САРМАНШАИ АБАДИЯТ
16 март дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати пиряхҳо (21 март) ва қатъномаи СММ «Оид ба муҳофизати пиряхҳо» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он адибон, олимон, рӯзноманигорон, донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ ва бахши обуҳавосанҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карданд. Холназар Муҳаббатов, доктори илми иқтисод, адиби публитсист дар мавзуи «Нақши қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳофизати пиряхҳо ва ҳолати имрӯзаи пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон», Ҳасан Асоев, муҳаққиқ, адиби публитсист дар мавзуи «Меҳвари иқтисод ва равандҳои тағйирёбии иқлим», Номвар Қурбонов, номзади илмҳои техникӣ дар мавзуи «Ҳолати пиряхҳои қаторкӯҳи Зарафшон» маърузаҳои пурмуҳтавои худро пешниҳод намуданд.
Дар қисмати музокира дар мавзуи «Набарди абадии табиат ва инсон» Нависандагони халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо, Шералӣ Мусо, мудири бахши очерк ва публитсистикаи ИНТ Ҷумъа Қуддус ва дигарон суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ саривақтӣ буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта мешаванд.
Андешаҳои иштирокдорон
Парда ҲАБИБ
ОБ – РАМЗИ РУШД ВА ПАЙВАНДИ ИНСОНИЯТ
Гар ба зоҳир аз ту дурам, дур фаҳмидан хатост,
Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност.
Дар Мизи мудаввари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бар тибқи нақшаи Раёсат ва дар арафаи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об баргузор шуд, оид ба ин мавзуъ андешаҳои муҳим ва амиқ баён гардиданд. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 самарабахш будани солҳо ва даҳсолаҳои байналмилалиро оид ба масоили оби сайёра бори дигар таъкид ва равшан намоиш дод. Бори аввал пешниҳодҳои Тоҷикистон мавзуи об ва ҳалли мушкилоти онро дар сатҳи ҷаҳон ба рӯзнома ворид сохт ва таваҷҷуҳи созмонҳо, минтақаҳо ва давлатҳоро ба ҳифзи покиву дастрасии ин неъмати Худодод равона кард. Сокинони кишварҳо, минтақаҳову қитъаҳои олам ҳис намуданд, ки мушкилоти обро дар сайёра танҳо ба тавассути ҳамгироӣ, ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ ҳаллу фасл метавон кард.
Чун об худ рамзи сулҳу ободӣ, ваҳдати инсонҳост, муҳтавои пешниҳодҳои Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чун пайғоми дӯстиву ҳамкорӣ ва меҳр дар сайёра пазируфта шуданд. Суханрониҳое, ки дар Мизи мудаввар садо доданд, ин мавзуъро васеъ ва бо диду чашмандози густарда фаро гирифтанд. Тарғиб ва таҳқиқи дастовардҳои давлатамон бунёди роҳҳо ва пешниҳодҳои таърихии Тоҷикистон дар эҷодиёти Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар, Низом Қосим, Меҳмон Бахтӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Назри Яздонӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ширин Бунёд, Фарзона, Ато Мирхоҷа, Салими Зарафшонфар, мақолаву публитсистикаи Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Сорбон, Муҳиддин Хоҷазод, Бахтиёр Муртазо, Равшан Махсумзод, Шералӣ Мусо, Маъруф Бобоҷон ва дигар адибони тоҷик барҷаставу хотирмон сурат гирифтааст.
Рустам Ваҳҳобзода дар мавзуи нақши пиряхҳо дар ҳаёти инсон достони «Лозуркӯҳ»-ро эҷод намуд, ки чанд сол пеш, дар гармогармии худ аз ҷониби шоир ва тарҷумони барҷастаи рус, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Михаил Синелников ба русӣ тарҷума ва ба зевари табъ ороста гардид.
Бояд зикр намуд, ки комёбиҳо ва дастовардҳои халқи тоҷик бо фидокорӣ ва қаҳрамонии Пешвои миллат дар назми даврони истиқлол бештару муассиртар дар жанрҳои лирикии қасида, ғазал, чорпора, рубоию дубайтӣ тасвиру ситоиш гардид. Дар чунин шеърҳои шоирони боистеъдодамон ба ҳадде тасвирҳои беҳамто, мазмуну маонии рангину тоза ва ҳадафрас зиёд асту дастраси хонандагон, ки баёнгари зарфият ва имконоти ин жанрҳои нотакроранд. Комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нақши Роҳбари давлатамон равшану бесобиқа инъикос меёбад.
Дар Мизи мудаввари ИНТ роҷеъ ба муроҷиати жанрҳои публитсистӣ ба пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавзуи об, алалхусус Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо суҳбати муфассал доир гашт ва нишон дод, ки нақшаҳои наву ҷолиби эҷодии адибони тоҷик рӯи кор омадаанду ба воқеият табдил меёбанд. Он нукта, ки адабиёт ормонҳои миллиро таҷассум менамояд, дар кору пайкори эҷодии аҳли адаб собит мешавад.
АДАБИЁТ ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Ҷумъа Қуддус, мудири шуъбаи очерк ва публитситикаи ИНТ:
Мутобиқи қатъномаи санаи 14 декабри соли 2022 Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона тасдиқ намуд, соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва рӯзи 21 март чун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. СММ Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли ин масоили глобалӣ чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ менамояд. Аз маълумоти ВАО маълум аст, ки дар бисёр минтақаҳо ҳаҷми пиряхҳо кам мешаванд. Аз ҷумла, пиряхҳои машҳури кӯҳи Килиманҷаро дар Африка тамоман коҳиш ёфтааст.
Пирях – тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳо сарвати гаронбаҳо, манбаи асосии оби ошомидани барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон такрибан 14 ҳазор пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегиранд. Онҳо дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000-3500 то 5300м воқеъ гардида, ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд.
Холназар Муҳаббатов, доктори илми ҷуғрофия:
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби ошомиданӣ арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хатарҳо оварад.
Дар рӯи Замин пиряхҳои кӯҳӣ ниҳоят бисёранд. Масоҳати онҳо 1,5 фоизи масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аҳаммияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти одамон ниҳоят калон аст. Пиряхҳо барои ноҳияҳои камбориши рӯи Замин ҳамчун манбаи об хизмат мекунанд. Аммо гармшавии иқлим ба камшавии захирахои оби ошомиданӣ оварда расондааст. Бо иттилои коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад.
Барои татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 маҷмуан 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Маркази омӯзиши пиряхҳо соли 2014 таъсис ёфта, доир ба омӯзиши пиряхҳои калонтарини кишвар, аз ҷумла, пиряхи Федченко экспедитсияҳо ташкил карда шуд.
Пиряхи Федченко натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи кӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст. Дарозии ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км2, ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км2 мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м.). Ҳаҷми умумияш ба 93,8 км2 баробар буда, дар он қариб 100 км2 об захира шудааст. Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дорад.
Роҳҳои муҳофизати пиряхҳо мавҷуданд: пешгирии гармшавии иқлим, вайрон накардани ҳаво ва муҳити зист, инчунин сохтани обанборҳо ва НБО-ҳо дар ҳавзаи наздик ба саргаҳи дарёҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологӣ:
Аз суханронии Сарвари давлатамон бармеояд, ки бояд муаммоҳои глобалӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад. Ҳамчунин гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим пешниҳод намуд, ки «Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян карда шавад. Дар баробари ин, таъсиси бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда, хотирасон намуд, ки татбиқи он метавонад барои омӯзиши фарогир ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ замина гузорад.
Арзишҳои экологӣ дар муносибатҳои дипломатияи фарҳангӣ самтҳои нави ҳамкориҳоро эҷод менамояд. Муаммоҳои баҳри Арал, дигаргуншавии иқлим, ҳодисаи биёбоншавӣ, фаромарзӣ хондани дарёҳо ва нестшавии олами набототу ҳайвоти маҳаллӣ, ба ин шомил шуда метавонад.
Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад.Вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва бунёди бемайлони корхонаҳои нав ҷомеа алҳол ба мушкилоти норасоии оби тоза мувоҷеҳ гардида, зуҳуроти он ба яке масъалаҳои мубрами рӯз мубаддал гардидааст. Новобаста аз ин масъалаи доғ, ҳамасола корхонаҳои саноатӣ боиси ифлосгардии манбаъҳои об мегарданд. Коршиносон бар он назаранд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим 73 дарсади ангезиши ҳолатҳои фавқулода ба омилҳои метеоиқлимӣ вобастагӣ доранд. Норасоии об, боиси фалаҷгардии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мегардад.Далел бар ин андеша, муаммоҳои буҳрони Аралу тағйирёбии иқлим мебошад, ки он ба амнияти экологии минтақа таъсири хешро расонида истодааст. Худ қазоват намоед, мо пайваста соҳаи кишоварзиро пешбарандаи асосии рушди иқтисодиёт ном мебарем, аммо агар бо воқеият назар намоем, тайи 40 соли охир дар ММД-и ин соҳа 18-то 23%-ро ташкил медиҳад. Далели мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки пешбарандаи руш-
ди иқтисодиёти миллӣ кишоварзӣ буда наметавонад, баръакс баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ зарурати густариш додани соҳаҳои гуногуни саноатро ба миён мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, гарчанде об дар Осиёи Марказӣ ҳамчун кафили таъмини рушди устувори минтақа хизмат намояд ҳам, акнун вақти он расидааст, ки дар равандҳои тағйирёбии иқлим барномаҳои фарогиро дар ин самт таҳия намоем.