Каломи хирадбору ватандӯстона
Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Волотарин ҳадаф ва орзуву ормони ҳар як миллат шукуфоии ҳамешагии Ватан ва таъмини амнияти устувори он аст. Ин аз ҳамагон ҳушёриву зиракӣ ва ҷаҳду талош тақозо дорад. Шукуфоиву амният, махсусан, барои мо, тоҷикон, бағоят пурарзишу муътабар мебошад, зеро дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолиямон ба мухолифату даргириву фоҷеаҳои зиёд бархӯрда, солҳои гарону маҳрумиятборро аз сар гузаронидем. Он ҳангом тарсу ҳарос, гуруснагӣ, парешонӣ, азобу машаққат ва мудҳиштар аз ҳама, навмедӣ ҷомеаро фаро гирифта буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон аз ин хусус чунин иброз доштаанд:
«Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид». Сарвари кишвар, ҳамчунин, бо таассуф ёдовар шуданд, ки дар он солҳои мудҳиш аркони давлатдорӣ ва сохтори мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмронӣ дошт. Хотираи он солҳо набояд зудуда шавад, балки ҳодисоти манфуру миллаткуши мазкур бояд дар ёдҳо ҳамчун манбаи ибрат ва дарси ҳаёт бимонанд, баёнгари он бошанд, ки ҷангу мухолифат чӣ фарҷоме дораду сулҳу салоҳу осоиштагӣ ва амнияти миллат то ба кадом дараҷа омилҳои пураҳаммиятанд. Ҳамагон хуб бидонем, ки ба ин рӯзгорони фараҳбор халқи тоҷик бо чӣ қурбониву бо чӣ мушкилоте расидааст.
Воқеан, имрӯз мо, тамоми тоҷикистониёнро, ҳаёти осоиштаву пурнишоте насиб гашта. Аҳли кишвар таҳти раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат бо руҳбаландӣ ва бо азму иродаи қавӣ ба бунёдкорию созандагӣ машғуланд, мамлакат сол то сол рушд меёбад, обрӯю эътибораш дар арсаи байналмилалӣ пайваста боло меравад. Аз ҳама муҳиммаш, мардумро руҳияи баланди ифтихори миллию ватанпарастӣ фаро гирифтааст ва ҳама ҷо шиори
Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам —
бо самимият садо медиҳад.
Тоҷикистон пас аз мамнуъ эълон кардани Ҳизби наҳзати ислом аз нигоҳи таъмини амният, новобаста ба сарҳади тулонӣ доштанаш ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон, дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои аввал қарор гирифт. Хушбахтона, роҳбарият ва мардуми кишвари мо сари вақт аз мақсадҳои ғаразноку хатарноки ин ташкилоти террористӣ огоҳ шуда, пеши роҳашро гирифтанд.
Табиист, ки ин ҳама комёбиву фараҳмандиҳо барои душманони миллат, ашхосу гурӯҳҳои нотавонбину каҷниҳод ва манфиатхоҳ чун хоре дар чашм аст. Онҳо тобу тавони шунидану дидани комёбиву пешрафтҳои моро надоранд ва барои хати бутлон кашидан ба рӯи зафарномаҳои мо ба ҳама гуна иғвою дасиса, туҳмату хиёнат даст мезананд, ба худ мепечанд. Солҳои охир «афсонабофиҳо»- и неруҳои тахрибкор боз ҳам афзудааст ва онҳо барои паҳн кардани буҳтонномаҳои худ аз воситаҳои гуногун, аз ҷумла, аз радиову телевизионҳои хориҷии ҳангомаҷӯ, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, аз воқеият чашм мепӯшанду худро фаришта метарошанд ва сухан аз адлу адолат мегӯянд, дар сурате, ки худ батамом дар ботлоқи макру ҳиял ва туҳмату буҳтон ғӯтавар гардидаанд. Хиёнаткорони Ватан ба созмону гурӯҳҳои иртиҷоиву ҷоҳил гаравидаанд ва зери сояву ҳимояву маблағгузории онҳо фаъолияти манфуронаву бадфарҷом доранд. Онҳо бо дастури хоҷагони маккору худхоҳашон, махсусан, бо ҷавонон бештар сарукор мегиранд ва мекӯшанд, ки бо варсоқиҳои бебунёду муғризонаашон мафкураи онҳоро заҳролуд сохта, ба амалҳои номатлубу тахрибкорона ҳидоят намоянд. Бадхоҳону нотавонбинон ва туҳматгарони миллати мо шояд намедонанд, ки кайҳо лаънатзадаи халқ шудаанду тамғаи манфури «хоини Ватан» ба пешониашон часпида. Онҳо намедонанд, балки донистан намехоҳанд, ки ба суханонашон касе гӯш намедиҳад, касе дар Ватан эътирофашон намекунад. Онҳо ба ҷаҳли мураккаб печидаанд ва «зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хуранд». Хушбахтона, халқи тоҷик дигар ҳушёру бедор аст, сабақи талхи таърих омӯхтааст ва неку бад, сиёҳу сафед, ҳақиқату дурӯғро фарқ карда метавонаду дӯст кисту душман куҷост, нағз медонад. Сатҳи маърифату фарҳанги мардуми шарафманду адолатпарвари мо акнун хеле боло рафтааст ва дар ин замина мавқеву эътибори байналмилалии Ватани азизамон боз ҳам афзудааст. Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон дар иртибот ба вазъи мазкур иброз доштанд, ки «кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад». Ин, пеш аз ҳама, ба он маъност, ки кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз дар арсаи ҷаҳон дар сафи муборизони фаъоли зидди ҳама гуна неруҳои иртиҷоӣ қарор гирифтааст ва таблиғгари рӯзгори осоиштаву дӯстона ва пурнишоти тамоми сокинони сайёра мебошад.
«Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Паёми тозаи Пешвои миллат ифодагари марҳалаи тозаи рушди мамлакат, далели раднопазири азму иродаи неки халқи тоҷик, тавзеҳи ҳадафҳои бунёдкоронаи тамоми сокинони кишвар, собиткунандаи дурустии роҳи пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ва илҳомбахшу ҳидоятгари ҳамагон барои фаъолияти минбаъда гардид ва бори дигар ба нотавонбинону хиёнаткорону бадхоҳони миллат ҳушдор дод, ки Тоҷикистон ошёни халалнопазири сулҳу ваҳдат аст ва ҳеҷ неруе наметавонад азму иродаи неки сокинони онро бишканад. Бузургонамон ҳикмате барҷаста доранд:
Ба дил андар андешаи бад мадор,
Бадандешро бад бувад рӯзгор!
Даъвати хирадбору ватандӯстонаи Пешвои миллат, ки дар Паём садо дод, бояд барои ҳар яки мо, тоҷикистониён, чун маромнома раҳнамо бошад:
«Мо бояд ҳамеша бо сабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад, на бандаҳои Худо».
Муродалӣ Собир