Устод Айнӣ дар Британияи Кабир ва Амрико
«Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»
Тақрибан беш аз панҷ сол пеш Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагон аз профессор Абдусалом Мамадназаров, ки дар тарҷумаи матнҳои илмӣ ва адабӣ ба забони англисӣ таҷриба ва малакаи хуб дорад, баргардонидани ду очерки таърихиву бадеии устод Айнӣ – “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ”-ро хоҳиш карда буд. Ӯ бо камоли майл хоҳиши моро пазируфт ва дар оғози соли 2021 матни тарҷумаи ҳарду очеркро ба мо пешниҳод намуд. Мо, мутаасссифона, барои чоп ва гузаронидани тарҷума аз назари коршиносони касбӣ имкон надоштем. Бинобар ин, аз профессори муҳтарам хоҳиш кардем, ки мо, албатта, мекӯшем, ки илоҷе барои чоп пайдо бикунем, вале худашон низ дар фикр ва аз пайи ин кор бошанд.
Инак, чанде пеш нашриёти бонуфузи осори илмӣ-таърихӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосири воқеъ дар Лондон ва Ню-Йорк «Роутлиҷ» («Routledge», London and New York) шоҳкориҳои Садриддин Айниро бо номи «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (Tajikistan’s National Epics. Muqanna’s Rebellion, and The Tajik People’s Hero Temurmalik, 2024) ба забони англисӣ ба унвони як монографияи илмӣ бо сифати баланд аз чоп баровард, ки ин як рӯйдоди фарҳангии бузург барои миллати тоҷик мебошад. Монографияи мазкурро профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мамадназаров аз забони тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардааст ва профессор Ҷонатан Зартман (ИМА) онро таҳрир ва муаррифӣ намудааст.
Ба қавли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, «Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои шукуфоии фардии ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне, миллат бояд аз гузаштаи худ – хоҳ дурахшон бошад, хоҳ хира, – сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад». Мо ин монографияро ба 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон мебахшем, — таъкид мекунад мураттиб ва мутарҷими ин рисола.
Аз ин рӯ, асари мазкур натанҳо тарҷумаи осори таърихии С. Айнӣ, балки як монографияи илмиеро мемонад, ки илова ба тарҷумаи асарҳои мазкур, аз маводи таҳқиқ ва таҳиянамудаи муҳаррир ва мутарҷим иборат мебошад ва пеш аз ҳама, барои хонандагони англисизабони дунё пешбинӣ шудааст. Асари мазкурро доктор Ҷ. Зартман (ИМА) ба сифати баланд таҳрир ва муаррифӣ кардааст ва итминони комил дорем, ки мавриди писанди хонандагони бурунмарзӣ ва ҳамватанони худамон хоҳад шуд.
Академик М. Имомзода ба ин асар бо унвони «Рисолати хидмат ба Ватан» пешгуфтори пурмуҳтаво навишта, аҳаммияту арзиши асарҳои устод Айниро таъкид кардааст ва ноширу муқарризон ҳам, пеш аз ҳама, таҳлилу баррасии пешгуфтори М. Имомзодаро баланд арзёбӣ ва таъкид кардаанд. М. Имомзода аз ҷумла хотиррасон месозад: «Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки ҳар як шӯриши сокинони Мовароуннаҳру Хуросон бо сарнавишти родмардони ватанпараст робитаи мустаҳкам дошта, дорои ҳадафҳои озодихоҳона ва истиқлолталабона буданд».
Монография бо муқаддимаи профессор А. Мамадназаров оғоз шуда, дар он таърихи инъикоси симои Муқаннаъ ва Темурмаликро дар адабиёти тоҷик, рус ва дигар халқҳо дар қарнҳои бистум ва бисту якум мавриди таҳлил қарор додааст. Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки дар адабиёти ин давра доир ба ҳамин мавзуъ шоиру нависандагон, аз ҷумла С. Айнӣ, Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Ӯрун Кӯҳзод, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Низом Қосим, Фарзона, Аҳмадҷон Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Маҷид Салим, Додохон Эгамзод ва дигарон асарҳо эъҷод намудаанд.
Муҳаррир профессор Ҷонатан Зартман ба ин асар пешгуфтори пурмазмуне навиштааст, ки дар он аҳаммияти асарҳои устод С. Айниро барои донишҷӯён ва хонандагони англисизабон таъкид карда, истифодаи С. Айниро аз асарҳои таърихӣ – «Таърихи Табарӣ», «Равзат-ус- сафо», «Таърихи Наршахӣ» ва чанде дигар, яъне, зиёда аз дувоздаҳ асари таърихӣ, мавриди таҳлили интиқодӣ қарор дода, дуруст инъикос гардидани санадҳои таърихиро дар ин асарҳои С. Айнӣ ҳамаҷониба ба шакли як мақолаи пурарзиши илмию таҳлилӣ пешниҳод намудааст. Бояд таъкид созем, ки муҳаррир ҳамаи иқтибосҳои С. Айниро аз асарҳои таърихӣ, ки онҳо дар давраи муосир ба забони англисӣ ва дигар забонҳои Ғарб тарҷума ва интишор шудаанд, муқоиса ва аслияти онҳоро собит кардааст. Ин яке аз талаботи коршиносони ношир «Роутлиҷ» ва муқарризон мебошад.
Ҳангоми таҳияи ин монография мураттиб ва мутарҷим профессор Абдусалом Мамадназаров итминони комил доштааст, ки бе зиндагиномаи муфассали устод Айнӣ, бе баррасии ҳаёт ва фаъолияти ӯ, бе таъкиди саҳми арзандаи С. Айнӣ дар адабиёти мусири тоҷик муаррифии ин асарҳо ба забони англисӣ ба хонандагони Ғарб ва Амрико нокомил хоҳад буд. Аз ин рӯ, бо ҳамкории муҳаррир, шарҳи ҳоли муфассали ҳаёт ва эҷодиёти муаллифро дар заминаи асарҳои илмии солҳои охир интишоршуда, аз ҷумла асарҳои илмии муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ – Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аълохон Афсаҳзод, Муҳаммад Осимӣ, худи устод Айнӣ, Иржи Бечка, Паул Бергне, Евелин Грасси, Ҷон Перри, Атахон Сайфуллоев, А. Набавӣ ва дигарон пешкаш намудааст. Метавон гуфт, ки ин шарҳи ҳол пурратарин зиндагиномаи устод ба забони англисӣ мебошад.
Аҳаммият ва моҳияти ин ду асари таърихии устод С. Айнӣ барои кишварамон ба ҳамагон маълум аст. Мутаассифона, то имрӯз асарҳои устод С. Айнӣ, ки фарҳангу адабиёт ва таърихи халқамонро муаррифӣ менамоянд, ба забони англисӣ хеле кам тарҷума шудаанд. Мақсади тарҷумаи нахустини ин асарҳои таърихӣ ба забони англисӣ, ба қавли мутарҷим, аз шиносонидани хонандагони англисизабони ҷаҳон бо таърих, адабиёт, фарҳанг ва фарзандони қаҳрамони халқи тоҷик – «Темурмалик ва Муқаннаъ, ки бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, қурбон шудаанд” (С. Айнӣ) иборат мебошад.
Тарзи баррасӣ, услубу сифати тарҷумаи «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ба забони англисӣ аз тарафи муқарризи «ғайрирасмӣ» (ки онро маъмулан муқарризи «сиёҳ» меноманд) баҳои баланд гирифтааст. Яъне ношир, «Роутлиҷ», пеш аз интишори ин асар онро барои арзёбӣ ва муайян кардани зарурати чоп ба муқарризи «сиёҳ» фиристода, пас аз гирифани тақризи мусбат барои чопи ин китоб тасмим гирифтааст.
Маводи иловагии илмие, ки пеш аз асарҳои тарҷумашуда ҷой дода шудаанд, – пешгуфтори академик М. Имомзода, муқаддимаи тарҷумон профессор А. Мамадназаров, пешгуфтори муҳаррир Ҷ. Зартман, зиндагиномаи С. Айнӣ (ҳамагӣ дар ҳаҷми 42 саҳ.) ва маводи замимагардидаи илмӣ-фарҳангӣ-таърихӣ (дар ҳаҷми 135 саҳ.) арзиши таърихиву фарҳангӣ ва таълимии асарро дучанд меафзоянд.
Сифати баланди тарҷума, тарзи таҳияю ҷобаҷогузории мавод, дизайн, иқтибосоварӣ ва истинод ба асарҳои илмӣ, феҳристи асарҳои истифодашуда (зиёда аз 200 номгӯй) ва индекси китоб, ба иборати дигар, «аппарати илмии асар» намунаи дараҷаи баландеро мемонад, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалии нашриётҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мисли Оксфорд, Принстон, Роутлиҷ ва ғ. ҷавобгӯй буда, намунае барои дигар муҳаққиқону муаллифон метавонад бошад.
Аз байни маводи иловагии замимагардида, пеш аз ҳама, луғатномаи шарҳиҳолии шоирон, нависандагон ва мутафаккирон, чеҳраҳои таърихӣ, ки С. Айнӣ ба унвони сарчашмаҳои таърихии асарҳояш истифода карда, ба онҳо истинод намудааст, аз ҷумла, Абумуслими Хуросонӣ, Алп Арслон, Атсиз Хоразмшоҳ, Бармакиён, Умари Хайём, Маҳмуди Ялавоҷ, Яздигурд ва ғайра, зиёда аз 80 номгӯй, дар ҳаҷми то як саҳифа барои ҳар яке иттилоот оварда шудааст (саҳ. 111–160). Метавон таъкид кард, ки ин мавод нафақат барои хонандагону донишҷӯёни хориҷӣ, балки барои хонандагону муҳаққиқони кишвари мо низ муфид аст, зеро маводи фаровону парокандаи илмӣ дар як нашрия гирд оварда шудааст. Барои ҳар яке аз ин номвожаҳои таърихӣ ва адабӣ адабиёти истифодашудаи иловагӣ зикр шудааст, ки хонанда метавонад иловатан онҳоро мутолиа кунад.
Дар замимаи баъдӣ (саҳ. 160–165) хронологияи рӯйдодҳои таърихии он давра, аз ҷумла сана ва таърихи фатҳи Самарқанд аз тарафи лашкари Қутайба ибни Муслим дар соли 93/712, оғози исёни Муқаннаъ дар соли 161/777, фатҳи Хоразм аз тарафи Маҳмуди Ғазнавӣ дар соли 416/1025, забти Осиёи Марказӣ аз тарафи муғулон ва туркон дар соли 1221 ва ғ., умуман, санаи зиёда аз 200 рӯйдодҳои таърихӣ пешниҳод мешавад.
Замимаи сеюм (саҳ. 166–194) «Глоссари» унвон дорад, яъне, шарҳи вожа ва истилоҳоти фарҳангии миллӣ, ки устод Айнӣ истифода бурдааст ва фақат тарҷумаи онҳо кофӣ набуда, ба хонандаи англисизабон дарки онҳо мушкилие ба бор оварда метавонад (56 вожа ва истилоҳ), гирдоварӣ ва шарҳу тафсир шудаанд. Барои намуна метавонем вожаҳои барбат, корвонсарой, чойхона, чарх, шуштагарӣ, дарвеш, деҳқон, дирҳам, ҷизя ва ғайраро номбар кард, ки доир ба ҳар яке дар ҳаҷми то ним саҳифа иттилооти пурра барои хонандагони хориҷӣ бо адабиёти тавсияшаванда пешниҳод шудааст.
Дар замимаи чорум ба унвони «Маълумотномаи таърихӣ» (саҳ. 195–233) шарҳу тафсири 56 ҷою макон, яъне шаҳру минтақаҳои таърихӣ, ки С. Айнӣ дар асарҳои худ номбар кардааст ва ба хонандаи англисизабон номаълум буда метавонанд, шарҳу тафсир ва феҳристи адабиёти иловагӣ ҷой дода шудааст. Ин бахш низ барои дарки маводи китобҳои тарҷумашудаи С. Айнӣ хеле муфид мебошад. Масалан, нисбати номвожаҳои таърихӣ – Абевард, Балҷувон, Балх, Бенакат, Чағониён, Ғиждувон, Ҳулвон, Истаравшан, Хатлон, Марв, Кӯҳи Сиём, Пайканд, Самарқанд ва ғ. барои ҳар кадом дар ҳаҷми то як саҳифа иттилооти таърихӣ оварда шудааст.
Дар замимаи панҷум ба унвони «Феҳристи адабиёт» (саҳ. 234–241) номгӯйи адабиёте, ки С. Айнӣ барои навиштани осори таърихии худ истифода бурдааст ва муҳарриру мутарҷим барои таҳияи ин монографияи илмӣ (зиёда аз 200 муаллиф) истифода кардааст, гирдоварӣ шудааст. Чунин феҳристи беназири адабиёт хонандаи англисизабонро бо сарчашмаҳои таърихии асар, осори илмии муҳаққиқони хориҷӣ, ки ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ, фаронсавӣ ва итолиёӣ ва дигар забонҳо интишор шудаанд ва марбут ба ин асар ҳастанд, шинос мекунад ва барои фарҳангиёну адабиётшиносони кишвар низ ниҳоят муфид аст.
Яке аз навгониҳои ин асар боз дар он зоҳир мешавад, ки дар он се харита, ки муҳаррир Ҷ. Зартман омода кардааст, ҷой дода шудаанд. Инҳо: харитаи самтҳои ҳаракат ва истилои арабҳо аз Осиёи Марказӣ (саҳ. 12), харитаи сафарҳои Абумуслим (с. 20) ва харитаи нокомиҳо ва фирори Султон Қутбиддин Муҳаммад Хоразмшоҳ (с. 75) мебошанд. Ин харитаҳо хонандаро бевосита бо рӯйдодҳои таърихии минтақа шинос менамоянд.
Замимаи шашум ва ниҳоӣ индекс, яъне номвожаҳо (саҳ. 242-247) унвон дорад, ки он қисми таркибӣ ва ҳатмии ҳар як асари илмии муосир ба шумор меравад. Дар таҳияи ин бахш нақши муҳаррир ва муаррификунандаи он Ҷ. Зартман ниҳоят калон аст, зеро номвожаҳо аз забонҳои мухталиф ба забони англисӣ тарҷума мешаванд ва тарзи навишти вожаҳою истилоҳот гуногунранг аст. Маҳз саҳми муҳаррир буд, ки ин вожаномаро бо як стандарти ҷаҳонӣ, ки фарҳангномаҳои Оксфорд онро талаб доранд, мувофиқ намуда, ба хонанда пешкаш кардааст.
Дар охир метавон зикр кард, ки китоби «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», чопи Лондон ва Ню-Йорк, бо ҳуруфи хурд чоп шудааст ва албатта, ин сабабҳои худро дорад, ки ба пӯшондани хароҷоти ношир вобастаанд. Дар нусхаи аввалӣ ин монография аз 360 саҳифа, бо аксу суратҳои ранга ва маводи бештар иборат буд, вале бо дархости ношир онҳоро хеле кӯтоҳ карда, ба чоп пешниҳод намуда будем.
Расонаҳои Интернетии ҷаҳон, аз ҷумла “Google”, ин китобро аллакай дар сайтҳои худ барои фурӯш ҷойгир кардаанд ва дар муддати кӯтоҳи дар фурӯш будан, бо вуҷуди нархи гарон доштан (аз $170 то $230), зиёда аз 92 китобхонаю донишгоҳи ҷаҳон онро харидорӣ намудаанд, ки дар байни онҳо китобхонаи Конгресси ИМА, донишгоҳҳои Пенсилвания, Мейсон, Питсбург (зиёда аз 60 донишгоҳи ИМА), Китобхонаи музейи Британия, чандин донишгоҳи Британияи Кабир, Донишгоҳи Эразмуси Ротердам, Донишгоҳи Кронигени Ҳоланд, Донишгоҳи Базели Шветсария, Китобхонаи Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, Донишгоҳи Истанбул, Донишгоҳи Грифитии Австралиё, Донишгоҳи Турини Италия, Донишгоҳи америкоии Кувайт, донишгоҳҳои Монреал, Алберта ва Квибеки Канада, Донишгоҳи Квидади Мексико ва ғайра аллакай харидорӣ намудаанд.
Умедворем, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам чанд нусхаи ин китобро харидорӣ карда, ба муҳаққиқон дастрас менамояд.
Барои дарёфти маълумот дар бораи китоби «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ба сайти: https://www.worldcat. org/title/1389616524 ва барои харид ба сайти https://www.routledge.com/ Tajikistans-National-Epics-Muqannas- Rebellion-and-The-Tajik-Peoples/ Zartman-Ayni/p/book/9781032486086 муроҷиат кунед.
Абдураҳмон Абдуманнон,
муовини сармуҳаррири Маркази тарҷумаи ИНТ