Тавсифу тасвир ва манзаранигорӣ
Ба муносибати 95-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо
Тавсифу тасвир ва манзаранигорӣ бо мароми эҷодии ҳар шоир пайванди ногусастанӣ дорад. Агар дар мароми эҷодии шоир ифодаи маъниҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, зебоишинохтӣ бартарӣ дошта бошанд, онҳо барои барҷаста ва маҳсусу тасаввуршаванда ифода карданашон ба кор мераванд. Ғаффор Мирзо ҳам, ба монанди дигар ҳамқаламони замонаш, шефтаи дастовардҳои бузурги ҷомеаи шуравӣ ва шояд аз дигарон ҳам бештар ба он арзиш қоил буд. Ба ин зиндагии шахсии ӯ, ки ятимиро аз сар гузаронида, дар хонаи бачагони бепарастор ба камол расида буд, таъсири бузург дошт. Бинобар ин, дар ашъори давраҳои нахусти эҷодиёташ, ки ба солҳои панҷоҳум рост меоянд, тавсифу тасвир ва манзаранигорӣ ҳамчун васила асосан барои ифодаи муҳтавои иҷтимоӣ истифода мешаванд, ки бештар тамҷиди дастовардҳои замонро фаро гирифта буданд. Табиист, ки дар ин навъ ашъор истиқлоли тавсифу тасвир камтар ва нақлу гуфтор бештар ба назар мерасид. Аммо дар ин байн шеърҳоеро низ ҳамчун “Офтоби дилҳо”, “Баҳори дили ман”, “Маҷнунбед”, “Афсонаҳои сангӣ”, “Шаршараи Восеъ”, “Ду ҳайкал” метавон номбар кард, ки дар онҳо мақоми тавсифу тасвир нисбат ба ҳарфу гуфтор афзалият дошта, саҳнаҳои ҷолиби табиатро бадеӣ нигориш намудаанд.
Аз ин шеърҳо сетои аввал муҳтавои ошиқона ва сетои баъдӣ муҳтавои иҷтимоӣ доранд, ки ба воситаи тавсифу тасвир ифода шудаанд. Аз шеърҳои сетои аввал “Офтоби дилҳо” бештар ҳарфию гуфторӣ, вале “Баҳори дили ман”-у “Маҷнунбед” бештар тасвирию тавсифиянд. Дар “Офтоби дилҳо” шоир ба офтоб муроҷиат карда, аз сифатҳои зӯриву некиродагӣ, навозишгарӣ, абрсӯзиву ҷаҳонафрӯзӣ ва амалҳои ҳаётбахши он сухан гуфта, дар охир қудрати онро, ки аз мулки дил гузар карда наметавонад, аз офтоби муҳаббат камтар медонад, ки ба ин кор қодир аст ва офтоби ишқро хоҳари он дониста, мегӯяд:
Мон, ки дар дил
шарарфишонӣ кунад
Ишқ гӯё ба ҷои хоҳари ту!
Шеъри “Баҳори дили ман” манзараи наврӯзиеро пеши назар меорад, ки пур аз ҷӯшу хурӯш, шавқу изтироб ва ишқу эҳсос аст, ки ба воситаҳои дилчаспи тасвири бадеӣ – ташбеҳу истиораву маҷозу ташхис нигориш мешаванд:
Мастона сари баҳор наврӯз,
Ошӯби дили қарор наврӯз,
Чун пардаи сабзаки маҳине
Печида ба шохсор наврӯз.
Хуршед ба барф итоб дорад
В-он то сари куҳ шитоб дорад,
Саршӯии сабзаҳои навхез
Дар ҷои дигар саҳоб дорад.
Дар байти аввал мафҳуми куллии наврӯз бо сифати “мастона” ташхисонида баъдан ҳамчун “сари баҳор”-у “ошӯби дили қарор” тавсиф шуда, дар байти дуюм ташбеҳи маҳсус ба наврӯз оварда мешавад, ки онро мушаххасу тасаввуршаванда мекунад. Дар банди дуюм тасвири манзараи зебои баҳор бо ҷондор ангоридани хуршеду бо истифодаи маҷози “ба барф итоб” доштани он, ки маънии онро дар доманаҳо об карда, то сари кӯҳ бурдан дорад, мушаххастар мегардад. Байти дуюми банд бо ташбеҳу ташхису маҷози зебое боридани боронро бар сари сабзаҳо ба тасвир меорад, ки чашм аз тасаввури он меболаду димоғ аз тароваташ пур мешавад.
Бандҳои дигари шеър ҳам огандаи рангу садову бӯву ҳаракат буда, як лавҳаи зиндаи табиатро пеши назар муҷассам месозанд, ки аз он рангро тамошо кардану садоро шунидану бӯйро шамидану ҳаракатро дидан мумкин аст.
Дар шеърҳои тавсифию тасвирӣ ва манзаравӣ мазмунҳои амиқи иҷтимоӣ ҷойгузин шуданашон мумкин аст, ки аз зимни тасвир бармеоянд . “Шаршараи Восеъ” аз ҳамин навъи шеърҳои манзаравист. Он ҳамагӣ аз се байти ёздаҳҳиҷоӣ иборат аст:
Бар даҳони ғор, поёни дара,
Мефарояд паҳну суфта шаршара.
Пардаи обӣ табиат бофтаст,
Ҳамчу модар бар дараш партофтаст.
Ғорро то ҳифз аз чашмон кунад,
Қаҳрамон фарзандро пинҳон кунад.
Дар ин шеър шоир гӯё бо мабҳаси тасвир – манзара омехта, ҳулул кардааст, ки аз руҳия ва эҳсосоту андешаи ӯ асаре дида намешавад. Дар шеър ба ғайр аз тасвир чизи дигаре нест, ҳеҷ фикру андешае, ки ба ин ё он тарз маънӣ кардани шеър роҳнамоӣ мекарда бошад, вуҷуд надорад. Ҷойи баёни эҳсосоту таассуротро пурра воқеияти тасвир гирифтааст, ки ба воситаҳои бадеъ – тавсифу ташбеҳ ва ташхис ба ҷо оварда шудааст. “Паҳну суфта” тавсифи фуромадани шаршара, “ҳамчу модар” “пардаи обӣ” бофтани табиат ташбеҳи табиат ба модар ва ташхисонидани он мебошад. Маънои шеър аз худи тасвир бармеояд. Восеъ қаҳрамони озодӣ ва адолатхоҳи мардумист. Озодӣ ва адолат мавзӯи ҷовидони адабиёт аст, ҳамчунонки табиат. Дар ин ҷо муҳтавои ҷовидон ба воситаи ҷовидон, яъне манзараи табиат нишон дода мешавад, ки барои Ватан таблиғи қаҳрамонӣ мекунад. Ватан низ ҳамчун табиат рукни ҷовидон аст барои ҳастӣ ва инсон будани инсон. Табиат ҳамчун модар, ҳамчун Ватан ба фарзанди қаҳрамонаш ғамхору меҳрубон аст ва ӯро бо пардаи “паҳну суфтаи шаршара”- аш аз чашми душманон ҳифз мекунад. Ин эҳсоси дуҷонибаи ҳамдигардӯстдорӣ – ватандӯстдории қаҳрамон ва қаҳрамондӯстдории ватан бе ҳеҷ ҳарфи муҳаббат, танҳо ба воситаи нигориши манзараи табиат нишон дода шудааст, ки намунаи хуби шеъри манзаравист. Ин айни ҳамон ҳолат аст, ки дар бораи тасвири манзара навиштаанд: “Аз манзара муҳаббати ватан оғоз гаштааст”.
Ҳар тасвир бо воқеияти мушаххас ва воситаҳои бадеии тозаву муносиб бояд ба қалам оварда шавад. Дар шеъри тасвирии “Ду ҳайкал”-и Ғаффор Мирзо гузаштаи зиндагии мардуми тоҷик, ки зери бори сангини истисмори табақоти ҳукмраво буд, дар тимсоли “санги азиме”, ки “бораш на ба кӯҳ – бар танаи чор чинор аст”, ба воситаҳои бадеии маҷозу ташбеҳу тавсифу ташхис ва муболиға ба нигориш омадааст:
Як санги азимест чу кӯҳ дар бадани кӯҳ,
Бораш на ба кӯҳ – бар танаи чор чинор аст.
Ҳар чор аз ин бори гарон қад накашида
Чун бутта пур аз гурму каҷу обиладор аст.
“Санги азим” дар ин ҷо намоди табақоти истисморгар аст, ки бар дӯши мардуми заҳматкаш –“чор чинор” савор буданд ва аз гаронии ин бор чинорон қад накашида, яъне мардум ба рушди иҷтимоӣ нарасида, “чун бутта пур аз гурму каҷу обиладор”, яъне зиндагиашон пур аз нуқсу дарду кулфат буд. Чунин ифодаи беадолатии иҷтимоӣ дар шеъри муосири тоҷик собиқа надорад, зеро мабҳаси тасвир тоза аст, ки ифодаи маъниро ҳам нав намудааст. Шоир дар банди дуюми шеър танҳо бо тасвир қонеъ нашуда, мазмунеро, ки мехоҳад аз он тасвир дарк шавад, баён карда мегӯяд, ки “ин санг на санг асту чинорон на чиноранд” ва рамзеро, ки дар он ниҳон аст, бо чунин суханҳо мекушояд:
Дирӯзи гаронро худи устод – табиат,
Бо тоҷики дирӯза таҷассум бинамудаст.
Дар ду банди минбаъда, дар банди сеюм тасвири банди аввал бо каме тағйир аз нав дода шуда, дар банди чаҳорум он чор чинор ба чор бародар ташбеҳ карда мешавад, ки ба зери он бори сангин «китф ниҳод»-анд ва мунтазиранд, ки «ёри дигар ояд» ва «мадад бахшаду дар ҷар фиканандаш». Асоси ин шеъри тасвирӣ бар намоди санг, ки дар фарҳанги тоҷик мафҳуми монеаву мушкиливу тоқатфарсоиро мерасонад, гузошта, аз он мазмуни тозаи иҷтимоӣ бароварда шудааст.
Дар шеърҳои “Шиори зиндаи меҳнат”, “Сарву шамшод” тавсифу тасвир ва манзаранигорӣ ба тарзҳои гуногун ба манзури ифодаи маҳсусу тасаввуршавандаи ғояе, ки шоир мехоҳад, баён намояд, ба истифода рафтаанд. Шеъри “Шиори зиндаи меҳнат” муҳимтарин хусусияти шеъри пайкаранигориро дорост, зеро дар он шоир ба воситаи нигоштани пайкара ва чеҳраи фардии шахсияти шеъри худ тимсоли таъмимиеро меофарад, ки маҳсули андешаҳои ӯ дар бораи шахс ва рисолати ӯ дар ҷомеа мебошад. Азбаски моҳияти эҷодиёти Ғаффор Мирзо асосан бо мазмуни иҷтимоӣ хулоса мешавад, дар ин шеър ҳам ӯ симоеро меофарад, ки тасаввур ва ғояи ӯро оид ба инсони бунёдкор ба шакли бадеӣ таҷассум менамояд. Дар чопҳои аввал ин шеър ба яке аз бунёдкорони истгоҳи барқии Норак, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ғулом Орзиқулов бахшида шуда буд, яъне мабҳаси тасвири фардӣ ва воқеӣ дошт, аммо дар нашрҳои минбаъда шоир ин бахшоишро ҳазф кардааст, шояд барои он бошад, ки дар он махсусияти хосе, ки бунёдкори маҳз истгоҳи барқро равшан нишон диҳад, аён набуда, он бештар хусусияти таъмимӣ гирифта, тимсоли ормонии инсони бунёдкор шудааст:
Раги гардан чу арғамчин,
Ҷабин бечин, нигаҳ лочин,
Ду дасташ дасти оҳангар,
Сари сина – яли сафдар.
Дилаш андар кафи дасташ,
Ҳалиму содаву беғаш,
Китоби ботинаш – зоҳир,
Бубину хону ибрат гир.
Ҳамчунонки ба назар мерасад, шоир шеърро якбора аз тасвир, аз ташбеҳи ғулувомез, ки раги гарданро ба арғамчин шабеҳ медонад, оғоз карда, ба ҷабин сифати “бечин” медиҳад ва нигоҳро ба нигоҳи “лочин” ва “ду даст”-ро ба “дасти оҳангар” ва “сари сина”-ро ба сари синаи “яли сафдар” монанд мекунад, ки ин ҳама ташбеҳу тавсифу ғулув дарзамон тимсоли пургунҷоиш ва маҳсусу тасаввуршавандаи инсони бунёдкори ормонии ӯро пеши назар меорад. Дар ин ҳолат яке аз қонуниятҳои асосии пайкаранигорӣ ба кор гирифта шудааст, ки таъкид дорад: “Ҷисми инсон ҳам дар портрет хомӯш намебошад”. Банди дуюм шахсияти шеърро асосан тавсиф карда, дили ӯро “ҳалиму содаву беғаш” ва “китоби ботинаш”-ро “зоҳир” меномад ва дар ин ҳолат ҳиссиёти таблиғотии шоир боло мегирад, ки ба хонанда муроҷиат карда: “Бубину хону ибрат гир” мегӯяд.
Ҳамин тариқ, дар се банди минбаъда ҳам ба сурати ин пайкара тарҳ ва сифатҳои тоза зам мегардад, ба монанди “аз ӯ ояд насими чӯл”, “сафои Сир”, “бӯи ободӣ”, ки онҳо дар як замон ҳам тасвири пайкараро пурра мекунанд ва ҳам назари шоирро ба масъалаи мавқеи инсони бунёдкор дар ҷомеа ифода менамоянд. Дар ин сурат моҳияти аслии пайкаранигорӣ ба зуҳур меояд, ки он як тарзи баёни ғояи асар буда, ба воситаҳои бадеии нигориш ба амал оварда мешавад. Ин манзур, дар ҳоле, ки дар оғози шеър ҳам дарк мешуд, дар банди охир ҳам таъкид гаштааст:
Аз ин дастон, аз ин андом
Аз ин тӯши чу истеҳком,
Ба меҳнат мекунад даъват
Шиори зиндаи меҳнат.
Шеъри “Сарву шамшод” аз ашъори минётурии манзаравии Ғаффор Мирзост, ки дар сурати ин ду дарахти табиат – сарву шамшод зиндагии инсониро маънӣ мекунад. Дар ин шеър аз дарахтзори табиат, ду навъи он дафтари сабзи зиндагӣ хонда мешавад, зеро дар мақоми тимсоли ҳаёти инсон зуҳур менамояд. Онҳо дар ин шеър тимсоли абадиятанд. Вақте ки аз тимсолҳои абадияти ҳастӣ барои инъикоси даргузарии ҳаёти инсонӣ истифода мешавад, тазодҳо ниҳоят барҷаста сурат мегиранд:
Сарву шамшод навҷавон буданд,
Бетаносуб ба сели гарм ва сард,
Бивазад бод, ҳарду мерақсид,
Шодмона сарак-сарак мекард.
Солҳои шубоб бигзаштанд,
Ҳарду гӯёи изтироби наванд,
Дар мақоми шамол меноланд,
Дар мақоми шамол мекалаванд.
Ин шеъри комилан тасвирист, ки вазъи ду дарахтро дар фаслҳои гуногуни сол – баҳорро дар хотир ва хазонро дар воқеъ, нишон медиҳад. Ҳангоме ки ҷавон буданд, сели гарму сард барояшон фарқе надошт, “мерақсид” –анду “сарак-сарак мекард”-анд, бо ин суханҳо шоир онҳоро ташхис карда, барои ба ҳаёти инсонҳо пайвастани авзои онҳо замина омода месозад ва дар банди дуюм ин пайвандро таҳким бахшида, ба онҳо сифати “изтироб” доштан ва амалҳои “меноланд”-у “мекалаванд”-ро нисбат медиҳад, ки иртиботашон ба ҳаёти инсонӣ комил шавад. Дар натиҷа сарву шамшод намоди инсонҳо гашта, “дар мақоми шамол” нолидан ва калавидани онҳо маънои ба марҳалаи хазон расидани онҳоро ифода менамояд. Хулосаи шеър аз идроки худи хусусияти тасвир бармеояд, ки ба он фазилати бештари фалсафӣ медиҳад.
Аскар Ҳаким