РЎЗИ ПАДАРИ ШЕЪРИ АҶАМ

 РЎЗИ ПАДАРИ ШЕЪРИ АҶАМ

22 сентябр ба ифтихори Рўзи Рўдакӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону адабиётшиносон, рўзноманигорону донишҷўён ва ҳаводорони шеър маҳфили адабӣ баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон дар бораи шеърҳои Абуабдуллоҳи Рўдакӣ сухан карданд.

Ҳунарпешаи халкии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ва як гурўҳ донишҷўёни Донишгоҳи миллӣ аз шеърҳои Сардафтари адабиёти тоҷику форс қироат намуданд. Сароянда Сайфиддин Акрамзода бо сурудхонӣ маҳфилро рангинтар кард.

Дар охир Ато Мирхоҷа ба иштирокдорон миннатдорӣ баён дошта, аз номи раёсати ИНТ китобҳои тозанашри адибонамонро ба меҳмонон аз кишварҳои ҳамзабон Алиризо Ҳақиқиён ва Раҳбари Ранҷбар тақдим намуд.

Дигар хабарҳо