Савте, ки ба қалб шӯр ангехт
Ба муносибати 100-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ
Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ аз ҷумлаи адибони сермаҳсул мебошад. Достонаш дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрйигитов бо номи «Шаби пеш аз марг» аз он хотир таъсирбахшу ҷолиб иншо шуд, ки саҳнаҳои ошноро рӯйи коғаз овард. Адибе, ки наср ҳам навишту назм ҳам, ҳаҷв ҳам иншо карду очерку публистистика ва драмаҳо низ.
Мавсуф 7 январи соли 1924 дар деҳаи Лангари Бобои ноҳияи Конибодом дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Ӯ дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт ва мероси зиёде аз худ ба ёдгор монд.
Маҷмуаҳои «Суруди бахт» (1948), «Гуфтугӯ бо меҳмон» (1958), «Гули баҳор» (1959), «Шаби пеш аз марг» (1968),«Шукуфаҳои аз хун дамида» (1970), «Гули шом» (1982), «Шоҳиди зинда» (1985), «Машъалафрӯз» (1987), «Минбари шоир»(1988), «Қиссаи нави «Юсуф ва Зулайхо» (1988) «Ашки ширин» (1995) ва маҷмуаҳои бачагонаи «Дили оташин» (1948), «Қиссаи пахта» (1958), «Писарчаи ҷаҳондидаи ман» (1959), «Таркиш» (1975) ва «Шайтон» (1980) ва ғайра аз таълифоти ӯ дар бахшҳои адабиёту ҳунар ва фарҳанганд.
Адибон, мунаққидон ва адабиётшиносон, аз ҷумла Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Қутбӣ Киром, Раҷаб Амонов ва дигарон дар бораи ашъор, наср ва шахсияти адабии ӯ фикру андешаҳои ҷолиби худро рӯйи авроқ овардаанд.
Шеърҳои нави Абдуҷаббор Қаҳорӣ, ки таассуроти аз сафари кишвари Афғонистон ҳосилнамудаи ӯро таҷассум кардаанд, дар эҷодиёти ӯ саҳифаи нав мебошанд.
Шоир ба мавзуъҳои гуногун дахл мекунад. Ин мавзуъҳо ҳар кадоме як ҷиҳати муҳимми ҳаёти мардуми ин кишварро инъикос менамоянд.
Шоир зуҳуроти фараҳбахши ин дӯстиро дар шаҳрҳои Афғонистон бо чашми худ мушоҳида карда, илҳом гирифта, ба шавқ омадааст ва ин аз ҳар мисраи шеърҳои ӯ ҳис карда мешавад.
Ӯ шеърҳои худро «Оҳангҳои дӯстӣ» номидааст ва нахустин шеъри ӯ бо калимаи дӯст шуруъ мешавад:
Аз дӯст ишорат шуд,
Мо азми сафар кардем.
Дар ҷашни шумо хушнуд
Мо замзама сар кардем.
Аз кишвари тоҷикон
Нав-нав ҳунар овардем,
Ҳам ҳурмати бепоён
Бори дигар овардем.
Савти дафу чангу тор,
Аз Нораку Рӯшон аст,
Ин рақси нави «Дилдор»
Мавҷи дили ҷӯшон аст.
Шеъру ғазали тоҷик
Бо ҷашни шумо пайваст,
Ҳар як суханаш наздик
Бар мардуми афғон аст.
Шоир ба кадом мавзуе, ки дахл кунад, дӯстиро дар назар дорад. Як шеъри ӯ дар бораи аз чодар озод шудани занону духтарон гуфта шудааст:
Ҳаст шаҳре аҷаб ба шарқзамин,
Ахтаронаш ниқоб бигрифта,
Гар аз онҳо яке кушояд рӯй,
Сурати моҳтоб бигрифта…
Ин шеърро, ки аз шаш банд иборат аст, шоир ба духтари ҷалолободӣ -Моҳрӯя, ҳамон духтаре, ки нахустин шуда дар Афғонистон аз сар чодар партофт, эҳдо кардааст.
Шодии ифтихорангез дар ҳамаи шеърҳои «Оҳанги дӯстӣ» равшан ва таъсирбахш садо медиҳад.
Шоирро ҷасорати духтари аз чодар беруншуда, зебоиҳои Кобул, ҳусни табиати Афғонистон, санъати фараҳбахши мардуми ин мамлакат, нигоҳи пурмеҳри шоири афғон ва корнамоиҳои бар зидди бегонагон нишондодаи халқи ҷасуру озодихоҳ илҳом бахшидааст.
Ӯ аз ҳамаи ин дилхуш ва руҳбаланд гардида, ҳаяҷони дили худро изҳор мекунад. Ривояти аҷиби халқӣ дар бораи пайдоиши шаҳри Кобул диққати шоирро ба худ кашида, мавзуи яке аз шеърҳои дилчаспи ӯ қарор гирифтааст. Дар ин ривоят меҳри мардуми ин мулк ба пойтахти босафои ватанашон – Кобул шавқангез ва басо нозук ифода гардидааст. Шоир манзараи ба рӯйи гул омада нишастани қатраи обро ба риштаи назм кашида, ҳусни дилфиреби табиатро хеле хуб ба ҷилва меоварад:
…Чун қатраи об рафт поин,
Афтод миёни ғунчаи гул.
Он ҷо, ки ба ғунча қатра афтод,
Машҳур бишуд ба номи Кобул.
А. Қаҳҳорӣ ба халқу мамлакати дигар шеър бахшида, ҳамеша дар бораи мамлакати худ фикр мекунад ва дар мавридаш ба ин ё он ҷиҳати зиндагии халқи маҳбубаш ишорае менамояд. Ин ишораҳо дар шеърҳои ӯ хеле ба маънӣ ва зебо воқеъ шуда, ба ҳусни шеъри ӯ ҳусне илова кардаанд.
Шоир дар шеъри «Рассом» зебоии ҳайратангези кӯҳистони тоҷикро тасвир мекунад. Дилрабоии манзараҳои тасвиргардида, обуранги нафиси ин манзараҳо аз ҳар мисраи шеър аён мегардад. Хонанда ба хубӣ ҳис мекунад, ки дар мусофират, дар сарзамини халқи дигар дар дили шоир нисбат ба ватанаш чӣ муҳаббати пурифтихор ба туғён омада будааст.
А. Қаҳҳорӣ яке аз шеърҳояшро «Суруд ва рӯд» номидааст. Дар шеър суруди афғонӣ васф шудааст. Шоир изҳор мекунад, ки суруди ин мардумро табиати босафо ва файзи рӯдҳои пурмавҷи ин сарзамин шӯху ботароват ва дилнавоз кардааст:
Ногоҳ суруду рӯд омехт,
Як савти хуше ба гӯш омад,
Савте ки ба қалб шӯр ангехт,
Ҷайҳун шуда дар хурӯш омад.
З-он вақт суруди халқи афғон,
Шуд шӯх чу рӯди кӯҳсорон.
Илҳоми шоир ба шавқи дили дӯстон пайвастааст ва шеърҳои ӯ ҳавои софу ҳусну латофати ин сарзамини дӯстро дар бар карда, ба сурудҳои пурҷӯшу хурӯши меҳрангез мубаддал гардидаанд.
Раҷаб Амонов