ОЗМУН ИДОМА ДОРАД

ОЗМУНИ АСАРҲО БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тавре адибони муҳтарам огоҳӣ доранд, 27 августи соли 2019, Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмуни асарҳои адабиро эълон намудааст (“АС”, 29 августи соли 2019, №35 (2006). Шоирону нависандагон, публитсистону адабиётшиносон то кунун асарҳои алоҳидаи худро ба комиссияи озмун пешниҳод намуда истодаанд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани аҳли қалам ва хотирнишон кардани вазифаҳо ва шартҳои озмун низомномаи он такроран манзур мешавад.

  1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сентябри соли 2019 то августи соли 2021 дар байни адибон озмуни асарҳои адабӣ — шеъру ҳикоя, шеъру ҳикоя барои кўдакону наврасон, публитсистика, мақолаҳои нақду адабиётшиносӣ гузаронида мешавад.
  2. Ҳадафи озмун эҷоди шеърҳо, ҳикояҳо, очеркҳо, мақолаҳои нави баландғояи ватандўстона ва тавассути онҳо тараннуми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллӣ мебошад.
  3. Дар озмун аъзои ИН ва адибони ҷавони болаёқат иштирок мекунанд. Аз ҳар муаллиф як асар қабул карда мешавад.
  4. Мутасаддии баргузории озмун бахшҳо, шуъбаҳо ва нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошанд.
  5. Озмун охири августи соли 2021 дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ҳар ғолиби он соҳиби диплому мукофоти пулӣ мешавад.
  6. Ҷараёни озмунро комиссияи таъсисдодаи Раёсати ИН роҳандозӣ ва назорат менамояд, ки баъди бо риояи қатъии шартҳои ҳамин низомнома ҷамъ овардан ва ба ҳайати ҳакамот супурдани асарҳои ба озмун омада вазифааш анҷомёфта ҳисобида мешавад.
  7. Муаллифон асарҳояшонро бо зикри «Ба озмуни 30-солагии Истиқлолият» ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8 (почтаи электронӣ:adibon_2011@mail.ru) ирсол менамоянд.
  8. Шеър бояд аз 150 сатр, ҳикоя, очерк ва мақола аз 15 саҳифаи А-4 (фосилаи байни сатрҳо 1,15, ҳуруфи Times New Roman Tj) зиёд набошад.

Қабули асарҳо 2 сентябри соли 2019 оғоз ёфта, 1 августи соли 2021 қатъ мегардад.

  1. Асарҳои сазоворро дар ҷараёни озмун бо тавсияи комиссияи баргузории он таҳти рубрикаи «Ба озмуни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» дар нашрияҳои ИН нашр кардан мумкин аст.
  2. Асарҳо бояд маҳз ба хотири иштирок дар озмун эҷод гашта, қабл аз эълони озмун дар ягон нашрия чоп нашуда бошанд.
  3. Ҳайати ҳакамон дар арафаи ҷамъбасти озмун таъсис меёбад.

Дигар хабарҳо