Гулзоре дар миёни оташистон

(80 сол пеш дар шаҳри Тошканд Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шуд)
Аз 25 феврал то 13 марти соли 1944 дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна гузаронида шуд. Дар ин чорабинии муҳимми давраи ҷанг ходимони ҳизбӣ ва давлатӣ, устодони санъат ва коллективҳои ҳаваскорони санъати халқӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҷамъ 900 нафар, иштирок доштанд. Дар баробари ин, ходимони санъатро инчунин шоирон, нависандагон, драматургон, оҳангсозон, мусиқишиносон ва рассомон ҳамроҳӣ мекарданд.
Даҳа 25 феврали соли 1944 дар Театри давлатии ба номи Я. Свердлови шаҳри Тошканд расман кушода шуд. Иштирокчиёни даҳа Гимни Иттифоқи Советӣ (муаллифон Сергей Михалков ва Эл-Регистон), ки нав қабул ва дар рӯзномаи «Правда» (аз 1 январи соли 1944, № 1 (9458) чоп шуд, бо тантана иҷро карданд.
Дар байни иштироккунандаҳои даҳа чеҳраҳои азиз ва шинос — Артистони халқии СССР Булбул Мамедов, Ҳалима Носирова, Кулаш Байсаитова, Артистони халқии РСС Ӯзбекистон Мухтор Ашрафӣ, Тамарахонум, М. Турғунбоева, Қорӣ Яъқубов, Шаҳодат Раҳимова, Карим Зокиров, Артисти хизматнишондодаи РСС Ӯзбекистон Соро Самандарова, Артистони халқии РСС Тоҷикистон Туҳфа Фозилова, Рена Ғолибова, Анвер Муллоқандов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Аъзам Камолов, Лутфӣ Зоҳидова, Ғаффор Валаматзода, Рафоэл Толмасов, Шоиста Муллоҷонова, Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Савсан Бандишоева, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Офтобхон Исомова, Анна Бобоева, Артистони халқии РСС Қирғизистон З. Кпизбоева, Сайрам Кийзибоева, Ашӯралӣ Буталиев, Артистони хизматнишондодаи РСС Қирғизистон Марям Маҳмудова, Ҷаъфар Содиқов, Басра Тӯйғунбоева, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Қирғизистон Ш. Уразов, П. Шубин ва В. В. Селиковский ва дигарон ҳузур доштанд.
Мутобиқи барномаи даҳа намояндаҳои ҷумҳуриҳо бояд ду номераи консертӣ – як барномаи консерти симфонӣ ва як барномаи консертии коллективҳои мусиқии миллиро намоиш медоданд.
Дар кушодашавии даҳа, 25 феврал, навбатро ба мизбонон доданд. Даҳа бо «Симфонияи қаҳрамонӣ»- и Мухтор Ашрафӣ, ки як сол пеш барандаи мукофоти Сталинӣ шуда буд, оғоз ёфт. Ҳамчунин, увертюраи «Тоҳир ва Зуҳро»-и Тӯхтасин Ҷалилов ва М. Штейнберг, «Марши ӯзбекӣ»-и Н. Миронов ва ба ин монанд, он рӯз садо доданд. Ба оркестри симфонии Ӯзбекистон Артисти халқии РСС Ӯзбекистон, лауреати мукофоти Сталинӣ Мухтор Ашрафӣ дирижёрӣ кард. Дар охири консерт оркестр ва хор достони симфонии «Лашкаркаши кабир»-и М. Ашрафӣ, ки ба Сталин бахшидааст, садо дод.
Дар консерти ҳунарпешаҳои ӯзбек Ҳалима Носирова сурудҳои «Наво», «Офарин» ва «Валси ӯзбекӣ»-и Толиб Содиқовро иҷро кард. Аз сурудҳои халқӣ ин сарояндаи хушовоз суруди лирикии «Дили ман» (шеъри Лоҳутӣ), оҳанги М. Бурҳоновро хеле форам суруд.
27 феврали соли 1944, дар рӯзи сеюми даҳа, навбат ба санъаткорони Тоҷикистон расид ва онҳо бо ҳунарнамоии хеш ҳамаро шод гардониданд. Санъаткорони Тоҷикистон барномаи консертии хешро бо суруди «Ҳамзаалиев — қаҳрамон» (шеъри М. Раҳимӣ, оҳанги З. Шаҳидӣ) оғоз карданд. Сипас Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва сарояндаҳо Туҳфа Фозилова, Анвар Муллоқандов, Шоиста Муллоҷонова, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Ҳоҷӣ Аҳмадов ва дигарҳо сурудҳои форами халқӣ ва замонавиро иҷро карданд.
Тамошобинон махсусан рақсҳои «Салла» ва «Чӯпонӣ»-ро дар иҷрои Ғаффор Валаматзода, «Суруди ғазаб» (шеъри Г. Г. Эл-Регистон ва А. М. Крепс, оҳанги С. Баласанян)- ро дар иҷрои Туҳфа Фозилова ва ҳунарнамоии санъаткорони навраси Ансамбли бачагонаи этнографии Помир зери раҳнамоии Артисти хизматнишондондаи РСС Тоҷикистон Ғуломҳайдар Ғуломалиев хеле хуб истиқбол гирифта, кафкӯбӣ карданд.
Консерти симфонии санъаткорони тоҷик хеле диққатҷалбкунанда ва мазмунан бою рангин буд. Он бо «Дӯстии халқҳо» (асари Александ Ленский) оғоз ёфт ва аз чаҳор қисм иборат буд: мусиқии «Иди ӯзбекӣ», «Достони қазоқӣ», мусиқии лирики тоҷикӣ ва «Рақси тоторӣ».
Тамошобинон, махсусан, порчаҳо аз балети «Тоҳир ва Зуҳро» ва мусиқии «Суруди ғазаб»-и С. Баласанянро гарму ҷӯшон қабул карданд. Бар замми ин, санъаткорони тоҷик «Тоҷикистон» ном асори симфонии М. Волбергро низ ба тамошобинон пешкаш гардониданд.
Артистони халқии РСС Тоҷикистон Р. Толмасов, Т. Фозилова, А. Муллоқандов, Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ҳоҷӣ Аҳмадов, Анна Бобоева ва дигарон сурудҳои вокалӣ ва порчаҳо аз операҳои тоҷикиро ба самъи ҳозирин расониданд.
Консерти симфонии санъаткорони Тоҷикистон бо «Марши тантанавӣ»-и композитор Фозил Солиев ба поён расид.
Ба оркестри симфонии Тоҷикистон Артисти халқии РСС Тоҷикистон Аъзам Камолов ва композитори маъруф Александр Ленский дирижёрӣ карданд.
Дар маҷмуъ дар Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна беҳтарин асарҳои симфонии Мухтор Ашрафӣ, симфонияи панҷуми М. Штейнберг, операи «Улуғбек»-и А. Козловский (Ӯзбекистон), симфонияи «Сари–Арка»-и Ё. Ерусалимовский, операи «Абай»-и А. Жубза ва Л. Ҳалидӣ (Қазоқистон), симфонияи «Қирғизистон»-и В. Фере (Қирғизистон), операи «Обадон»-и Ю. Мейтус ва А. Қулиев (Туркманистон), сюитаи синфонии «Тоҷикистон»-и М. Волберг (Тоҷикистон) ва ғайраҳо иҷро карда шуданд.
Дар барномаи консертӣ устодони санъат асарҳои композиторони ҷавон М. Бурҳонов ва М. Левиев (Ӯзбекистон), А.Тулеев (Қирғизистон), Ф. Солиев (Тоҷикистон ), А. Қулиев (Туркманистон) ва М. Тулебоев (Қазоқистон) низ садо доданд.
Ҳамин тавр, як чорабинии даврони ҷангии фарҳангӣ бо тантана, хотираҳо ва таассуроти фаромӯшнашаванда анҷом ёфт.
Яке аз иштирокчиёни даҳа, сармуҳаррири собиқи маҷаллаи «Хорпуштак» устод Басир Расо он айёмро ба хотир оварда қайд карда буд:
— Пас аз он, ки фашистони истилогар дар муҳорибаҳои назди Москва ва Сталинград сахт шикаст хӯрданд, дар дили мардуми советӣ шуълаи умед аз нав пайдо шуд. Барои руҳияи халқҳои советиро боз ҳам баланд бардоштан Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР Иосиф Виссарионович Сталин фармон дод, ки моҳи марти соли 1944 дар шаҳри Тошканд Даҳаи мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон гузаронда шавад.
Барои омода намудани санъаткорони Тоҷикистон дар даҳа аз Москва намояндаҳо омаданд. Ҳангоми аз назар гузаронидани ҳунари дастаҳои санъаткорон намояндагони фарҳанги Москва ҳунарнамоии Ансамбли этнографии бачагонаи Помирро писандиданд. Зеро ансамбли мазкур ҳанӯз соли 1941 дар Даҳаи нахустини санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва иштирок намуда, он солҳо шуҳрати бағоят зиёд дошт. Ҳатто устод Абулқосим Лоҳутӣ мафтуни ҳунарнамоии ин санъаткорони наврас гардида, шеъри «Лолаҳои Бадахшон»-ро ба онҳо бахшидааст:
Равшанӣ борад зи рӯшон, насли рахшонро бубин,
Лолаҳои навраси Хоруғу Рӯшонро бубин,
Гар надидӣ гавҳари рақсону лаъли нағмахон,
Дар рухи ин наврасон, эй дил, биё, ҷонро бубин.
Барномаҳои консертиамон, ки якчанд қисмро дар бар мегирифт, кайҳо боз омода буд. Ба ҳар ҳол устодонамон Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Маҳмадназар Ҳотамов бори дигар ҳунарнамоии мо — аъзои ансамблро аз назар гузаронда, бо дили пур омодагиамонро ба намояндагони Москва баён намуданд. Роҳбари бадеӣ Олга Смирнова, директори эҷодӣ, роҳбари бевосита ва ташкилкунандаи ансамбл Ғуломҳайдар Ғуломалиев (баъдҳо Артисти халқии СССР) таъйин шуданд.
Мутаассифона, яке аз ташкилкунандагони Ансамбли этнографии бачагонаи Помир таҳиягар, оҳангсоз ва балетмейстр Маҳмадназар Ҳотамов бо қисме аз санъаткорони ансамбл бинобар бад будани боду ҳаво дар шаҳри Хоруғ монданд ва дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ иштирок карда натавонистанд.
Дар ёдам ҳаст, ки 8 феврали соли 1944 бо ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе омадем. Ҳаво абрнок шуд ва аъзои даста дар шаҳри Хоруғ монданд.
Масъалаи парвози тайёраҳо ба ҷониби ВМКБ, бахусус шаҳри Хоруғ, ҳамеша масъалаи пурбаҳс ва хавфнок буд. Санъаткорони Помир аз рӯзҳои аввали парвоз аз хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ истифода мебурданд. Зеро дар ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистони Советӣ зуд-зуд чорабиниҳои сиёсӣ, ҷашнӣ ва фарҳангӣ доир мешуданд. Ҳавопаймо намояндагони вилоятро дар чанд соат ба шаҳри Сталинобод мерасонд.
Инак, боду ҳавои номусоид садди роҳи роҳбарон ва аъзои Ансамбли бачагонаи этнографии Помир гардид. Як қисми онҳо ба шаҳри Сталинобод парвоз карда расиданду қисми дигар интизори ҳавои мусоид шуданд.
Ба ин минвол ҳаво якчанд рӯз абрнок монд ва тайёраҳо ба Хоруғ парвоз намекарданд. Ба М.Ҳотамов ва қисме аз аъзои ансамбл муяссар нашуд, ки дар Даҳаи мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар шаҳри Тошканд иштирок намоянд.
Ансамбли этнографии бачагонаи Помирро дар Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар шаҳри Тошканд хеле хуш истиқбол намуданд. Намояндагони тамоми ҷумҳуриҳо тайи даҳ рӯз ҳунарнамоӣ карданд. Шахсан ман дар ҳайати ансамбл конфронсие будам ва боз сетор менавохтаму суруд низ мехондам.
Давлатбегим Имматшоева суруди русии «Калинка», Булбулон Муҳаббатшоева суруди «Ошёни булбулон»-и устод А. Лоҳутӣ, Ғарибсултон Маликова суруди «Аз Бадахшон оӣ»-ро суруданд. Садбарг Ҷебачиева, Бегим Ниҳолова ва Зебо Искандарова рақс карданд. Тайғуншо Шодмонбеков, Музофир Ғуломалиев ва Мирзоазиз Мамадазизов рақси халқии «Калтак»-ро бо маҳорати баланд иҷро карданд.
— Боқӣ машшоқону навозандагони ансамбл буданд. Ҳар як баромади ансамбл бо қарсакзании бардавом истиқбол мешуд, — афзуд Басир Расо.
— Ҷамъбасти даҳа 13 марти соли 1944 дар Театри давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза доир гардид. Тамоми иштирокчиёни ансамблро рӯйи саҳна хостанд. Аъзои ансамбли моро, ки аз ҳама кучактарин иштирокчиёни даҳа буданд, дар сафи пеш ҷо доданд. Дар хотимаву ҷамъбасти даҳа мо суруди «Лолаҳои Бадахшон»-и устод А. Лоҳутиро бар оҳанги М. Ҳотамов сурудем.
Боиси ифтихор буд, ки Ансамбли этнографии бачагонаи Помир соли 1944 ғолиб-лауреати Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд дониста шуд. Ба аъзои ансамбл сару либоси нав ва туҳфаҳои хотиравӣ доданд.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Олга Смирнова ва Мирсаид Миршакар, ки он солҳо ба ҳайси мушовири калони Управленияи санъати Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон кор мекард ва роҳбари давлатии мо буд, бо соати тиллоии кисагии номнавис қадр шуданд.
Дар бозгашт, бо имзои Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев ба ҳамаи мо иштирокчиён — ғолибони даҳа аз Тоҷикистон Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон супурда шуд.