БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН САТТОР ТУРСУН

МУҲТАРАМ САТТОР ТУРСУН!

Шумо ҳангоми таҳсил дар соли чаҳоруми  шуъбаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои хидмат ба халқу ватани хеш ҳамчун ровии радиё нахустгомҳои худро гузоштед.  Чун соли 1970 соҳиби рисолаи дараҷаи олӣ гардидед, бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ва сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб барои идомаи фаъолият ба идораи маҷалла ба ҳайси мудири шуъбаи публитсистика ҷалб гашта, баъдан  масъулияти мудири шуъбаи наср ба Шумо вогузор гардид ва чанд муддат иҷрои вазифаи сармуҳарриро низ ба уҳда доштед.

Солҳои 1990-1991, яъне то пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳайси мудири шуъбаи идеологии КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҳамзамон узви Кумитаи Марказии он, солҳои 1992-1995 шореҳи сиёсии рўзномаи «Ҷумҳурият», соли 1993 котиби матуботии Сарвари давлати Тоҷикистон ва солҳои 1995-1997 сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» ифои вазифа намудед.

Шумо бунёдгузор ва нахустсармуҳаррири рўзномаи иҷтимоӣ-фарҳангии нашрияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Баҳори Аҷам» буда, дар он аз соли 2000 то соли 2009 фаъолият намудед.

Нахустҳикояҳои Шумо солҳои донишҷўӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ», рўзномаҳои «Маориф ва маданият» ва «Тоҷикистони советӣ» чоп гардида, ҳамчун нависанда ҳамон солҳо дар миёни мардум маҳбубият пайдо намудед.

Шумо беш аз 50 сол мешавад, ки пайваста ба фаъолияти эҷодӣ машғулед ва  бо офаридани осори мондагоре чун романҳои «Се рўзи як баҳор», «Камони Рустам», «Садама, ё худ Достони як марди саргардон», қиссаҳои «Пайванд», «Сукути қуллаҳо», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Девор», «Аз субҳ то шом», «Санг дар бағал ба тўфон», «Ҳасрат», «Мўйсафедон», «Дўсти ман Бароталӣ», «Эътироз»  ва ғайра ганҷинаи насри адабиёти тоҷикро боз ғанитар гардонидед.

Аксари асарҳои эҷоднамудаи Шумо ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаҳои номдоре чун «Наш современник», «Дружба народов», «Аврора», «Молодая гвардия», «Роман-газета», ҳафтаномаҳои «Литературная газета» ва «Литературная Россия» ба табъ расидаанд. Ҳамчунин осори Шумо ба забонҳои олмонӣ, маҷорӣ, англисӣ, словакӣ, ветнамӣ, булғорӣ, арабӣ, ҳиндӣ, урду ва ба забонҳои ағлаби ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тарҷума шуда, дастраси миллионҳо хонанда гардиданд.

Маҷаллаи «Симурғ» дар Эрон намунаи осори Шуморо бо хати ниёгон ба нашр расонд. Ифтихор аз он дорем, ки  ҳашт китоби алоҳидаи Шумо дар интишороти бонуфузи шаҳрҳое чун Маскав,Таллин, Будапешт ва Тошканд ба забонҳои русӣ, эстонӣ, маҷорӣ, ўзбекӣ ва арабӣ ба табъ расиданд. Осори Шумо дар баробари нақду баррасиҳои донишмандони тоҷик мавриди нақд ва пажўҳиши коршиносони хориҷӣ низ қарор гирифта, назари эшон дар маҷаллаҳое чун «Литературное обозрение», «Дружба народов», «Нева», «Шарқ юлдузи», ҳафтаномаҳои «Литературная газета» ва «Неделя» ба табъ расида, маҳорати нависандагии Шумо баҳои баланд гирифт ва ба баракати ин эътибори насри мо дар миқёси байналмилалӣ боло рафт.

Шумо дар тарҷума низ худро  бо салиқа ва маҳорати воло муаррифӣ намуда, намунаи офаридаҳои суханварони машҳури дунё, монанди Лев Толстой, Андрей Упит, Ион Друтсе, Серо Хонзодян, Александр Беляев, Ҷек Лондон, Грант Матевосян, Абдулкарим Ғаллоб, Шервуд Андерсон, Урхон Камол ва дигаронро барои хонандаи тоҷик ошно намудед.

Соли 1982 бо фармоиши Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии СССР аз рўйи романи «Камони Рустам» дар идораи кинои ҷумҳурӣ филми бадеии «Айёми туманҳои зимистон» иборат аз ду қисм ба навор гирифта шуд.

Заҳмати чандинсола ва фаъолияти пурбаракати Шумо бо Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии РСС Тоҷикистон, медали биринҷии раёсати Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР, ордени «Дўстӣ», медалҳои «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5-солагии Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чандин нишони дигари соҳавӣ ва Мукофоти комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва унвони  баланди  Нависандаи халқии Тоҷикистон қадр гардидааст.

Устоди  гиромӣ, 75-умин солгарди умри бобаракатро барои Шумо ва аҳли адабу илми кишвар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хотири осуда ва табъи болида таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Бозор СОБИР

                   Ҷомаи Сатторӣ

Сад ҷашнам агар бигзашт, сад маъракаам, оре

Ман ҷома напўшидам аз дасти касе, оре.

Буғзе, ки ба дил дорам аз ҳасрати ин хорӣ,

Аз шодӣ намегунҷам дар ҷомаи сатторӣ*.

____________

*Ҷомае, ки аз Саттор Турсуни азиз пўшидаам.

 

Саттор Турсунро хонандагони сершуморе дер боз нависандаи худ медонанд. Яъне дар асарҳои ў афкору эҳсос, орзую омол, хулоса, дунёи рўҳонии худ ва ё ба ин монанд чизеро дарёфтаанд.

Адиб роҳи дуру душвореро паймуда, дар дунёи дили хонандагонаш манзил кардааст.

Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Дӯсти шоирам Сайидалӣ Маъмур боре ба муносибати Соли Нав бадоҳатан гуфта буд ба ман:

Тиру камон ба чашмат

Тобад «Камони Рустам»,

Бошад нишонаи ту

Рамзи нишони Рустам.

Бигзашт барф, охир,

Шуд сурх теппаю тал!

Мо романи наверо

Ҳастем аз ту маътал…

Ҳамон вақтҳо валвалае сари по буд аз ҷониби баъзе ҳамдиёрони  ҷўгитабиат ва аризакаши банда, ки сурату сирати худро аз саҳифаҳои «Барф ҳам мегузарад», ба хусус қиссаи «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх» баръало шинохта, гирифтори тарсу ҳарос, то ба Ҷаббор Расулов шикоят меоварданд. Шояд аз таъкиди умри тезтак… ҳоло ҳамон соли пурмағал низ дар назарам бисёр азиз аст. 

Саттор ТУРСУН


Дидаи хатхӯрда

Барои Саттор Турсун

Сабз тобад чеҳраи афсурдаат,

Мерасад озарм аз озурдаат.

Мекунад аз тозакорӣ қиссаҳо

Ҳарфҳои дафтари афсурдаат.

Хотиру дилҳои мардум кардаӣ

Шодмон бо ғуссаҳои хўрдаат.

Зиндагӣ дар домани талҳои сурх

Кард чанде чун анор афшурдаат.

Достони се рўз аз як навбаҳор

Дод унвон марди соҳибгурдаат.

Баҳри мо ҷунбондан аз ҷо мушкил аст

Бори то даргоҳи мақсад бурдаат.

Барф то бигзашт, гаштӣ мўсафед,

Буд соле ҳар дами бишмурдаат.

Кард умри қаҳрамонатро дароз

Ҷони дар роҳи сухан биспурдаат.

Кўр гаштам гуфтанат бошад ғалат,

Гашта хатхўр дидаи хатхўрдаат.

Муҳаммад ҒОИБ


СУХАНОНИ ДӮСТОН ВА ҲАМҚАЛАМОН

Перомуни махсусияти асарҳои Саттор Турсун ва ҳунару маҳорати ў чун нависандаи чирадаст бисёр навиштаанду менависанд. Банда танҳо ҳаминро ёдрас мекунам: имрўз дар радифи устодони насри муосири тоҷик номи Саттор Турсун, ки асарҳояш ба бисёр забонҳо тарҷумаву нашр низ шудаанд, ҷойи хоса дорад. Ин аст бахт ва лаззати ҷонфарсоиҳои як нависандаи заҳматписанду дар майдони сухан фидоӣ.

Абдулҳамид САМАД,

Нависандаи халқии

Тоҷикистон


Яке аз хусусиятҳои муҳими эҷодии Саттор Турсун ин аст, ки вай чун баъзе нависандагон барои «хонданбоб» шудани асараш ё худ хонандаро ҷалб кардан ба диққатангезии зоҳирӣ намекўшад.

Тасвири ў орому батамкин, муъҷаз ва ҳаққонист. Воқеаҳо, муносибати қаҳрамонон ва рафтору хислати онҳо ба ҷуз маънии асл мазмуни таҳтонӣ низ доранд.

Ҷўрахон БАҚОЗОДА,

мунаққид


 Дар романи «Се рўзи як баҳор»-и Саттор Турсун ҷанги фоҷиавии шахсиятҳо дар заминаи як фалокати таърихӣ сурат мегирад. Дар ин ҷо муаллиф дар асари худ ба қуллаи мақсуд мебарояд, ки танҳо Шолохов дар ҳикояҳои «Дони ором» расидааст. Аз ин рў, асари зери назар як асари барҷастаи адабиёти муосири тоҷик аст.   

Вазифаи нависанда ба таври ҳаққонӣ тасвир кардани қаҳрамонҳои асар буда, муҳокимаи он дар дасти хонандагон мебошад.

Аз мақолаи Вадим ЗАЙЧЕНКО «Мировая литературная традиция в творчестве С. ТУРСУНА», маҷаллаи «Памир», 1996


Ин қиссаи ту маро ба маънии хубаш дар ҳайрат гузошт. Аз дунёи гурезагони ҷанг чӣ асарҳое ки ба вуҷуд омаданд! Дар ин қатор «Зинда бошу фаромўш макун»-и Распутин, «Рўбарў»-и Айтматов… Ман  андеша доштам, ки боз чӣ гуфтан мумкин аст аз боби гурезагон. Аммо ту тавонистаӣ як чизи тоза ва бузурге кашф намоӣ. Ҳам Содиқ, ҳам Акрам, ҳам Холбибӣ гўё билкул аз мағзи зиндагӣ бархостаанд. Бале,  дар воқеъ чунин буд. Ин ҳамаро ман аз рўзгори деҳаи худ медонам. Дар рафти мутолиа ҳатто гумон мебурдам, ки ту одамони ба ман шиносро тасвир кардаӣ. Табиат низ ба ҷонам пайванд буд, – ҳамон кўҳҳои босалобати гўё зинда. Боз… ҳамон мардони ботаҳаммул, ҳамон занҳои покиза, маъсум, бисёр азиз ва бароям қарин, ки дилҳоро ба дард меоранд…»

Аз мактуби Нависандаи халқии Ўзбекистон  Одил ЁҚУБОВ, маҷаллаи «Памир», 1996 

Дигар хабарҳо