• 30.04.2024

Сухани тозаи нависанда

 Сухани тозаи нависанда

Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Китоби нави нависанда Тоҳири Муҳаммадризо “Ҳар давру ҳар мард”, ки нашриёти “Истеъдод” соли 2022 чоп кардааст, панҷ қисса ва 31 ҳикояву новелларо дар бар мегирад. Дар назари ман қиссаҳои ин асар дар маҷмуъ аслан як роман барин менамоянд. Не, муаллиф даъвогари ин маъно нест ва дар ҳақиқат ҳар кадом қисса асари комили баанҷомрасида мебошад, ки сужа ва бандубасти хоси худ, қаҳрамонҳои хешро бо хулқу хислаташон дар бар мегирад. Ҳар кадом раванди эҷодии адабиёти бадеиро аз оғозу ҳаракат то авҷу қатъ соҳиб аст ва ҳар яке ба таври худ хонандаро ба завқу ҳаракат ҳидоят мекунад.

Пас чӣ чиз боис мешавад, ки ман онро яклухт шинохтам? Ин замон, мавзуъ ва мақсади муаллиф аст. Барои хонанда ин маҷмуа дар якҷоягӣ он раванди азимеро, ки аз замони бозсозӣ дар Тоҷикистон то имрӯзи мамлакат сурат гирифтанд, равшан мекунад. Бо як сухан, мавзуъ ва образҳои адабие, ки нависанда офаридааст, на бо публитсистика ё таҳқиқи илмӣ, возеҳ дида мешавад, ки зиндагӣ чӣ ранг дошту чӣ гуна шуд, одаму одамгарӣ дар кадом зинае буду ба кадом поя расид, арзишҳои инсонӣ чӣ руҳ дошту чӣ сурат гирифт.

Ҳамчун моли поки адабиёт аз забону сабки эҷодии нависанда мо таҳавуллоти забони адабии тоҷикро дар таи ин солҳо эҳсос мекунем. Ин асар ки адабиёти бадеӣ аст, ин мавзуъҳоро мо аз забони нависанда намешунавем, балки дар фаъолияти персонажҳои амалкунандаи қиссаҳо мебинем. Бинобар ин, аз иддае аз онҳо лаззат мегирем ва аз қисми дигаре бо нафрат мегузарем.

Тоҳири Муҳаммадризо дар ин навиштаҳояш натанҳо чун шоҳиди равшанбини воқеаҳо, ҳамчунин, чун иштирокчии онҳо таборуз мекунад. Ман, ки ӯро аз ҳамон солҳо ва воқеаҳои тасвиркардааш мешиносам, дар андешаам меояд, ки вай ҳолу аҳволи атрофиёни худро ба қолаби адабӣ кашидааст. Бинобар ин, ҳарчи тасвир намудааст, воқеӣ, самимӣ, диданӣ ва шуниданӣ ва, асоситар аз ҳама, боварибахш аст. Ин навиштаҳо имконият медиҳанд, ин адибро ҳамчун эҷодкори замони нави Истиқлол шиносем. Дар бораи воқеаҳои сӣ-сивупанҷ соли охир асарҳои калон ва хондании адабӣ навишта шуданд, ки ман аз ҷумла аз эҷоди А.Самад, Мирзонасриддин, К.Мирзо, Ш.Ёдгорӣ ёд кардан мехоҳам.

Як хислати тафовутноки навиштаҳои Тоҳири Муҳаммадризо дар он аст, ки вай воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро дар пардаи мавзуи ҷавонӣ – ишқу ошиқӣ нигоҳ мекунад ва дар ҳамин дид рӯзгори иҷтимоиро ва таъсири онро ба ҳаёти насли нав равшан карданӣ мешавад.

Албатта, бардошти маънавии ҳар кадом хонанда аз адабиёти бадеӣ ҳамсон нест, шахсан ба ман он чи Тоҳир тасвир намудааст, фаҳмо, мантиқӣ ва маъқул аст. Ҳатто он чизи ҷигарсӯз, ки аз тасвирҳои ин нависанда бармеояд, худношиносии одамон аз пояи маҳал канда нашудан, ҳатто дар одитарин ва ҳамзамон муқаддастарин зуҳуроти зиндагӣ – бунёди оиладорӣ, далели ин аст. Ҳамин дард иллати доимии мардум шудааст.

Аз ҷумла ин дар қиссаи “Ғӯраи сармозада”, ки китоб аз он оғоз мешавад, рӯшан ба назар мерасад. Худи унвон чун дар шеър равшан ифода шудааст, дар зиндагӣ низ фаҳмост, яъне ишқи аввал, ишқи замони наврасӣ ё ҷавонӣ бо номуродӣ ба анҷом мерасад. Воқеа дар охири солҳои 80-уми асри гузашта сурат гирифтааст ва персонажҳо мисли муаллифи асар донишҷӯёни пас аз аскарӣ дар донишгоҳ барқароршуда мебошанд. Дар ин вақт муносибатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла нисбати пулу мол, ёфтани роҳи зиндагӣ, ҳатто муносибат ба ишқу оиладорӣ дигаргун буд. Нафаси бозсозӣ ба ҳама таъсир мерасонад. Қаҳрамонҳои қисса шабона мехонданд ва рӯзона кор мекарданд. Ин дар асар танҳо барои нишон додани муҳити зиндагӣ даркор аст. Аслан Муҳаммадризо масъалаи равонии аҷиберо ба дидгоҳи хонанда пешниҳод мекунад. Қаҳрамони вай – Умайра духтари даступобаста, чӯрии хона нест, ӯ бедор ва талабгори ишқи хеш аст. Ӯро бисёриҳо дӯст медоранд. Гарчи ба дилдодаи аввалаш – Хусрав издивоҷ накард, ба шахси дигаре ба шавҳар баромада, модари ду фарзанд шуд, аммо муҳаббати пинҳониашро ба он дилдодааш давом медиҳад. Ҳамин аст мавзуи асар. Нависанда барои исботи он ки чаро ин ҳолат ба амал омад, штрихҳое меорад: Шавҳараш Уктам “Сардакак салом карду дар пеши Орифҷон нишаст. Ҳамроҳаш ба бозӣ даромад. Барои ӯ дар ин хона Умайра ном одам вуҷуд надошт. Дилам аз нафрат ҷӯш мезад ва тайёр буд ҳамаро бисӯзонад. Мехостам бо ин кулӯх аз таи дил гап занам… Ин хел ҳатто беҳтар. Ақаллан аз зихнагию майдагапиаш халосам”. (с. 14) Назари Уктам ба зиндагӣ дигар асту назари Умайра дигар. Шавҳар муътақид аст, ки ба занаш душвор аст. Бинобар ин, мегӯяд: “Кор дар мактаб, ин ҷо нигаҳбонии бачаҳо… Ман ба ту маслиҳат дода будам, ки аз кор баро, вале худат нахостӣ. Вазифаи асосии зан тарбияи фарзандон ва нигоҳдории рӯзгор аст. Аммо ту асло инро фаҳмидан намехоҳӣ”. (с. 38) Умайра натанҳо инро намефаҳмад, балки, зиёдтар аз он, ин зани шавҳардор бо баҳонае аҳли хонаро фиреб дода, ҳамроҳи маъшуқи собиқаш Хусрав бегоҳӣ ба тамошои консерт меравад. Нависанда қаҳрамонҳои худро маҳкум намекунад ва онҳоро ҳимоя ҳам намекунад. Гӯё ба ин шева вай ин мавзуъро, ки зуҳуроти нав дар зиндагии Тоҷикистони охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта буд, ба баррасии умум ҳавола мекунад. Ба хулоса наовардани адиб, ба гумонам, барои адабиёт чизи муҳим аст, зеро адабиёт бо овардани мисол панд медиҳад, аз он кӣ чӣ гуна бардошт мекунад, ин тибқи ҳолу фаҳмиши вай аст.

Ин навъ “бетарафӣ” дар қиссаи “Ҷоду” хеле равшан ба чашм мерасад. Зеро ин асар ба мистика наздик аст ва дар он аз ҷодуву ҷодугарӣ, бастану кушодани гиреҳи рӯзгори одамони гуногун ба таври хеле муассир ҳикоя мешавад. Шояд барои ин гуна асарҳо ҳамон гуфтаи Қуръони маҷидро чун пояи андеша ба кор гирифтан мумкин бошад: “Онҳое, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, аввал таъкид мекарданд, ки ин кори ғалат аст, гуноҳ аст ва баъд ба дигарон меомӯзониданд”. Дар қиссаи мазкури Тоҳири Муҳаммадризо ба ин масъала нависанда аз рӯйи афсона ва ривоятҳое, ки дар байни мардуми Бадахшон роиҷ буданд, наздик мешавад ва инро танҳо хоси як минтақаи Тоҷикистон донистан ҳам хуб нест. Зеро баъди аз байн бурдани идеологияи шуравӣ дар муҳити маънавии Тоҷикистон ва халқи тоҷик хурофот аз нав рӯ зад. Бастану кушодани одамон, бо доруву давои гӯё халқӣ иваз кардани табобати бемор чунон зиёд шуд, ки гӯё ин ҳеч аз байн нарафта бошад. Агар ба муҳити имрӯза нигоҳ кунем, ин қадар фолбину бахткушоҳоро мебинем, ки гумон меравад зиндагӣ маҳз ба онҳо вобаста бошад. Қиссаи мазкури адиб аз макру фиреби ҳамин гуна фолбинҳову фолкушоҳо дар шахси Аласта, ки аз шавҳараш Ораз ҷудо шудаасту тамоми ҳуҷҷатҳои зану шавҳариро руст карда, ду сол аст, намегузорад суд онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунад, ифода меёбад. Дар тасвири ин образ як навъ дағалгӯӣ – натурализм ба чашм мерасад. Ба гумони ман, нависанда танҳо ҳамин воситаро имконияти ягонае дидааст, ки одоби бад ва нафратангези қаҳрамони манфиро, ки аз дили нарми дигарҳо истифода бурдан мехоҳад, ифода кунад. Ҳирсу бадгӯиҳои келин ба модаршӯ ва аҳли оила, аз ҷумла ба ин шева ҳам ифода меёбад: “ – Не, ба ман чизу чораи шумо даркор нест. Ба ман моли маро гардонед! – талаб дошт ӯ ва боз аламаш тоза гашта, фарёди дилреш мебаровард: – Оҳ, сандуқҷонам, кошкӣ ҳамаи шуморо мекуштанду сандуқи ман мемонд. Оҳ, ноодамҳо! Дӯстҳои мурдор! Ҳаромхӯрҳо! Илоҳо, муред ҳама!” (саҳ. 97)

Аҷоиботи тасвир дар ин қисса дар он ҳам ҳаст, ки нависанда худаш бовар мекунад ва хонандаашро ҳам бовар мекунонад, ки кушода шудани банди одами басташуда оқибат ба роҳат мерасонад. Ранҷу азоберо, ки тули солҳо кашидааст, якбора фаромӯш мекунад ва ба асли худ меояд. Гумон мекунам, ин усули адабӣ барои он даркор аст, ки решаи пурқувватии хурофотро ошкор кунад. Зеро таъсири равонӣ, ки ба воситаи он навъ табибон ба корафтода мерасад шояд, барои лаҳзае ё муҳлате руҳан дарди ӯро сабук кунад ё эҳсоси сабукӣ диҳад. Нависанда, ки ба равияи афсонанависии халқӣ дар ин ҳолат такя мекунад, албатта, ин талаботро низ риоя хоҳад кард.

Қиссаи дигари ин маҷмуа “Мунозира” ном дорад. Албатта, ин қисса ҳам монанди дутои аввал бо усули саҳнасозӣ, тасвири динамикаи воқеаҳо ва аз ҳам канда нашудани он устувор аст, аммо чун асар ҳаҷми калонтар дорад, дар он ин гуна саҳнаҳо ва ин гуна воқеаҳо хеле зиёд ва, муҳиммаш, воқеан аз нигоҳи мантиқӣ ба ҳам пайваст ва идомаи якдигаранд. Ин асар гарчи дар бораи воқеаҳои шуруи замони Истиқлол қисса мекунад, аммо воқеаҳои замони пештарро ҳам барои муқоиса дар бар мегирад. Аз ин сабаб, мо дар он ба либоспӯшӣ, муносибати боҳамӣ ва этнографияи халқамон дар тӯли ҳадди ақал 70 соли охир рӯ ба рӯ мешавем. Масалан, бачаҳои замони баъди ҷанг мисли он, ки персонажи ин асар нақл мекунад, бо сару тани одӣ ва ниҳоят маҳдуд таъмин буданд. Қаҳрамон мегӯяд, ки “Либосҳоям тамоман тар шуда, ба танам часпида буданд ва ман худро чун моҳӣ дар об ҳис мекардаму дарақ-дарақ ларзида, дандон ба дандон монда наметавонистам. Куртаву шалвори дигар надоштам, ки онҳоро пӯшам ва як ҷомаи куҳнаи акаамро гирифтам, ки ғажду чанд ҷояш бо карбос дарбеҳ шуда буд. Либосҳоямро кашидам, ҷомаро пӯшида, миёнамро бастам ва омада, ба ҷогаҳ даромадам”. (саҳ. 113)

Нависанда як ҳолати дигарро хеле хуб мушоҳида карда, ба қалам овардааст. Нодорӣ ва камбағалӣ бешарафӣ нест ва дар он солҳои душвори баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин ҳолатро Тоҳир ба шеваи зерин дидааст: “Кӯдаки наврас ба хонаи ҳамсоя меояд ва аз момаи Тоҷӣ хоҳиш мекунад, ки каландашро ба вай диҳад. Мома медонист ва ба кӯдак мегӯяд, ки ба ин каланд зӯри ҳеч кас намерасад. Вале андоми ин бачаи навустухоншахкардаро дида мегӯяд: “Хайр, бигир, ба ту бахшидам.” Кӯдак ин каландро гирифта, саҳар ба саҳро омад ва табелчӣ “Ӯро дида, даҳонаш воз монд: – Ту куҷо омадӣ? О, ту ҳоло кӯдакӣ. Каландат аз ту калонтар. Устухонат барои ин корҳо ҳанӯз хом аст. – Ман бо ситеза гуфтам: – Акаи Сафар, ман ба кор омадам.” (саҳ. 115)

Хуллас, ин кӯдаки наврасро ба кор мегиранд. Сужаи асосии асар ба он воқеае пайванд аст, ки Савсан ном духтарчае ба дарёи Сурхоб афтода, ғарқ мешуд ва қаҳрамони асар, ки ҳамсолаш мебошад, ӯро аз марг наҷот медиҳад ва духтарчаи наҷотёфта мегӯяд: “Аз ин ба баъд ман зани туям. Агар ту намешудӣ, маро об мебурд.» (саҳ. 120)  Ҳаким ва Савсан дар як ҷо ба воя мерасанд ва дар деҳа дар ҳамон синни мактабхонӣ ҳам онҳоро зану шавҳар мегуфтанд.

Дар қисса ба баҳонаи майли мусиқии қаҳрамонҳо нависанда аз сурудҳои солҳои шастум ёд кардааст, ки бароям хушоянд аст. Ҳолати аҷиби дигаре дар қисса аст. Гарчи фарзандон ба балоғат мерасанд, ҳеч не, ки барои хостгорӣ одам фиристанд. Падари духтар, ки муаллим буд, дар кӯча мӯйсафеди ҳамсояро дида мегӯяд: “ – Рафта ба Маҷид гӯй, ки ба хона хостгор фиристад. Ман медонам, ки вай на мол дораду на ҳол. Ба ман хасаш ҳам лозим нест. Биёяд, ман духтарамро ба писараш бо никоҳи мусалмонӣ медиҳам”. (саҳ.134) Воқеан ҳамин хел онҳо ба мақсад мерасанд, зеро то ин андешаи нодорӣ ба хостгориашон монеъ мешуд. Давоми ин қисса зиндагии одии замони мост, ки бо ҳама душвориҳояш, бо ҳама тезутундиҳояш тасвирёфтааст. “– Эй Худоҷон, ба ман хонаи ҳалолу фарзандони солеҳ деҳ! Ба ман боигарӣ даркор нест, фақат маро одам кун! Хонаи ҳалол оилаи ҳалол аст, нони ҳалол аст. Оилаат ҳалол бошад, нонат ҳам ҳалол аст, хонаат ҳалол аст, фарзандонат ҳалоланду хунат ҳаром намешавад”. (саҳ. 150)

Ин андешаи нависанда идеяи асосии қисса аст, ки зиндагии покро талқин ва ҳидоят мекунад. Идеяе аст, ки инсонро ба самти одаму одамгарӣ, накукорӣ, покизагӣ пеш мебарад.

Дар қиссаи “Зулмат” воқеаи солҳои навадум тасвир мешавад. Дар он қаҳрамонии Робия ном зан, ки барои ҳимояи шавҳараш Мардон бо қумондону муборизони гуногуни он давра сар ба сар мешавад, тасвир меёбад. Ин асар қиссаи ростине дар бораи ҳақиқати талхи солҳои навадум, дар бораи замони “худкушии” халқ аст. Мавқее, ки нависанда дар баробари  ин воқеаҳо дорад, мавқеи реалии халқ аст, ки барои вай тараф вуҷуд надорад. Барои вай халқи ягона, миллати ягона муҳим аст. Аз ҳамин сабаб, ҳам тасвири воқеаҳо, ҳам ҳақиқати воқеаҳо, табиӣ менамоянд, зеро тавре нависанда мегӯяд: “Дар Навобод ҳама аз паси ҳамдигар буданд. Худо накарда ҳодисае рух медод, дар як мижа задан ангуштнамои ҳар касу нокас мешудӣ”. (саҳ. 179)

Тасвири ин замон гувоҳӣ медиҳад, ки муаллиф ба воқеаҳои солҳои навадум аз нигоҳи он фарзандони миллат дида дӯхтааст, ки барояшон оромӣ ва осудагии кишвар муқаддастар аз ҳар чизи дигар аст. Дар ибтидо мо таъкид кардем, ки китоби мазкур дар маҷмуъ гӯё як замони томро ифода мекунад. Далели ин боз ҳам охирин қиссаи ин китоб “Ҳар давру ҳар мард” аст, ки воқеаҳои зиндагиро бо печидагиҳояш, бо ҳама пастиву баландиҳояш, ки ҷавонони имрӯза ба сар мебаранд, дар бар мегирад. Ин зиндагӣ ба зиндагии пешин камтар иртибот дорад. Вале ин ҳақиқати замони имрӯза аст ва ҳақиқати он руҳияе, ки дар ҷомеа пайдо шудааст. Нависанда чизеро маҳкум намекунад ва дар фикри ситоиши ҳолате ҳам нест ва ин қисса мисли тасвири наворест бе матн ва худат бояд матнашро бисозӣ. Ман гумон мекунам, ки дар адабиёт чунин муносибат барои шинохти зиндагӣ, барои беранҷиш қабул кардани ҳодисаҳои мусбат ё манфии он шояд зиёдтар мусоидат кунад. Зеро иддае аз хонандагони имрӯз дидан мехоҳанд, шунида наметавонанд.

Ҳамаи мавзуъҳои ин қиссаҳо мавзуи ишқ аст ва мо симоҳои гуногуни ошиқонро мебинем. Ҳамаи мавзуъҳои ин қиссаҳо аз одаму одамгариянд ва мо касу нокасонро мебинем. Ин ду мавзуъ – одаму одамгарӣ ва ишқ муҳтавои ин китобро дар бар мегиранд, ки барои таҳлили онҳо вақти бештаре мебояд. Ҳикояҳо ба шакли новеллаҳо тасвир шуда, як воқеаи ихчам ва як лаҳзаи гуворо ва ҷолиби зиндагиро ба нигоҳи сареҳ ва ҳақиқатбини нависанда Тоҳири Муҳаммадризо ва эҳтирому муҳаббати ӯро нисбат ба ҳар персонажи офаридааш, масъулияти ӯро нисбат ба ҳар сухану тасвираш, эҳтироми ӯро нисбат ба ҳар хонандае, ки барояш чизе менависад, ифода мекунанд. Ҳар асаре, ки чунин аст, барои ҷомеа муассиртар аст ва мухлисону хонандагони адабиётро зиёдтар мекунад.

Иброҳим УСМОНОВ,

профессор.

Дигар хабарҳо