ю. Акобиров ва У. Кӯҳзодро баррасӣ кардааст.

Дар таҳқиқи масъалаҳои таҳаввули жанри таърихӣ, поэтикаи наср, анъанаву навоварӣ майлу рағбати қавӣ зоҳир намудааст.

Солҳои охир барои аз назари тоза ба муҳокима гирифтани таърихи адабиёти муосирамон, махсусан, проблемаҳои алоқаманди ҷадидия, талош варзида, дар ин бора мақолаҳои «Рӯйдодҳои зиндагӣ ва инкишофи характер» (1988), «Қадамҳои ноустувору устувори танқид» (1989), Андаке дар бораи «душманони халқ» (1990), «Сабақҳои сиёсати адабӣ» (1990), «Ҷадидия ва инқилоб» (1991), «Тарбия ва адабиёт» (1992), «Барои шумо аз асри ХХI» (1992) ва ғ., ҳамчунин, рисолаҳои «Ислом: Ҷадидия ва Инқилоб» (1998), «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920-1954» (1998)-ро ба қалам овардааст.

Муаллифи китобҳои «Тадқиқоти таърих– тадқиқи характер» (1990), «Насри тоҷикии замони ҷанг. Таҳаввули поэтика» (1990), «Ба фикри ман»(2003), «Сотим Улуғзода – абармарди набарду андеша» (2004) ва ғ. мебошад.

Доктори илмҳои филология (1998), узви вобастаи АИ ҶТ (1999).

Соли 1999 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

24 декабри соли 2001 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо