Зару зевари падар
Умри кӯтоҳ — осори гаронбаҳо
Номи шоири ҷавон Махсум Олимиро аввалҳо мешунидам. Баъд худашро дидам, ки назди устод Қутбӣ Киром омада мерафт. Шеърҳояшро устод мехонданд, ислоҳ мекарданд, маслиҳат медоданд. Ба ӯ меҳрубон, мисли падар. Маро ба вай шиносонданд: “Кароматуллоҳи Мирзо, директори нашриёт”. Оре, он солҳо директори нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанг будам. Устод Қутбӣ Киром аз ноширони таҷрибадор. Банда ҳам эшонро устод мегуфтам. Баъди ин шиносоӣ Махсум Олимӣ ба ҳуҷраам медаромад. Китоби шеърҳояшро овард. Ҷавони дидадаро, табъаш ҳамеша болида барин, чеҳрааш кушода, дар лабҳо ханда. Баъзан хеле бо ҳам менишастем, мегуфт, ки деҳаашон Каздон, аз маркази ноҳияи Айнӣ дур, хурд, камаҳолӣ, урфу одатҳои пешинаро нигоҳ медоштаанд. Аз гузашта ҳама босавод. Аксар дар Бухоро хонда омадагӣ, номи ду нафар ҳанӯз фаромӯш намешуда. Муллоҳоҷӣ аз ҳамсабақҳои устод Садриддин Айнӣ, даҳякхӯри амири Бухоро. Мулломирфозил дар водии Зарафшон овозадор, воиз, сухангӯ, мударрис. Аз як Яғноб чил шогирд, фатво медодаанд. Дар мушкилиҳо ба мардум маслиҳат, насиҳат. Даҳ фатвояшон имрӯз ҳам дар амал. Яки он дар ёдҳо.
Рӯзи тобистони гарми сӯзон, даҳмардаҳо аз паси рамаи гӯсфандон сӯхта-пухта давида, ҳолашон табоҳ, ташна, кому забон хушк, ба ҳам часпида, “об, э вой, об”, фиғон. Ана дар ҳамин ҳол дар Варзоб ба лаби дарё расидаанд, худро ба об гирифтаанд. Якеашон аз об намебаромадагӣ барин, ба об дил баста, савганд, ки агар аз об барояд, ҳамсараш ба ӯ чанд талоқ. Аммо то кай дар об бимонад? Аз дарё мебарояд, ба хотираш мерасад, ки ӯ чӣ савганде хӯрда. Рӯяш сиёҳ, аз хонаю дар, аз завҷаи ҷони ҷон маҳрум. Куҷо равад? Мулломирфозил ба хотираш расида, наздашон шитофтааст, сар ба сангҳо зада, зорию илтиҷо, ки илоҷ ёбанд. Мулломирфозил ба даҳмарда гӯш дода, даст дар китфи ӯ, бо меҳрубонӣ сарзаниш кардаанд, фармудаанд, дигар зинҳор ба зинҳор ҳарфи талоқро ба забон наорад, пеши тааллуқаш равад. Қасами ӯ бо об беасос, обе, ки ӯ дар он оббозӣ карда, кайҳо ҷорӣ шуда рафта, ба як об ду бор даромадан номумкин.
Ҳарфи шоири ҷавон боз аз деҳааш. Ба хаёли ӯ деҳаи хурдакаки Каздони онҳо дар ҷаҳон ягона. Чун як даста гул дар домани кӯҳҳо, ҳамеша сабзу хуррам, сердарахт, сербоғу роғ. Дар баҳорон гулпӯш, ҷӯйҳои оби широсо, онҳо аз тарқиши сангҳо ҷорӣ, шар-шараи афсонавӣ, номи одамиро доро, Муллошаршара. Порае аз шеърҳои ба Каздони шоир:
Дилнавозу дилрабоӣ,
Хушнамуду хушқабоӣ.
Мекашӣ дилро ба сӯят,
Гӯиё оҳанрабоӣ.
Субҳи Каздон,
Субҳи Каздон.
* * *
Шодам аз он чун насиби зиндагӣ,
Як гуле аз боғи Каздон аз ман аст.
Махсум Олимӣ маро ба деҳаи зебои гулрангаш мехонд. Хоҳиш ва боз талаб ҳам, ки ба Каздон меравем. Устод Қутбӣ Киром огоҳ, он касро ҳамроҳамон гирифтанӣ. Устод гуфтанд, ки агар Махсум Олимӣ пофишорӣ дошта бошад, нарафта наметавонистаанд. Вай ҳамин хел одат дошта, якравӣ.
Тӯйи хонадоршавии писари устод Қутбӣ Киром Лутфӣ, Махсум Олимӣ вазифадор, ки устод Раҳим Ҷалилро ба тӯй хабар кунад. Махсум Олимӣ дар Хуҷанд. Ҳатто имконе не, ки худаш аз Хуҷанд ба Душанбе баргардад, ба самолёт чипта намеёфта. Дар тӯй ҳозир шуданаш шарт ва зарур. Роҳи ҳал устод Раҳим Ҷалил, он кас депутати Шурои Олии ҷумҳурӣ. Агар ба Душанбе, ба тӯй раванд, ба ӯ ҳам чипта мегиранд. Рӯ ба сӯи хонаи устод, хабаре, ки устод Қутбӣ тӯяшонро бе устод Раҳим Ҷалил намегузарондаанд, хезанду ҳамроҳи Махсум Олимӣ роҳ гиранд. Устод Раҳим Ҷалил дар вазъияти ногувор, дардманд, ин бача дар наздашон масъалаи нораво монда. Ҳарчанд узру маънӣ, лек гӯё ба гӯши Махсум Олимӣ намедаромада. Дар ниҳоят Махсум Олимӣ фаҳмида, ки устод ба тӯй намерафта, аниқ. Рафта натавонанд, нараванд, лек аз набудани он кас дар тӯй устод Қутбӣ Киром хафа, бояд хидмат кунад. Чӣ чора? Устод Раҳим Ҷалил ба ӯ гуфтаанд:
— Ту рав, бачам.
— Наметавонам, умедам ба шумо буд. Билет намеёбам, пул надорам.
— Ҳаа, ин тавр гӯй, бачам, о ҳамин гапа барвақттар нагуфтӣ? — устод ғурбат кардаанд ва ба ронандаашон фармуда, ки меҳмонро ба фурудгоҳ барад, чипта гирад, ӯро ба Душанбе гусел намояд.
Ҳикояти дигар аз хотираҳои Гулназар:
-Устод Боқӣ Раҳимзода дар Хуҷанд табобат медидаанд. Махсум Олимӣ фарзандвор дар хидмат. Рӯзе хоҳиш кардаанд, ки шогирд аз Панҷшанбебозор ду харбузаи Мирзочӯл харида, Душанбе, ба хонаи онҳо бурда диҳад. Барои рафтану омадан ва ду харбуза маблағ. Вақти аз зинапоя ба самолёт даромадан як харбуза аз дасти Махсум Олимӣ меафтад. Ӯ ба хонаи устод Боқӣ Раҳимзода як харбуза мебарад. Аз шунидани ин хабар устод хиҷил, ошуфта, дар фикр. “Оҳ”, мегӯянд. Ба хона нарасидани харбуза, дар хаёли устод як ноомадӣ, хоб дида будаанд, пас аз андак рӯзҳо 30-юми январи соли 1980 аз олам гузаштаанд. Сир ва рамзи ба хона нарасидани харбузаро худашон медонистаанд.
* * *
Ба Махсум Олимӣ фаҳмондам: Дар нашриёт кор бисёр, вақти нақшасозӣ. Боз дар боғи худамон ангур пухта, кор. Ваъда додам, ки китобашро зудтар ба чоп мерасонем, баъд ҳамроҳ бо дастовез ба Каздон меравем. Вале ҳамин тавр нашуд.
Орзуҳои Махсум Олимӣ дар дил монданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, Душанбе дар миёни алангаи оташ, худсӯзӣ, сари ҳар қадам хатар, хатар ба ҷони ҳама. Ҳамон шабу рӯзҳои пурхатар шоири ҷавон Махсум Олимии моро аз мо рабуда. Дар дами ба марг рӯ ба рӯ омадан, дар лаҳзаҳое, ки мили камони нохалаф ҷонибаш, мисраъҳои шеъри худаш ба забон омада, ки онро дар давраҳои донишҷӯӣ гӯё барои ҳамин ҳолати ҳозирааш гуфта:
Лаҳзае мондааст то маргам,
Ман амон аз марг чун монам,
Хайр, хайр, эй падар, аё модар,
Ҳам падар, ҳам деҳи Каздонам.
Махсум Олимӣ дар ҷавонӣ маргашро пай бурда:
Аз кӯчаҳои холӣ чун бигзарам хаёлӣ,
Тарсам, ки мекушандам як рӯз чун Ҳилолӣ.
Хабари маргаш сангу чӯби деҳаи Каздон, дӯстон, Шоири халқии Тоҷикистон устодаш Қутбӣ Киромро гирёнд, шеърҳои ҳамон рӯзҳо ба ӯ бахшида китоб шудаанд. Пораҳо аз шеърҳо:
Қутбӣ Киром:
Зи ҳушёрон димоғам тира шуд, ай дод, ай Махсум,
Биё, мастона шин, мастона рав, мастона ово кун!
Навиде чанд гӯй аз худ, суруде чанд гӯй аз ишқ,
Дили садпораамро бо дами як ҷуръа эҳё кун.
Ҳадиси марги ту пурсӯзу талху нобаҳангом аст,
На кӯҳ онро бубардорад, на дарёву на инсоне.
Паноҳи бегуноҳон осмон буду надонистам,
Варо ҳам даст кӯтаҳ будааст аз макри шайтоне…
Муҳаммад Ғоиб:
Аз Махсуми Олимӣ асарҳо монда,
Дар ёди ҳама некназарҳо монда.
Ҳарчанд ки барвақт зи дунё бигзашт,
Аз умри камаш беш самарҳо монда.
Саидалӣ Маъмур:
Монда озода зодаи Каздон,
Ҳамнишинӣ надошт бо пастон.
Бо ду устод ифтихоре дошт,
Менишаст ӯ ба Қутбию Мастон…
Пиёлае буда, аз они эшони Ҳикматулло, ки он аз падарашон охунди Тӯра, ки чил сол дар Бухоро хонда, пиёла ба ӯ аз ҳазрати шайхи Бухорӣ туҳфа. Муҳаммадюсуфи шоир бо падар ба хабаргирии эшони Ҳикматулло рафта, ки бемор будаанд. Эшон пиёларо ба вай бахшидаанд, пиёлаи гулдори зебо, чойи кабуд дар он бо даҳҳо ранг ҷило медода. Ҳаваси Махсум Олимӣ ба пиёла, онро ба вай медиҳанд, мегираду мебӯсад, лек аз ҳаросе, ки нашиканад, боз боэҳтиёт ба ҷояш мегузорад. Пиёла ба вай ба ҷон баробар, гоҳе ба хонаи хешованд омада, дар пиёла чой менӯшида, як кайфияте. Барои таҳсил ба Маскав меравад, ҳушаш ба пиёла, дар Душанбе ва дар куҷое бошад, хаёл ба пиёла. Ҳар гоҳе бо Муҳаммадюсуф дучор ояд, аз ҳолу аҳволи ӯ не, авалло аз пиёла пурсон, аз пиёлаи табаррукӣ. Дар рӯзҳои дар деҳа будан ҳам ба дидани пиёла мерафта. Дер назараш ба он, баъд боз ба ҷояш мегузошта. Дар деҳа хабари марги Махсум Олимӣ. Дар хонаи хешованд пиёла ба хотир омада, онро ба даст мегиранд, коғазашро мекушоянд. Чӣ ҳоле? Пиёла пора, бӯлак-бӯлак. Чӣ сирре, ки бо фавти Махсум Олимӣ пиёлааш шикаста.
* * *
Баъд аз сари Махсум Олимӣ ба Каздон рафтам. Ба туфайли устод Қутбӣ Киром, ҷашни 60-солагиашон дар ноҳияи Айнӣ. Устодро ба деҳаи Каздон ҳам хондаанд, Каздону каздониёнро хуб медонистаанд, дар сарсухани ба китоби шеърҳои шогирдашон Махсум Олимӣ нигоштаанд:
“Каздон деҳаест дар болооби Зарафшон. Шояд хосияти дурӣ аз марказ бошад, ки бисёр урфу одатҳои қадимаи халқи мо дар ин ҷо мондаанд. Меҳмонхонаҳои гаҷкорӣ бо оташдонҳои махсус, чойҷӯш ва дегу табақҳои мисинро дар ҳар як хона дидан мумкин аст, шӯхиҳои обдор, байту тарона ва нақшмониҳои каздониҳо хеле дилчасп аст”.
Ба деҳаи Каздон чун қадам ниҳодем, роҳамон ба гӯристон, ки дар самти офтоббаро, рӯ ба рӯи хонаҳою ҳавлиҳо. Мадфани Олимиро меҷустем аз миёни гӯрҳои бисёр. Ёфтем, мармарпӯш, мармари сиёҳ. Устод Қутбӣ Киром ояти ҳар гоҳ мехондаашон: “Аузу бикалимотуллоҳи томотул ва бобаракотул куллаҳо мин шарри мо халақ”-ро бо овози баланд қироат карданд, ҳама даст ба рӯ бурдем. Ҳамон рӯз дар деҳа ёдбуди ӯ. Дару деворҳои хонаҳо аз ҷониби кӯча қолинпӯш. Дар дегдонҳо оташ фурӯзон, таом мепухтаанд, ба руҳи Махсум Олимӣ.
Рӯдакӣ аз Каздон
Он шаб мо меҳмони каздониҳо. Меҳмонхонаи гаҷкорие, ки устод Қутбӣ Киром ба тасвир овардаанд, сермеҳмон. Ҳама гулҳои сари сабади адабиёти тоҷик. Устодон Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Лоиқ, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Мирзо Файзалӣ, Кароматуллоҳи Мирзо ва инчунин Субҳон Туйғун, Холмурод Шарифов, Фарҳод Карим. Каздониҳо дар хидмат. Ба оташдон ҳезум мемонданд, шохаҳои хушки писта, арча, бурсу заранг. Бӯи хуши сӯхтани ҳезум. Дар берун барф меборид, хона гарм, суҳбати аҳли давра гарм. Таом меоварданд, қурутоб, фатирмаска, таҳмол, ҳалво, оши бурида, кабоб. Устод Қутбӣ Киром аз маъракадории каздониён беҳад шод. Ҳарфу сухани каздониҳо бо шеър. Байтбарак, ҳар гоҳе онҳо ғолиб меомаданд, ба устод Худо медод.
— Гуфтам-ку, каздониҳо авлодони асили Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, — баҳо медоданд ба онҳо.
— Ҳаққи гапро гуфтед, устод, саломат бошед, устод, моён авлодҳои Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. — Миннатдорӣ аз устод.
Устод афзуданд:
— Агар рости гапро гӯям, — устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Панҷакент не, аз Каздони шумо ҳастанд.
— Оҳ, ташаккур, устод, ҳазор ташаккур, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ билкул аз Каздони мо, ҳамдеҳаи мо, — каздониҳо беҳад шод, мағрур.
Устод Қутбӣ Киром қадаҳ дар даст:
— Ман як чӣ гӯям? — Рӯ ба аҳли маърака.
— Ҳар чӣ мехоҳед, гӯед, устод, шумо гули сари сабади маърака, шумо соҳибҷашн, шумо ҳақ доред. — Субҳон Туйғун, шоири айнигӣ, ки суханҳои устод Қутбӣ Киромро об медоданд, аз ҷой баланд шуданд. Нигоҳҳо ба устод, Қутбӣ Киром, чӣ мегуфта бошанд?
— Ман як чӣ гӯям? — боз ҳамон ҳарфашон. — Ҳамин шаб, ҳамин ҳозир, ба як қарор меоем, — гуфтанд.
— Ба чӣ қарор, устод? – каздониҳо ақлу ҳуш ба устод Қутбӣ Киром.
— Муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Панҷакент ба Каздон оварда шавад! — устод мақсади ниҳоиашонро ба забон оварда, шаъну шарафи каздониёнро ба осмон бардоштанд.
Каздоние намонд, ки дар меҳмонхона аз ҷой барнахоста: “Муҷассамаи устод Рӯдакӣ ба Каздон оварда шавад, ҳа, оварда шавад!”, нидоҳо. Мо, адибон ҳам бо мизбонҳо ҳамроҳ, сухангӯӣ. Садои хуши торҳои танбӯр, ғижак, таблаку доира, мусиқӣ, суруд. Ба рақс меомаданд, кафкӯбӣ, як базме, як хушию хурсандие. Чунин як шабе буда, он шаби 6-уми октябри соли 1996 дар Каздон. Аз он шаб 28 сол гузашта. Дигар ку он шабу он ситораҳои адабиёт, устодон Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Лоиқ, Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, Мирзо Файзалӣ, Холмурод Шарифов, Фарҳод Карим? Ҳама аз олам гузаштаанд, аз он шабу аз он ситораҳо як нафар шоҳид, бо қалби пурдарду озурда банда Кароматуллоҳи Мирзо, ки то умре ҳаст, аз ҷудоӣ, аз фироқи дӯстони ҷонӣ алам мекашад, худро танҳо ва ноҳинҷор ҳис менамояд.
Аз таассуроти он шаб ва як рӯзи дар Каздон буданамон “Шабе дар Каздон” ном мақола навиштам. Дар рӯзномаҳо, дар китобҳоям чоп шуд. Ба каздониён писанд, аз хурд то калон хондаанд. Аз мани нависанда, ки чанд асари дигарам низ дастрасашон шуда, миннатдор. Дар ҳар маҷлису маъракаҳо, ҷои гап, ки меомада, мегуфтаанд: “Нависанда Кароматуллоҳи Мирзо ба шаҳрванд-граждании деҳаашон пазируфта шавад”. Агар мехостаам маро ба Каздон мекӯчондаанд, замин медодаанд, хона месохтаанд. Тасаддуқ, қурбонашон мешавам.
Ягон-ягон каздониҳо маро ҳамдеҳаашон гуфта, ба хабаргириам, ба идораи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” меомаданд. Мирзомурод Саидов, аз зоти Мулломирфозил, ки номашонро аз Махсум Олимӣ шунида будам, баъд тафсилот аз китоби “Каздон”-и Мухтор Боқизода. Аз авлоди модарӣ Мулломирфозил ба ӯ бобо. Мирзомурод худаш як шахсияти обрӯманд дар Каздон ва ӯро дар ҷумҳурӣ ҳам медонанд. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, олими намоён, номзади илми биология, соҳиби даҳҳо мақолаи илмӣ, китобҳо, як китобаш аз фанни биология барои мактабиён. Вай дар хушию нохушӣ бо ҳамдеҳагон. Агар каздоние бемору дар беморхона, дар Душанбе, пояш дар роҳ, барои банда низ дӯсти азиз. Аз ҳолу аҳволи каздониҳои ҳамдеҳа банда тавассути ин бародар бохабар. Каздон дар солҳои соҳибистиқлолии Ватан дигар шуда, обод, хонаҳо ранги дигар гирифта, зеботар, дар деҳа мактаби нави боҳашамат, варзишгоҳ. Барои ин аз фарзанди деҳа Зубайдулло Зубайдов миннатдор, банда ҳам мешиносамашон, сиёсатмадор, сафир, фиристодаи ҷумҳурӣ дар мамлакатҳои араб. Шиносҳои дигарам муҳтарам Бахшулло Ҷумъаев, узви вобастаи Академияи улуми ҷумҳурӣ ва нависанда, таърихнигор Мухтор Боқизода. Китобҳои Мухтор Боқизодаро хондаам. Як асараш “Каздон”, муаллиф бо заҳмати зиёде таърихи деҳаро офарида. Номи каздониёни дар гузашта машҳур ва имрӯзиёни он ҳам, ки чӣ инсонҳои наҷибеанд, аз ҷумла, шоирон Шоҳсаид Сайидзода, Фарзон Назрӣ, Халифабобо Ҷумъазода, Фурӯзонфар, Шаҳриёр Олимӣ, Хусрав дар асар ҷой ёфта.
Шиноси дигарам аз Каздон, писари худи Махсум Олимӣ Шаҳриёр. Дар рӯзҳои сафари мо ба Каздон, ӯ тифли хурдакак, роҳрав. Медидам, ки дасташ дар дасти модар. Вақте ки ӯ андак калонтар – мактабхон шуда, падарро пурсида. Ҷавоб мешунавад, ӯ нобуд шуда, барои вай алами ятимӣ, аз падар маҳрум. Дӯстону наздикони падарро модар ба вай мегуфта, нафареашон Кароматуллоҳи Мирзо. Китобҳои ӯ бо аксаш дар хонаи онҳо. Филмҳои вай, аз ҷумла, силсилафилми “Дар орзуи падар”-ро Шаҳриёр бо ҳавас тамошо мекарда. Дар китоби дарсиаш ҳам номи Кароматуллоҳи Мирзо. Ҳамин тариқ Шаҳриёр бо нависанда Кароматуллоҳи Мирзо ғоибан шинос, ошно. Ба Донишгоҳи миллӣ дохил гашта, дар ҷустуҷӯи Кароматуллоҳи Мирзо. Фаҳмида, ки ӯ дар Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”. Котиба хабар дод, ки ҷавоне дар қабулгоҳ. Вориди ҳуҷраам шуд. Ӯ мисли набераҳои худам харобнамо, донишҷӯ, ситорагарм. Дар дами дар меистод.
— Биёед, дароед, — наздам ба курсие хондам. Ба паси миз гузашт, хомӯш, сар боло намекард.
— Шеър овардед? – ки аксар ҳамин гуна ҷавонҳо бо дастхате, ки шеър ё ҳикоя, ба қабулам меомаданд.
— Ман писари Махсум Олимӣ, — гуфт ӯ.
Чӣ ҳарфҳое мешунидам дар он пагоҳирӯзӣ аз забони писарак: писари Махсум Олимӣ. Бовариам набудагӣ барин. Солҳои сол гузашта аз фавти ӯ. Ӯ як дӯсти ҷавони банда буд, симояш боз пеши назарам. Дар лабҳо ҳамон табассум, ханда, дидори гарм, чеҳраи кушод, мисли ҳавои софу беғубори баҳор. Агар бигӯям, ки ӯ худ баҳоре будаву гузашт, гуле бишкуфтаву аз ҳавои пурғубор, бӯрони оташбори он рӯзҳо пажмурда ва сӯхта. Фарзанди хурдиаш Шаҳриёр, ки дар батни модар будаву баъди сари ӯ ба дунё омада. Ҳоло ӯ дар наздам.
— Шумо писари Махсум Олимӣ? – Бо такрор аз ӯ мепурсам.
— Ҳа, амак, ман писари Махсум Олимӣ Шаҳриёр. – Ба такрор ҷавоб мегӯяд.
— Хуш омадед, бачам, ман бисёр хурсанд, бачам. Модар сиҳат ҳастанд? — Аҳволпурсӣ кардам, нигоҳам ба Шаҳриёр. Ӯ ба падар монанд, боодоб, бошарму ҳаё, ба рӯйи кас нигоҳ карда наметавонад. Бори аввал мебинамаш, шояд ӯ ҳамеша ҳамин гуна. Лек падар дар миёни ҷамъияте, ки мезист, хомӯш, лаб таги дандон намегашт. Овозаш баланд, ба коре агар дилкашолӣ, то ба анҷом нарасонад, дар таҳлука. Ӯ дар шеъри “Падар” ба рафтору амалҳои худ чӣ баҳое дода:
То дида ба дидори падар дӯхтаам ман,
Аз ташнагии меҳри падар сӯхтаам ман.
Якроҳагиву якравию мардию некӣ,
Маънӣ ҳама аз гуфти ту омӯхтаам ман.
То тира мабинам раҳи мардони раҳиро,
Бо амри ту машъал ба дил афрӯхтаам ман.
Сархам набудан пеши ҳама, ҳар касу нокас,
Аз гуфтаву рафтори ту омӯхтаам ман.
Вале ҳоло медидам, ки писари ӯ Шаҳриёр дигар, фикр мекардам, ки солаш баландтар шавад, шояд тағйир ёбад, зиндагӣ ба гарданаш наафтода. Дар ҳуҷраам бо Шаҳриёр суҳбат мекардам. Завҷаи Махсум Олимӣ то имрӯз барои ӯ месӯхта. Шаҳриёр сӯзиши дили модарро ба қалам оварда:
Дергоҳест, ки андар деҳа
Модарам ғамдор аст,
Аз алам саршор аст.
Ва нафас дар нафасаш танҳоист,
Шуғли ҳаррӯзаи ӯ раҳпоист.
Дар лаби бом пур аз пазмонӣ,
Дар сари кӯчаи саргардонӣ.
Дар ҷавонӣ чӣ қадар пир шудаст,
Сахт ошуфтаву дилгир шудаст…
Байте аз Махсум Олимӣ, ки дар мавриде бо шӯхӣ гуфта:
Қадаҳ аз мулки Чин дорам,
Зани усталнишин дорам.
Аз Махсум Олимӣ панҷ фарзанд, се писару ду духтар. Аз миёни онҳо Шаҳриёр ба модар алоҳида, азизтар, кенҷагӣ. Мегӯянд, ки аз як дав чанд харбуза, ҳар кадомро таъме. Фарзандони Махсум Олимӣ ҳама аз як дав, дар миёнашон Шаҳриёр барои модар ширин, қанду асал. Шаҳриёр пайрави падар, давоми ӯ, шоир. Шеърҳояш дар васфи падар:
Падарам шоир буд,
Шоири кишвари ғам,
Шоири кишвари худ,
Ва ғуруре будаш,
Ҳамчу кӯҳи Ватанаш..
Шаҳриёр шеъру шоириашро аз падар медониста, мерос:
Шеъри ман ганҷи гуҳарбори ман аст,
По ба пойи зиндагӣ ёри ман аст,
Хомаи мерос дорам аз падар,
Шеъру ӯ оғози ашъори ман аст.
Бо қалби бирёну оҳи сӯзон Шаҳриёр ба падар мегӯяд:
…Ки маро марги ту мемиронад,
Ва маро марги ту мегӯронад.
Шаҳриёр чашм ба олам кушода “падар” гуфта, буду нобуди ӯ падар, падари ҷавонмарг. Ҳамеша ёдаш мекунад, соле набуда, ки ёдбудашро нагузаронад.
Пас аз суҳбате, ки дар ҳуҷраи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” бо Шаҳриёр доштам, солҳо мегузаранд. Ба наздикӣ ба аёдатам омад. Акнун ӯ як ҷавони бо қаду қомати расо, чашмдаро, мисли ҳамон рӯзҳое, ки ӯро дар ҳуҷраам медидам, боодоб, хоксор, камгап. Аз гуфтаи худаш, синнаш аз сӣ гузашта, соҳиби хонаю дар, фарзандон.
Ёдбуди падарро гузаронданӣ, аз банда хоҳише, ки ягон чӣ нависам, аз тариқи радио, телевизион сухан гӯям. Ҳоло навиштаам ҳамин: “Зару зевари падар”.
Кароматуллоҳи Мирзо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон