Сӯгворӣ. ЗАФАР МИРЗОЁН
7 июни соли 2023 дили адиби публитсист ва донишманди маъруфи тоҷик Зафар Мирзоён аз тапидан бозмонд.
Зафар Мирзоён 5 майи соли 1949 дар ноҳияи Ховалинг, дар оилаи журналисти тоҷик таваллуд шуда, факултаҳои шарқшиносӣ (с. 1972) ва иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (с. 1994) хатм намудааст. Солҳои 1972-1973 дар донишгоҳ ба сифати ассистенти кафедраи форсии факултаи шарқшиносӣ ба фаъолияти илмӣ шуруъ намуда, сипас ба сифати тарҷумон дар коргоҳҳои техникии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (1970-1971, 1989-1986) дар Афғонистон хидмат намудааст. Сипас ҳамчун мудири шуъбаи идеологии кумитаи ҳизбии ноҳияи Ховалинг (1986-1991), раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб (2003-2007) кор кардааст.
Зафар Мирзоён аз ҷумлаи шоҳномашиносони шинохтаи кишвар буда, беш аз 10 сол дар Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудааст. Ҳамзамон солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба донишҷӯён аз мавзуъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақшнигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс додааст. Профессори фахрии ДДК ба номи Рӯдакӣ буд.
Чун муҳаққиқи адабиёт Зафар Мирзоён дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба чоп расонидааст. Ҳамчунин раиси бахши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар минтақаи Кӯлоб буд.
Навиштаҳои ӯ дар маҷмуаҳои «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон” (2013), “Ниёиши некон ва покон» (2014), «Худовандгори сухани порсӣ» (2015) ба табъ расидаанд. Ҳамеша дар ҷустуҷӯву таҳқиқ буд, барои равшан намудани таърихи гузаштаву навини халқ талошҳо мекард, бо неруи донишу маҳорати омӯзгорӣ шогирдони зиёдеро тарбият намудаааст.
Зафар Мирзоён аз соли 2015 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар буд.
Ёди адиб ва донишманди мумтоз дар дилу дидаи ҳамқаламону ҳаводорон ва ҳамкасбону наздиконаш абадан боқӣ хоҳад монд.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон