Зикри хайр. РАҶАБ МАРДОН

 Зикри хайр. РАҶАБ МАРДОН

22  апрели соли 2023, нависандаи шинохта, публитсисти шуълавар Раҷаб Мардон дар синни 83-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт. Раҷаб Мардон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 7-солаи зодгоҳаш таҳсилро дар мактаби умумии миёнаи рақами 4 ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб давом дод. Пас аз итмоми таҳсил аз соли 1957 то соли 1962 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Баъди хатми донишгоҳ дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» (ҳозира «Омӯзгор»), «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба фаъолият бурдааст. Солҳои 1969-1971 чун афсар дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хидмат кардааст. Пас аз адои хидмати ҳарбӣ вазифаҳои муҳаррир ва ҷонишини сармуҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъдан ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») даъват шуда, аз ходими калони адабӣ то ба мудири шуъбаи саноат ва сохтмону нақлиёт расида, дар нигоштани очерку асарҳои публитсистӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Соли 1987 дар нашриёти навтаъсиси «Адиб» дар вазифаи мудири шуъбаи адабиёти илмиву фантастикӣ барои ҷавонон фаъолият дошт. Солҳои 1989-1994 раиси бахши очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Соли 1999 ӯро ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъйин намуданд.

Раҷаб Мардон пайваста эҷод ва кор мекард. Вай рӯзномаи «Саноати Тоҷикистон»-и Вазорати саноатро ташкил ва рӯзномаи «Ватанпарвар»-и Кумитаи Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳё намуда, барои эътибор пайдо кардани рӯзномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи давлатии андози мамлакат саҳм гузошт.

Ба фаъолияти эҷодӣ аз давраи донишҷӯйӣ пардохта, очерку ҳикояҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд. Китоби очеркҳои ӯ «Мошинсозон» (1981), «Бунёдгузорон» (1987) ва «Дарёи нур» (1987) аз рӯзгору пайкори коргарони муассисаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бунёдгарони неругоҳҳои барқи обии Нораку Роғун ва нақбсозони Данғара ҳикоят мекунанд. Дар тули фаъолияти рӯзноманигориаш мавзуъҳои муҳимтарини рӯз, сохтмонҳои азим, мушкилоти рӯзгори мардум ҳамеша дар мадди назари публитсисти дилогоҳ Раҷаб Мардон қарор мегирифтанд. Очерку мақолаҳояш дар китобҳои ӯ «Марде собит ҳамчу кӯҳ» (1984), «Оташи дил» (1993), «Дар ҳалқаи занон» (1997), «Ҳикмати умр» (2011), «Кохи ҳуҷҷатҳои муқаддас» (2013), «Сабри ӯ амали комил дошт» (дар бораи Абдулаҳад Қаҳҳоров, 2013), «Қаҳрамонҳои замони мо» (2015), «Тарс пеши ӯ меларзид» (2021), «Ҳамзамонони мо» (2023) дастраси хонандагон гардидаанд. Ҳикояҳои хуби зиёд ҳам навиштааст.

Дар зиндагӣ марди зариф ва озодаманиш буд, гуфтору лутфаш дар навиштаҳои бисёр адибони ҳамнишинаш дарҷ шудааст. Раҷаб Мардон соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Бо унвони Журналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» дараҷаи дуюм, як қатор нишонҳову ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Номи Раҷаб Мардон бо асарҳои публитсистии шавқовару хонданиаш дар мавзуъҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмонҳои бузурге чун НБО-ҳои Норак, Роғун, туннелҳо ва роҳҳои мувосилотӣ, баррасии ҳирфаии масоили кишоварзӣ ва тасвири симои шахсиятҳои бунёдкори мамлакат ҷовидон боқӣ мемонад.

Ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва ҳамқаламони марҳум ҳамдардии амиқ ва таслият изҳор медорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо