Ба ҳамин наздикиҳо китоби тозаэҷоду тозанашри устод Абдулҳамид Самад бо номи «Инсон ва нависандаи нодир» (Душанбе, «Шарқи озод», 2025.) бо соядасти муаллиф ба дастам расид. Ин асар перомуни шахсият ва мактаби адабии Нависандаи халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев иншо шуда, андешаву нигоштаҳои ҷолиби шогирду пайрави мактаби адабии мазкур устод Абдулҳамид Самадро дар бар гирифтааст. […]Идома...
Ба муносибати 85-солагии шоири зиндаёд Нозирҷон Боҳирӣ Одатан касеро адиби бачаҳо мегӯянд, ки ҳаёту эҷодиёташро барои адабиёти кӯдакону наврасон бахшидааст ё баробари эҷоди асарҳо барои калонсолон дар адабиёти кӯдакон низ дастоварде дорад. Нозирҷон Боҳирӣ номбардори ин пешаи пуршарраф аст. Вай қариб сӣ сол дар матбуоти кӯдакону наврасон кор кард. Беҳтарин фурсати умр, айни қудрату ғайрати […]Идома...
Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ 80-сола шуд Дар ҳама давру замон меъёри асосии шинохти ҳунари суханвар ва сухангустар каломи ӯст. Каломи созанда, каломе, ки дилҳоро тасхир карда, ба хонанда эҳсоси ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ифтихори миллӣ ва башардӯстӣ илқо менамояд, ба муаллиф умри ҷовид мебахшад. Ашъори қавию баландпарвози Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ кайҳост, ки ба гӯшаҳои […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии шодравон Муҳаммад Субҳон Бо нависандаи хушзавқ Муҳаммад Субҳон тайи чанд сол дар маҷаллаи “Хуҷанд” (ҳоло “Паёми Суғд”) ҳамкор будем. Солҳои ҳамкорӣ бо нависандаи табиатшинос дар хотираҳоям хуб нақш бастаанд, зеро ӯ дар баробари содиқ будан ба пешаи интихобкардаи худ инсони хуб ҳам буд. Нисбат ба ҷавонон ҳамеша ғамхорона муносибат мекард. Ба зиндагии […]Идома...
Ба муносибати 85-солагии Нависандаи Халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо Публитсисти номдор ва тарҷумони хушсалиқа Бахтиёр Муртазо аз солҳои шастуми асри гузашта бо қадамҳои устувор ба майдони матбуот ва адабиёт омада, дар имтидоди беш аз шаст сол ҳамчун рӯзноманигор ва тарҷумону нависанда рисолати худро то имрӯз бо сарбаландӣ идома медиҳад. Агарчи дар ибтидо ҳамчун публитсисти борикбин ва […]Идома...
Шӯхие дар шодбоди ҷашни устод Мавлоно Тӯрахон Аҳмадхони Кандгурдӣ аз шаҷараи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кандгурдӣ буда, навасаи 731-уми ин орифи маъруф маҳсуб мешавад. Устод Тӯрахон дар нимаи қарни ХХ ба ҷараёни ҷадиди адабӣ – «парешония», ки бо истилоҳи илмӣ «парешонизм» мегӯянд, асос гузошт. Ӯ дар роҳи эҷод риштаи ҳунар ва риштаи адабиётро ба ҳам гиреҳ баст […]Идома...
Ба муносибати 115 солагии Боқӣ Раҳимзода Дар бораи устод Боқӣ Раҳимзода чизе навиштан, ба кӯтоҳӣ ҳам бошад, сухан дар бораи адабиёте меравад, ки бо сарварии раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистони онвақта, яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои адабиёти даврони шуравӣ, устод Мирзо Турсунзода дар солҳои 50- 70-уми асри гузашта мақоми хоса дошт. Дар ин даврон дар радифи номи […]Идома...
Ба муносибати 110-солагии Носирҷон Маъсумӣ Аввал ошноӣ, баъд шогирдӣ, сипас, дӯстии хонаводагӣ насибам шуд, ки устоди зиндаёд Носирҷон Маъсумӣ дар ташаккули шахсияти инсонӣ ва илмиву адабии банда нақши носутурданӣ гузоштаанд. Аз устод натанҳо одоби шинухез, рафтору кирдору гуфтор, муносибату муомила бо атрофиёнро ҳатталимкон меомӯхтам ва натанҳо аз дониши фаровонашон дар соҳаҳои гуногуни илми филология баҳраҳо […]Идома...
Нависандаи шинохта Шарифбек Азизӣ 70-сола шуд Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар адабиёти тоҷик, дар баробари назм, дар бахши наср низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла, ба майдон омадани як силсила асарҳои детективӣ далели он аст, ки носирони детективнигор дар тасвиру бозтоби бадеии воқеаву рухдодҳои мураккаби иҷтимоӣ, оилавию маишӣ ва офаридани симоҳои муборизу талошманд, ки […]Идома...
Ба ёди Анвар Мирзоҳакими Олим Боре аз роҳи зеризаминии Терминали мусофиркашии пойтахт мегузаштам ва дар китобфурӯшии кӯчаки он ҷо чашмам ба китобе бо номи ғайримаъмулии «Баччаи лалмӣ» афтод. Нависандаи ин китоб Анвар Мирзоҳакими Олимро ғойибона мешинохтам ва асарҳояшро қаблан аз нашрияҳо хондаву писандида будам. Китобро варақ задам ва мундариҷааш зуд таваҷҷуҳамро ҷалб карду бо худ […]Идома...



