Одинтсов, Войнович ва дигарон
Ба муносибати 110-солагии адиб ва тарҷумон Арнолд Одинтсов
Ҳамқаламони бузургсоламон ба мо, ҷавонон, дар бораи ҳаёту фаъолияти 40-50 сол пеши Иттифоқи нависандагон бисёр нақлҳо мекунанд. Аз ҷумла, дар бораи он ки то чил-панҷоҳ сол пеш дар созмони нависандагон бахши қавии адабиёти рус ва адибони русизабон амал мекард. Фаъолияти он ду паҳлу дошт: эҷоди асарҳои хонданӣ ва ба хонандаи русизабон расонидани асарҳои хуби нависандагони тоҷик.
Зимни он нақлҳо борҳо номи Арнолд Одинтсов ҳам ба забон гирифта мешуд. Кист ӯ ва чӣ осоре аз худ боқӣ гузоштааст? Дар рӯзҳое, ки аз таваллуди адиб 110 сол мегузарад, хостем бо зикри чанд чиз аз ӯ ёд кунем.
Дар китоби «Адибони Тоҷикистон» (Душанбе, «Адиб», 2014) дар бораи нависанда чунин мехонем: «Арнолд Одинтсов (Одер) 24 сентябри соли 1913 дар шаҳри Харков ба ҷаҳон омадааст. Аз соли 1930 дар корхонаҳои Маскав харротӣ кардааст. Соли 1934 шуъбаи шабонаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи умумииттифоқии коммунистонро хатм намудааст». Дар идомаи ин маълумот як чиз ҷолиб аст, ки номбурда баъдан дар бонуфузтарин нашрияҳои марказии шуравӣ — рӯзномаҳои «Крестянская газета», «Комсомолкая правда», «Пионерская правда» ва маҷаллаи «Смена» кор кардааст.
Ин маълумотро метавон бо навиштаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пурратар кард. Дар Интернет санаи оғози фаъолияти эҷодии Арнолд Одинтсов соли 1935 зикр шудааст, ки бояд дуруст бошад, чунки ба санаи Донишгоҳи умумииттифоқии коммунистии ба номи Я. М. Свердловро хатм кардани ӯ рост меояд.
Дар китоби «Адибони Тоҷикистон» «аз соли 1942 дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок» кардани адиб зикр шудааст. Интернет инро дақиқтар карда менависад, ки «дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷабҳа мухбири ҳарбӣ буд». Қабл аз он ки дар тарҷумонӣ ном барорад, Арнолд Одинтсов аллакай адиби шинохта буд ва китоби ҳикояву қиссаҳои дар Маскав нашршудааш «Дар Жигули» (соли 1952) баҳои баланд гирифт.
«Соли 1955 ба Тоҷикистон омада, ҳамчун тарҷумон ба кор пардохтааст» — мехонем дар идомаи китоби номбурда. Маҳз дар ҳамин давра бахши дигари фаъолияти эҷодии адиб – тарҷумонӣ оғоз мешавад. Ҷолиб он аст, ки ӯ беҳтарин асарҳои ҳамон замон — «Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона»-и Ҳабибулло Назаров, «Ҷӯра-саркор»-и Аъзам Сидқӣ, «Имзои шахсӣ»-и Аминҷон Шукӯҳӣ ва Ҳилолиён Аскар, ҳикояву очеркҳои забардасттарин нависандагон — Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиевро ба русӣ баргардонда, дар нашрия ва нашриётҳои бонуфузи марказӣ чоп мекунад. Ин далели адиби нуктадон ва тарҷумони пухтакор будани ӯ мебошад.
Тавассути тарҷумаи Одинтсов ин китобҳо дар саросари кишвари беканори шуравӣ паҳн ва маҳбубу машҳур шуданд. Чунон ки саркитобдори Китобхонаи вилоятии Рязан бо номи Максим Горкий Олга Воробел дар сомонаи интернетиашон менависад, дар хазинаи онҳо чанд тарҷумаи Арнолд Одинтсов, аз ҷумла асари Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона, шоире, ки чил сол қабл даргузаштаасту девона номидаандаш, лекин бояд оқилаш гуфт» ва маҷмуаи очеркҳои Арнолд Одинтсов дар ҳамқаламӣ бо Ҷалол Икромӣ «Аҷоиботи сафар» маҳфуз будааст. Нуқтаи дигари ҷолиб дар ин навишта он аст, ки «Дар маҷмуаи соядастҳо»-и муассиса китоби Арнолд Борисович Одинтсов «Он ҷо, дар паси тӯдаи абрҳо» бо соядасти «Ба Наташа ва Миша ба нишони дӯстӣ, бародарӣ ва хушбахтӣ» маҳфуз аст. Соядасти хотиравӣ ба Михаил Левин ва ҳамсари ӯ Наталя мансуб буда, соли 1999 аз ҷониби онҳо ба китобхона туҳфа шудааст». Михаил Иосифович Левин яке аз адибони маъруфи русзабон ва солҳои зиёд корманди масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Баъдан китобҳои дигари Арнолд Одинтсов – «Роҳи Мешера», «Хона ба хона» (дар китоби «Адибони Тоҷикистон» бо номи «Аз ҳавлӣ ба ҳавлӣ» тарҷума шудааст) ва навиштаҳои зиёдаш дар матбуоти марказии шуравӣ нависандаро дар муҳити адабӣ шинохтатар намуданд.
Далели эътирофи ҳунари нависандагию муҳарририи Арнолд Одинтсов ва хайрхоҳии ӯ ба ҳамқаламон аз ҷумла порае аз навиштаҳои адиби рус – муаллифи асарҳои зиёди хонданӣ, бахусус романи ҳаҷвии «Зиндагӣ ва саргузаштҳои ғайриодии сарбоз Чонкин» Владимир Войнович мебошад.
«Тобистони соли 1959, — менависад ӯ, — қиссаро тамом кардам… «Мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунем» унвонаш додам ва ба маҷаллаи «Юность» бурдам…».
Қисса моҳҳои дароз даст ба даст гашта, қисматаш норавшан мемонад. Як дӯсташ Владимир Войновичро бо адиби солхӯрда — Арнолд Борисович Одинтсов шинос мекунад.
«Ӯ ба Маскав аз Душанбе омада буд ва муваққатан дар маҷаллаи «Дружба народов» кор мекард. Ман қиссаро нишонаш дода, пурсидам, ки ба фикри ӯ, оё онро чоп карда метавонам?
— Қисса хуб аст, албатта, чопаш мекунед, — гуфт Одинтсов. — Лекин баъд барои он шуморо сахт мекӯбанд.
— Барои чӣ?
— Барои он ки навиштаи шумо ба ҳаёти воқеӣ бисёр монанд аст.
Таърифаш форид ва «кӯфтан» ҳам дигар маро натарсонд. Ман, албатта, ёд доштам, ки чӣ хел соли 46- ум Зошенкову Ахматоваро «мекӯфтанд» (дар омӯзишгоҳи ҳунармандӣ ба мо аз бадии онҳо мегуфтанд). Даҳ сол баъд ҳамон гуна Дудинтсевро барои романи «На бо як нон зинда аст одам», сипас Пастернакро барои романи «Доктор Живаго» маҳкум намуданд, ки қисматашон бароям даҳшатнок буд.
Беш аз ин, чунин маҳкумкуниро чун эътирофи хидматҳо пазируфтам, аз ин рӯ, огоҳии Одинтсовро чун таъриф қабул кардам. Бо вуҷуди чунин огоҳӣ ӯ маслиҳат дод кӯшиш кунам, ки қисса дар «Дружба народов» чоп шавад…».
Ин пора чанд ҷиҳати ҳолномаи Арнолд Одинтсовро пурра ё равшан мекунад. Аввалан, ӯ баъди дар соли 1955 ба Душанбе омадан, дар ин ҷо муқимӣ нашуда, боз ба Маскав баргашта, дар идораи маҷаллаи «Дружба народов» ба кор даромада будааст. Сониян, обрӯю нуфузи ӯро дар миёни адибони Маскав бозгӯ мекунад, ки назарашро пурсидаву маслиҳаташро мегирифтаанд. Сеюм, дар ин пора истеъдоди асилро шинохтаю эътироф кардан ва аз оқибати кори муаллифи ҷавон ба андеша рафтани Арнолд Одинтсов, ки хислати адибони ҳақиқист, равшан эҳсос мешавад.
Сухан дар бораи соли 1959 меравад ва «адиби солхӯрда Арнолд Борисович Одинтсов» гуфтани Владимир Войнович касро ба андеша водор мекунад. Он вақт «адиби солхӯрда» ҳамагӣ 46-сола буд, ки ҳаргиз айёми солхӯрдагии мард нест. Гап дар бораи он меравад, ки Одинтсови фарзанди меншевик, ки падараш чун душмани халқ ҳабс шуда буд, Одинтсови сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Одинтсови адиби соҳибдилу заҳматкаш шояд он қадар азобҳо кашида буд, ки дар назари Войновичи 27-сола «солхӯрда» намуд.
Нуқтаи дигари ҷолиб он аст, ки ин ду адиби номдорро Тоҷикистон ва пойтахташ Душанбе ба ҳам оварда буд. Чунонки худи Войнович менависад, «Ман 26-уми сентябри соли 1932 дар Сталинобод, Душанбеи собиқу оянда, пойтахти Тоҷикистон таваллуд шудаам. Падарам Николай Павлович он вақт дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Коммунист Таджикистана» кор мекард, соли 1934 аввалин муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Рабочий Ходжента» (баъдан –«Ленинабадская правда») таъйин шуд. Модарам — Роза Климентйевна Гойхман ҳам бо ӯ кор мекард… Соли 1936 падарам ба рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ба вазифаи котиби масъул баргашт. Тобистони ҳамон сол ҳабсаш карданд…».
Гумон меравад, ки дар қабули гарми адиби ҷавон ва хайрхоҳиҳои баъдинаи нависандаи шинохта ду омили дигар – пайванди ҳарду ҳам ба Тоҷикистон ва фарзандони «душмани халқ» буданашон беаҳаммият набудааст.
Воқеан, дар навиштаҳои Владимир Войнович борҳо Тоҷикистону тоҷикон ва Душанбе зикр мешаванд. Аз ҷумла, бо услуби ҳаҷвомези худ менависад, ки баъди ба Олмон ҳиҷрат карданаш барои чанд рӯзномаи он кишвар мусоҳиба карда, зимнан дар бораи ҷои таваллуд ва кору бораш дар Тоҷикистон мегӯяд ва пагоҳ дар рӯзнома мехонад, ки «муаллифи роман (гап дар бораи «Зиндагӣ ва саргузашти ғайриодии сарбоз Чонкин» меравад – С. А.) як коргари одии тоҷик Владимир Войнович аст, ки насаби яҳудӣ рӯзашро сиёҳ кардааст»!
«Войнович дар Душанбе таваллуд ёфта, то ҳаштсолагӣ дар Тоҷикистон калон шуд. Вақте ки ҷанг оғоз ёфт, маҷбур шуд, ки аз Тоҷикистон ба Украина фирор кунад»!
Дар ин пораҳо ҳам муҳаббати нозуки адиб ба зодгоҳаш эҳсос мешавад ва ҳам ноогоҳиву ҳангомахоҳии рӯзноманигорони хориҷӣ мавриди масхара қарор мегирад.
Тавре ки зикр шуд, Арнолд Одинтсов муаллифи чанд китоби ҳикояву қиссаҳост. Лекин дар эҷодиёташ очерк мавқеи хос дорад. Тавре ки мунаққиди рус Григорий Соловёв зикр мекунад, дар эҷодиёти ӯ ду навъи очерк дучор меояд. Навъи аввал бо маҳалли мушаххас ва номҳои муайян сарукор дорад. Навъи дуюм очерки «ҷамъбастӣ» аст, ки дар он муаллиф далелу санадҳоро таҳлил намуда, ҳадафашро ба хулосаи мантиқӣ мерасонад.
Мавзуи умумии эҷодиёти адибро нависанда ва мунаққиди машҳури рус Александр Боршаговский (тарҷумони баъзе аз асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ва Саттор Турсун) дар тақризаш ба китоби Арнолд Одинтсов «Дар бораи ҷанг ва муҳаббат» (Маскав, нашриёти «Советский писатель», 1971) чунин муайян намудааст: «Дар бораи ҷанг ва муҳаббат» — унвони басо аниқ. Зери як муқова ҳикояҳо дар бораи ҷанг омадаанду дар паҳлуяшон — ҳикояҳо дар бораи муҳаббат. Ҳар яке аз онҳо ҳам дар бораи ҷанганду ҳам дар бораи муҳаббат, дар бораи муҳаббати давраи ҷанганд, дар бораи озмоишҳои сахти набардгоҳ ва эҳсоси зебою ҳаётбахши муҳаббатанд онҳо».
Ҳамин эҳсоси зебо – қарзи шаҳрвандӣ ва муҳаббат – муҳаббат ба Ватан, ба Инсон, ба Зан — дар тамоми асарҳои адиб ба мушоҳида мерасад ва баъди солҳои зиёд ҳам боиси зикри неки муаллиф ва таваҷҷуҳи хонандагони наслҳои нав ба нав ба навиштаҳояш мегардад.
Сурайё АҲМАДЗОД,
мудири бахши тарҷума
ва робитаҳои адабии ИНТ