БАҲРОМ ФИРӮЗ – НАВИСАНДАИ ШОИР

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии шоир ва нависандаи тоҷик Баҳром Фирўз маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим изҳор дошт, ки Баҳром Фирўз тамоми зинаҳои камолотро ҳамчун як адиб тай карда буд. Бештар дар кори нашриёт заҳмат кашид. Ҳам адлу инсоф дошт ва ҳам сахтгиру масъулиятшинос буд. Мутаассифона, бар асари марг дар соҳаи наср ҳамагӣ 20-22 сол фаъолият кардаасту халос. Лекин беш аз панҷоҳ ҳикоя, ҳашт  қисса, як роман, мақолаҳои зиёди публитсистию адабиётшиносию ҷомеашиносӣ навиштааст.

Зимни гузориши худ доктори илми филология Умар Сафар иброз дошт, ки осори адабии Баҳром Фирўз аз вижагиҳои хосе бархўрдор мебошад.

«Вақте ки мо ҷавон будем, номи Баҳром Фирўз аллакай дар баробари номҳои шоирони машҳурамон Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон шуҳрат дошт. Устод Бозор Собир баъдтар ба майдони адабиёт омад. Баҳром Фирўз ҳарчанд ки баъдҳо қиссаву ҳикоя, мақолаҳои зиёд ва роман навишт, тамоми умр шоир монд», — изҳор дошт зимни суханрониаш Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

Тавре Гулназар Келдӣ гуфт, Баҳром Фирўз дар вақташ ҳикояе навишта буд, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти  Ленин вобастагӣ дошт. Чун он ҳикоя дар моҳномаи «Садои Шарқ» чоп шуд, устод Мирсаид Миршакар ва баъд устод Мирзо Турсунзода тавсия доданд, ки ў бештар ба кори нависандагӣ машѓул шавад. Баъдан ҳикояву қиссаҳои зиёд навишт. Ў, ки пеш аз ҳама шоир буд, забони муъҷаз ва зебоии шеърро дар наср ҷо карда тавонист. Қиссаву ҳикояҳояш шоирона эҷод шуданд. Дар асарҳояш хаёлоти бадеӣ баланд аст ва нависанда бо донишу маҳорати зиёд аз як чизи одӣ асари олиҷаноб меофарид.

Шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон  Гулрухсори Сафӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Аскар Ҳаким, нависанда  Мирзонасриддин, шоир Муҳтарам Ҳотам, фарзандони Баҳром Фирўз ва дигарон хотираҳои ҷолибро аз рўзгор ва фаъолияти эҷодии адиби маъруф нақл карданд. 

Чанде аз донишҷўёни фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шеърҳои Баҳром Фирўз қироат намуданд. Сарояндаи ҷавон Хуршед Иброҳимов бо шашмақомсароии худ хотири ҷамъомадагонро болидатар кард. Фарзандони Баҳром Фирўз — Марворид ва Искандар аз падари худ хотираҳо нақл намуданд. Маҳфил бо таассуроти зиёд аз гуфторҳои адибон ба охир расид.

 Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо