АТРИ ГУЛЗОРИ «САДОИ ШАРҚ»
25-уми феврал бо иштироки адибону пажўҳишгарон ва хонандагон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҳтавои маводи соли 2020 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашршуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа кормандони маҷалла соли гузашта дар самтҳои гуногуни адабиёт барои хонданитар шудани он заҳмати зиёд кашиданд ва аз ҳар бахши адабиёт маводи арзишмандро интихобу таҳрир намуда, пешкаши хонандагон карданд.
Сипас ашъори соли гузашта дар маҷалла чопшударо мудири бахши назми ИНТ Толиби Луқмон таҳлилу баррасӣ намуда, дар хулоса изҳор дошт, ки маҷалла вазифаи худро дар ин самт ба хубӣ анҷом додааст.
Асарҳои насрии маҷалла аз ҷониби мудири бахши насри ИНТ Сироҷиддин Икромӣ баррасӣ гардиданд. Номбурда асарҳои ин давраро дар маҷмўъ хубу хонданӣ арзёбӣ намуд ва барои боз ҳам беҳтар шудани кор пешниҳодҳои судманд кард.
Устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Наргис Расулова зимни таҳлили маводи бахши иҷтимоиёти маҷалла кори ҳайати эҷдодиро дар ин бахш қаноатбахш дониста, пешниҳод намуд, ки ҳама маводи ба публитсистика рабтдошта минбаъд бояд зери рубрикаи иҷтимоиёт ҷой гиранд, зеро дар ин сурат сохтори маҷалла мураттабтар мешавад.
Мақолаҳои нақду адабиётшиносӣ аз тарафи мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии ИНТ Муҳриддин Сабурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Номбурда бурду бохти матлабҳои дар ин бахш нашршударо бо овардани мисолҳои мушаххас нишон дод.
Дар қисмати музокира Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мўсо, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, адибон Бахтиёри Муртазо, Ато Ҳамдам, адабиётшиносон Муртазо Зайниддинзода ва Ҳафиз Раҳмон андешаҳояшонро дар бораи мазмуну муҳтавои маводи мазкур баён намуда, барои беҳбуди фаъолияти минбаъдаи маҷалла пешниҳодҳои ҷолиб карданд.
Дар охир сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода бо сипосгузорӣ аз ҳамагон изҳори умедворӣ намуд, ки аҳли илму адаб бо ҳамкориҳои судмандашон барои равнақи бештар ёфтани кори маҷалла муосидат хоҳанд кард.
«АС»