Ҳар сатри дафтари ман чун мӯр меравад роҳ…

 Ҳар сатри дафтари ман чун мӯр меравад роҳ…

Ба муносибати 85-солагии устод Бозор Собир

Коргоҳи эҷодӣ

Камина 35 сол пеш аз ин дар мавзуи «Тадқиқи текстологии ашъори Бозор Собир» рисолаи дипломӣ навишта, ашъори ин шоири тавоноро аз овони донишҷӯияш то охири солҳои ҳашто­думи садаи бист мавриди пажуҳиш қарор дода будам. Дар он тадқиқоти шогирдона тамоми ашъори Бозор Собирро, ки аз даврони донишҷӯияш сар мешаванд, аз ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳо ҷамъоварӣ карда, бо шеърҳои дар маҷмуаҳо нашргардида муқоисаю муқобала намуда, натиҷаи таҳрир ва қаламзаниҳои шоирро ба навъе хулосабарорӣ карда будам.

Он замон аз натиҷаи тадқиқот хулосаи илмӣ бароварда, навишта будам, ки то соли 1980 қаламзанию кор дар болои эҷодиёти худ барои шоир характери ҷиддӣ дошт. Ва аз соли 1980 ба баъд барои Бозор Собир марҳалаи камолот оғоз мегардад, ки дар офаридани шеъри пухтаю расо душворӣ намекашад ва таҳрири на­виштаҳояш ҳам камтар ба назар ме­расад. Аммо ин хулосаи шогирдонаи ман чандон эътибор пайдо накард, зеро соли 1997 дар Маскав нашри маҷмуаи шеърҳои Бозор Собир зери унвони «Аз «Гули хор» то «Симхор» мунташир гашт.

Маҷмуаҳои шеърии Бозор Со­бир, ки то охири солҳои навадум нашр гардидаанд, инҳоянд: «Пай­ванд», 1971, «Оташбарг», 1974, «Гули хор», 1978, «Мижгони шаб», 1981, «Офтобниҳол», 1982, «Бо чамидан, бо чашидан…», 1987, «Чашми са­федор», 1992, «Симхор», 1995. Дар 8 маҷмуаи нашрнамудаи шоир беш аз 260 шеър ҷой дода шудааст, вале аз ин миқдор дар маҷмуаи «Аз «Гули хор» то «Симхор» ҳамагӣ 95 шеър ҷой дода шудаасту шоир аз баҳри дигар шеърҳояш баромадааст. Дар маҷмуаи «Аз «Гули хор» то «Симхор» 95 шеър ва 258 рубоӣ гирд оварда шудааст.

Ҳамаи шеърҳои аз ашъори пешин интихобгардида ҳам таҳрири ҷиддӣ дидаанд. Масалан, дар маҷмуаи «Бо чамидан, бо чашидан» шеъри «Фир­давсӣ» аз 89 мисраъ иборат аст, ки бо ин сатрҳо оғоз мешавад:

Хуршед рафту аз паси хуршед баста шуд

Мехи ситоракӯби дари чармпӯши шаб.

Шабкӯраи нигоҳи ман аз лонааш парид,

Вақте навохт соати бурҷе ба гӯши шаб.

Дар маҷмуаи «Аз «Гули хор» то «Симхор» аз ин шеър танҳо ду мисраи аввал боқӣ мондаасту тамом.

Аз замоне ки устод Бозор Собир ба майдони шеър ворид гардид, то имрӯз беш аз шаст сол сипарӣ шудааст. Дар ин муддат шеъри тоҷикӣ марҳалаҳои гуногуни таҳаввулро паси сар карда, инкишоф ёфтааст. Агар маҳсули эҷо­дии шоирони солҳои шастуми садаи гузашта ба адабиёт воридгаштаро бо чакидаҳои навқаламони даҳ-бист соли охир муқоиса намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Омили асосӣ ин аст, ки дар он рӯзгор бештари сухан­варон аз чӣ будани шеъри нав огоҳӣ надоштанд. Агар бархе аз шеъри нав имкониятҳои арӯзи озодро ба инобат гирифта, ашъорашонро ба анбори калимаю ибора табдил дода бошанд, як зумраи дигар таровати шеърро дар нав кардани ҷанбаи мундариҷавии он медиданд ва ғояти шоириро дар та­раннуми арзишҳои идеологию сиёсии замон медонистанд.

Аввалин шеъри Бозор Собир дар рӯзномаи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» 1 январи соли 1958 нашр шу­дааст, ки чунин оғоз мешавад:

Марҳабо, эй соли нав, меҳмони нав,

Марҳабо, бар хонадони тоҷикон.

Кишвари тоҷик халқи боҳунар,

Бо ту дӯстанду азизу меҳрубон…

Ин шеър аз 12 мисраъ иборат буда, нақли таассуроти содаест, ки ба як таври одӣ ба риштаи назм кашида шудааст. Ба ҳамин монанд ба шеъри дигари шоир таҳти унвони «Чоҳкан зери чоҳ» («Қуллаҳои дониш», 1958, 19 май) дучор меоем, ки аз 16 байт иборат буда, чунин оғоз мешавад:

Як уқобе боли худро боз кард,

Аз сари кӯҳи баланде як пагоҳ.

Сайд меҷусту ҳамезад болу пар,

Менамуд бо чашми пуркинаш нигоҳ…

Шеъри мазкур аз ду қисмат иборат буда, қисми аввал дар бораи уқобе, ки ман – манӣ мекунаду аз зиракӣ боли­да, бо тири сайёд сарнагун меафтад, нақл мекунад ва қисми дуюми шеърро ба ҷангҷӯёни Амрико нисбат дода, бо чунин мисраъҳо ба поён мерасонад:

Гарчи дорӣ фитнаи беинтиҳо,

Бандаи англис, балегӯ, рӯсиёҳ.

Лек дон аз мо мақоле инчунин:

Чоҳкан охир биафтад зери чоҳ.

Ба ҳамин монанд шеъри дигари шоир бо номи «Баҳор имрӯз» («Ба қуллаҳои дониш», 31 марти 1959), ки дар шакли ғазали мураддаф иншо шудааст, аз лиҳози баён хеле сода ва шогирдона буд:

Табиат, ваҳ, чи зебо оразе дорад баҳор имрӯз,

Саросар сабзу хуррам кӯчаю кунҷу канор имрӯз.

Аввалин шеъри устод Бозор дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» соли 1960 нашр шудааст, ки аз 23 мисраъ иборат буда, «Ростӣ ҳам, ман ба кӯҳ монанд» унвон дорад. Ин шеър дар шакли арӯ­зи озод иншо шуда (танҳо аз лиҳози озод будани қофияҳо), хеле сода аст.

Баҳри он ки ҳамеша бебокам,

Ҳам баланду калону ботамкин,

Бин, ки акнун тамоми ёронам

Кӯҳ гӯяндаму лақаб шуд ин

Аз ибтидо то интиҳои шеър кӯши­ши худро ба кӯҳ монанд сохтан дида мешавад, аммо ягон мушобиҳати ман­тиқӣ пайдо намегардад ва дар хулосаи шеър мегӯяд:

Гарчи онҳо ҳамеша хомӯшанд,

Дили пурлаълу гавҳаре доранд.

Дили ман пучу муфлис аст магар?

Ростӣ ҳам, ки ман ба кӯҳ монанд.

Аввалин сурудае, ки шоир онро чун шеър дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта эътироф кардааст, шеъри «Чинор» мебошад.

Ин шеър соли 1961 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (№12) чоп шудааст, ки намунаи чанд бандаш ин аст:

Дарахте дар канори ҳотаи мо

Аҷаб болобаланду барҳавояст.

Фараҳбахшанда асту тозаю тар,

Ба сони наварӯсон дилрабояст.

Агарчанде надорад мевае он,

Дарахти бесамар аст он, чинор аст.

Барои ман ва аҳли хонаи мо,

Азиз аз ҳар ниҳоли мевадор аст.

Ҳамон рӯзе ба рӯи навбаҳорон,

Маро модар таваллуд менамудаст.

Падар онро барои хотири ман,

Худаш бо дасти худ биншонда будаст.

Баъди 11 сол порчаҳои зикршуда то дараҷае таҳрир ёфта, дар маҷмуаи «Пайванд» ҷой дода шудаанд:

Дарахте дар канори ҳотаи мо

Кашида сар ба сӯи осмонҳо.

Ҳазорон шохаи пурбарг дорад,

Бувад подор чун марди тавоно.

Ҳамон рӯзе, ки чашми модарамро

Вуҷуди ҳастиам кардаст равшан,

Худаш бо дасти худ биншода будаст,

Падар онро барои хотири ман.

Марҳалаи аввали эҷодии Бозор Собир, ки зиёда аз 10 солро дар бар мегирад, дар қиёс ба марҳалаи дуюм (1970-1980) як навъ шогирдона ба назар мерасад. Зеро дар ҷавонӣ истеъдоду маҳорат ва эҳсосу тахайюл решаҳои суст доранд. То ба марҳалаи таффакур расидану дунёи шахсӣ ва муҳиту атрофро дарёфтану кашф кардан ва ба ин васила худро сохтан, шоир бояд ин роҳро тай мекард. Қала­миҳои аввали шоир гувоҳи онанд, ки ӯ рӯз то рӯз ба шеър бо нигоҳи тадриҷан инкишофёфта менигарад. Ва дар ин роҳ вазифаи шоиру нақши шеърро хубтар дарк мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳам гоҳе агар ӯ мисраъ ё бандеро бо муродифоти нишонрасу бамаврид иваз кунад, дар ҷойи дигар чандин банду мисраъҳоро ихтисор мекунад ва бо шакли нави баён онро дубора эҷод мекунаду менависад. Кӯшишеро ба харҷ дода ҷои он ихтисораҳоро бо ибора ё мисраи шоиронае пур карданӣ мешавад. Ин амал пайваста ва мутта­сил давом меёбад.

Зоҳиран, ҳамин ҷиҳати муносибат ба эҷоди сурудаҳояшро, яъне таҳриру такмили пайвастаашро шоир дар як банди шеъри «Хонаи мӯр» хеле зебо иброз доштааст:

Ҳар сатри дафтари ман

Чун мӯр меравад роҳ,

Гаҳ дона мекашонад,

Гаҳ тӯда мекунад коҳ.

Мо дар ин ҷо якчанд намунаеро оварда метавонем, ки он замон ми­соли гуфтаҳои боло шуда тавонанд.

Аввалин маҷмуаи шеърҳои Бозор Собир – «Пайванд», соли 1971 аз чоп баромад, ки синну соли шоир ба 31 рост меомад. Муъмин Қаноат дар сарсухани ба ин маҷмуаи шоир навиштааш гуфтааст: «Бозор Собир шоирест, ки дар синну сол ва сухан­варӣ ба камол расидааст…».

Шеърҳои дар ин маҷмуа гирдо­вардашуда сурудаҳоеанд, ки онҳоро шоир аз аввалҳои соли 1960 то соли 1969 эҷод кардааст. Ҳангоми дар шакли маҷмуа гирд овардани ин шеърҳо шоир онҳоро таҳриру такмил намудааст.

Қобили зикр аст, ки аз ашъори то солҳои ҳафтодум эҷодкардааш шоир на ҳамаашро ба нахустмаҷмуа ворид кардааст. Агар сурудаҳои дар овони донишҷӯӣ эҷодкардаро сарфи назар намоем, ки ниҳоят шогирдо­наанд, шеърҳои «Дар ағбаи Кайту» ва «Дар роҳи биёбон» («Комсомоли Тоҷикистон, 1964, 24 май), «Роҳи деҳ» («Маориф ва маданият», 1964, 25 июл), «Хотира» («Маориф ва ма­даният», 1964, 24 декабр), «Нақши ҳусн» («Маориф ва маданият», 1965, 7 ноябр), «Торҳои хаёл» («Маориф ва маданият», 1966, 8 январ), «Парасту» («Маориф ва маданият», 1966, 18 ян­вар), «Ҷавони ошуфта» («Маориф ва маданият», 1967, 7 январ), «Борони тирамоҳ» («Комсомоли Тоҷикистон», 1967, 15 декабр), «Сарзинда» («Мао­риф ва маданият», 1968, 14 декабр), «Дарвоза» («Маориф ва маданият», 1970, 1 январ) умуман ба ягон маҷму­аи шеърӣ ворид нагаштаанд, ки саба­баш заифии баён ва ба сабки шоирии ӯ мутобиқат накардан аст.

Шеърҳои то соли ҳафтод эҷодшу­да аз ҷиҳати шеърияту барҷастагии тасвир баланд набошанд ҳам, дар онҳо назари тозаи навҷӯёна ба чашм мерасад. Қариб ҳамаи ин шеърҳо то дар шакли маҷмуа гирд овардан гоҳ таҳрири ҷузъӣ ё ихтисор ва ё иловаю такмил шудаанд.

Шеъри «Тирамоҳ», ки дар шакли арӯзи озод иншо шудаву дар маҷмуаи «Пайванд» ҷой гардидааст, соли 1967, 15 ноябр дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» чоп шуда буд ва бетағй­иру таҳрир ба нахустмаҷмуа ворид гардидааст.

Дар маҷмуаи «Гули хор» ин шеър бо ҳамон мазмунест, ки дар нахуст­маҷмуа дида мешавад. Вале аз назари қолаб он ба сурати чаҳорпора зоҳир мешавад. «Тирамоҳ»-и «Пайванд» аз ҷиҳати шакл ба арӯзи озод мансуб аст ва дар он зарби сухан дилхоҳи шоир нест. Чунончӣ:

Абр мегардад ба фарқи кӯҳсор,

Гоҳ ҷамъу гаҳ парешон,

Чун хаёли мӯйсафедон.

Мурғҳо шому саҳар пар мекашанд,

Села-села мераванд аз ошён.

Бетароват боғҳо,

Баргҳоро мебарад боди хунук аз шохсор.

Сабзаю себарга помоли хазон,

Обшор акнун намехонад суруд

Дар канори деҳаи мо боз то фасли баҳор.

«Тирамоҳ»-и «Гули хор» дар шаклу шеърият, санъатҳои шеърӣ, ҷобаҷогу­зории ибораю калимаҳо суфтаю рехта, фасеҳу ҷилодор ва барҷаста аст, ки ба кас таъсир мебахшад. Таъбирҳои образнок бо ташбеҳу тавсифи мута­носиб шеърро аз ҳар ҷиҳат нишонрас намудаанд:

Сайр дорад абри озар,

Гоҳ ҷамъу гаҳ парешон,

Чун хаёли мӯсафедон…

Селаи гунҷишкҳоро

Мезанад бо тири борон.

Лонаҳо чун чашми гирён,

Чашми гирёни дарахтон,

Аз алафҳо мечакад об,

Мисли ашк аз нӯги мижгон.

Мазмуни як лаҳзаи манзараи фа­сли тирамоҳ, ки дар маҷмуаи «Пай­ванд» бо мисраъҳои кӯтоҳу дароз тасвир шудааст:

Хок намноку ҳаво бӯйи зимистон мекунад,

Боғбонон мераванд аз боғҳо.

Панҷаашро хорҷорӯб карда мерӯбад ҳаме

Марди деҳқон резаҳои хирмани яксоларо.

Нест акнун хӯшаи нокуфтае,

Яккаовозӣ намегардад баланд.

Кафтарон борида ҳамчун барф рӯи хирманаш,

Дона мекобанду каҳ тит мекунанд…

Дар маҷмуаи «Гули хор» дар шакли чаҳорпораи рукнҳои рамал (фоилотун фоилотун) бо эҷоди та­шбеҳоти тару тоза беҳтарин тасвир аз манзараи фасли тирамоҳро пеши назар меорад:

Чун сабадҳо монда дар боғ

Каппаҳои боғбонҳо.

Ҷӯяҳо монанди гӯранд,

Хӯсаҳо ҳамчун чалипо.

То миён барчида деҳқон

Гӯшаҳои доманашро,

Мекунад бо хор ҷорӯб,

Резаҳои хирманашро.

Мефурояд барфмонанд

Аз ҳаво як села кафтар,

Мекунад як тӯда гунҷишк

Дар сари хирман паропар.

«Пайванд»:

Дар шумори умри тайгардидаи мо баъд аз ин

Боз як соли расо пур мешавад,

Як пагоҳӣ барф мерезад сафед,

Ҳар тараф пайроҳае кӯр мешавад.

«Гули хор»:

Баъд аз ин як соли олам

Талху ширин мешавад кӯр.

Як пагоҳӣ мезанад барф,

Роҳҳоро мекунад гӯр.

Маҷмуаи «Мижгони шаб», ки аз 66 шеър иборат аст, аз ашъори дар ду сол эҷодкардаи шоир, инчунин сурудаҳои пешини ӯ: аз «Пайванд» 4 шеър, аз «Оташбарг» 1 шеър, аз «Гули хор» 32 шеърро қисман бо тасҳеҳу таҳриру дигаргунӣ фаро ги­рифтааст. Ин маҷмуа Бозор Собирро ҳамчун шоири тавоною забардаст му­аррифӣ кард. Қисми асосии маҷмуаи «Бо чамидан, бо чашидан»…-ро ҳам шеърҳои маҷмуаи «Мижгони шаб» ташкил додаанд, ки қариб ҳамаи ин шеърҳо бе ягон таҳриру такмил ин­тиқол ёфтаанд.

Яке аз фазилатҳои суханвар до­нистану шинохтани мақому ҷойи ҳар вожа дар шеър аст, ки инро зарби су­хан ҳам меноманд. Дар ин ҳунар шоир ба мисли меъмор аст. Агар меъмор дар иморат ҷои сангу хишту шишаро муқаррар кунад, шоир аз тӯдаи ҳарфу калимаю ибора забони мувофиқи ҳол ва таъсири онро таъмин мекунад. Мантиқу оҳангнокии сухан низ аз ҳа­мин сифатҳои шеър ба шумор мера­ванд. Дар баробари густариш ёфтани маҳорат забон, ҷаҳонбинӣ, баён ҳам доманадор шудан мегиранд. Лаззати ҳар як ҳарфу ҳиҷоро шоир бояд ҳис кунад.

Таҳаввули маҳорати эҷодии Бозор Собирро аз ибтидо то интиҳо таҳқиқ карда, чунин хулоса баровардан мум­кин аст, ки аз роҳи кӯшишу талошу худомӯзӣ ҳосил кардани саводи адабӣ дар тули фаъолияти эҷодӣ боиси таҷ­диди назар ва таҳрирҳои пайвастаи шеърҳояш шудаанд. Худи шоир дар мақолаҳояш возеҳу ошкоро ба ин нук­та ишора кардааст: «Ҳамин тавр, ман ба зӯри худомӯзию меҳнату заҳмати худам шоир шудам, муаллиму усто­зи ҳақиқию ҳаққониям худам будам. Ҳеҷ кас дасти навишту ҳавои равиши қалами маро рост накардааст… Аммо нағз фаҳмидам, ки алалхусус дар шоирӣ устозу раҳнамое мебояд ва ин касаба, касабаест сахт вобаста ба муршиду мурид… Агар устози ғамхору мураббии дилсӯзе медоштам, дар як умр не, дар панҷ-даҳ сол шоир мешу­дам. Бо мададу роҳнамоии устоз ха­ра-хара китобҳои музахраф нахонда, китобҳои хуб мехондам ва ин ҳама сол заҳмати барҳадар накашида, сеҳру афсуну назокати шеърро зуд аз бар карда, зуд мерасидам…».

Дар воқеъ, онҳое, ки аз балоғати суннатӣ огоҳӣ доранд, дар гузашта илми бадеъ, илми баён, илми ма­онӣ, илми арӯзу қофия, илми луғату иштиқоқ ва амсоли инро дар маҳ­филҳо ва дар назди устодони шеър фаро мегирифтанд. Ва аз худ кардани маҷмуи ҳамаи ин улум саводи ада­биро ташкил медод. Шояд Тӯрақул Зеҳниро охирин намояндаи мактаби балоғати суннатии шеърамон биҳисо­бем, ки дар китоби «Санъати сухан» ҷое, ки аз нуқсонҳои фасоҳатшикани калимаю калом сухан ба миён ме­орад, намунаи ҳашвҳои қабеҳро аз ашъори шоирони муосир ба тариқи мисол нишон додааст. Вақте шоир тобишҳои маъноии калимаро дарк карда наметавонад, аз ӯ чӣ гуна ме­тавон шеъри нобро мунтазир шуд? Натанҳо устод Бозор Собир дар чунин ақида аст, бист сол муқаддам дар як мусоҳибае, ки бо устод Муъмин Қано­ат доштам, ӯ низ айни гуфтаҳои устод Бозорро иброз дошта буд.

Дар ибтидои мақола масъалаи заҳ­мату машаққатро дар эҷоди шеър зикр намуда будем. Соли 1975 адабиётши­нос Фотеҳ Абдуллоҳ дар як мусоҳибае бо устод Бозор Собир сари масъалаи мазкур чунин суоле пеш оварда буд: «Қадимиён ақида доштанд, ки шеър илҳомӣ мешаваду заҳматӣ. Ин ақида имрӯз ҳам зинда аст. Аммо ин нукта яқин аст, ки илҳом ва заҳмат тавъам шеъри ғарро меофаранд. Ба ҳар ҳол ман бар инам. Азбаски оянда бештар ба шеъри интеллектуалӣ тааллуқ до­рад, дар оянда таълифи шеър асосан ба таълифи асари илмӣ монанд хоҳад шуд. Зайле, ки олим барои навиштани мақолае даҳҳо мақолаву китобро ва­рақ мезанад, шоир ҳам вақти иншои шеъре даҳҳо шеърро аз назари омӯ­зиш хоҳад гузаронд.

Бозор Собир: Намедонам. Ба ман ҳаминаш маълум, ки маънию мазму­не, ки то шеър шавад, моҳҳо, солҳо маро дунболагирӣ мекунад. Масалан, «Асп» ном шеъре дорам, ки таври зайл сурат гирифт. Ин аспро ҳанӯз дар кӯдакиям дида будам, аммо сӣ сари сол боз дар хаёлу хотири ман ҳамчунон зинда буд. Ӯ ва дар рамузи ӯ кӯдакию раҳу пайроҳаҳои дерина ҳамчу акси садои худам маро овоз медоданд. Ана ҳамин овозҳо дар ниҳоят ҳамчу садои наъли асп, ки дар арзи хотираҳои талху ширинам раҳ­вор аст, маро ба гуфтани қитъае такон дод. Яъне ҳар шеър маншаю ангезае дорад. Ҳоло ман дар ин меҳнат бо номи илҳом ҳаминро мебинам» («Ма­ориф ва маданият», 1975, 25 декабр).

Устод Бозор ба мафҳуми илҳом ҳамчун ангезае, ки аз ғайб мутасав­вир мешавад, эътиқод надорад. Аз берун чизе намеояд, то омодагии дарунӣ набошад. Илҳом дар натиҷаи ҷазба (кашиш) ҳосил мешавад ва он зоҳир гардидани майли шадидест дар анҷоми коре. Масалан, эҷодкорро як манзараи зебо ба худ ҷазб мекунад ва ин қувваи ҷозиба илҳомро ҳосил менамояд барои тасвири он манзара. Боқӣ навадуҳашт дар сади кор ба заҳмату машаққат вобастагӣ дорад, то он зебоиро тасвир созад. Шоир агар он манзараро ба воситаҳои тасвири обшустаю мустаъмал баён созад, навовар нест. Лозим меояд ташбеҳу истиораҳои нав биёфаринад, ки ин амал аз суханвар қудрату та­воноии зиёдеро тақозо мекунад. Дар ин ҷода, бешак, устод Бозор Собир нисбат ба ҳамаи суханварони муо­сири дастболотар аст. Кам шеъреро аз ӯ метавонем пайдо кунем, ки дар он як тасвири тоза, як таъбири ноби шоирона набошад. Дар пораи шеъри зерин шоир дарахти маҷнунбедро, ки ҳамеша сархам аст, ба ҳолати шахси намозгузор монанд мекунад, ки сояи худашро саҷда дорад. Ва худро аз табори ин бед медонад, зеро тамоми умр сояи касеро саҷда накардааст, яъне аз алоиқи олам озод аст ва дасти тамаллуқу тамаъ ҷониби касе дароз намекунад:

Ҷонамози сояашро дар замин густарда маҷнунбед,

Дар суҷуд истода сархам.

Ин дарахт умре намозашро

Дар ҳамин як ҷонамози сояи худ мегузорад.

Ман ҳам аз авлоди ин бедам,

Сояи касро накардам саҷда умре.

Доиман дар ҷонамози сояи худ саҷда кардам,

Доиман дар ҷонамози сояи худ саҷда хоҳам кард.

Ё дар шеъри «Кӯҳи лолагардан», ки дар варианти аввал чунин оғоз мешуд:

Ин кӯҳи лолагардан

Монанди дилбари ман,

Аз мавҷи лола хуни

Гарми занона дорад.

Дар нусхаи таҳриршудаи баъд ба ғайр аз як банд боқӣ ҳама таҳрир гардида, аз нав эҷод шудаанд ва воситаҳои тасвир аз ҳама ҷиҳат тару тозаанд:

Ин кӯҳи лолагардан

Монанди дилбари ман,

Сурхида то ба гардан,

Шарми занона дорад.

Ин чашмаро нигаҳ кун,

Як лаҳза тарки раҳ кун,

Ин чашма мезанад чашм,

Чашми занона дорад…

Обу ҳавои найсон

Аз офтобу борон,

Аз хандаҳои гирён,

Аз гиряҳои хандон

Феъли занона дорад.

Метавон ба хулоса омад, ки Бозор Собир ҳеҷ гоҳ ба пургӯӣ, муғлақбаёнӣ, иборапардозӣ, сароидани шеърҳои беҳадаф ва аз ин миқдор чоп кунон­дану ба хонанда пешкаш кардани ҷилд-ҷилд китобҳои хомро пешаи эҷодии худ қарор надодааст. Ӯ ба ин тоифа шоирон нафрати беандоза дорад:

Ман валекин бештар аз пурнависам дар шигифт,

Нав нагуфту нав ба нав аз халқ навдорон гирифт.

Бар тани девораш ин донишмаоб

Чида як девор аз хишти китоб.

Хишти девори утоқаш пухтаю хишти китобаш хом.

Мон, ту корашро заминҷунбӣ кунад ҳал,

Бар сараш хишти китобаш афтад аввал.

Шоирӣ барои ӯ баробар бо оҳан­гарист, баробар бо кафшергарист, баробар бо деҳқонист. Яъне ин кори осон нест ва набояд осон гирифт. Касе, ки ҳунари шоириро пеша карда­аст, лозим меояд, ки мисли кафшер­гар ҳарфро бо ҳарф гарм бигудозад, пайванд кунад, мисли оҳан суханро обутоб деҳад ва мисли деҳқон дар замини шеър меҳнат кунад:

Шеър лафзу ҷумлаю ҳарфу ҳиҷо бошад агар, душвор нест,

Лек лафзу ҷумлаю ҳарфу ҳиҷо ашъор нест…

Муроди ӯ пешаи интихобкарда дар сурудани миқдори шеър набуд ва нест:

Кӣ намехоҳад, ки рӯзе не агар, як соате

Ҳамчу шоир зиндагонӣ карда,

Мирад шоире,

Шоҳкоре не, агар байте бимонанд ёдбуд

Дар забони миллати худ…

Хулоса, тадқиқи матншиносии ашъори Бозор Собир пажуҳиши му­фассали илмиро мехоҳад. Худи шоир дар як вохӯрӣ бо ҳайати кормандону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садрид­дин Айнӣ (14 апрели соли 2015) эъти­роф карда буд, ки варианти аввали шеъри «Забони модарӣ» аз нусхаи таҳрирёфтаи баъдӣ беҳтар буд.

Боймурод Шарифзода

Дигар хабарҳо