Ҷузву томи сухани ӯ Ватан аст…
АЗ ИДОРА: Ин мақолаи пурмуҳтаво ва дилчаспро шоир ва донишманди гаронқадри тоҷик Асрори Сомонӣ пеш аз даргузашташон ба итмом расонда, ба идораи ҳафтанома фиристодаанд, ки аз меҳру садоқати устод нисбат ба Ватан, Модар ва адабиёт гувоҳӣ медиҳад. Руҳашон шод бод!
Таҷрибаҳои деринсоли зиндагонӣ ва мушоҳидаҳои бардавоми таърихӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ҳар ибни башар аз роҳу гузаргоҳи танҳо барои худаш сазовору муносиб вориди қаламрави адабиёту ҳунар гардида, корвони мақсудашро мувофиқи ҳолу тавони худ пеш меронад. Нафаре дар андак муддат барқу тундвор медурахшаду мешӯраду нопадид мегардад. Дигаре селобвор авзоъи соҳилро дар они воҳиде воруна месозаду тирвор мегузарад. Аз ҳар гули баҳори моно чанде механдаду мезавқаду доғи гулистон мегардад. Афзале сарнавишти сарви хиромонро идома дода, муддате мехиромаду шоистаи сипоси аҳли чаман мешавад.
Шаҳрия Аҳтамзод аз ҷумлаи бонувони соҳибихтиёрест, ки баъди сабақҳои лозими муқаддамотӣ гирифтан аз мактаби қавибунёди устодону донишмандони номие чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Мукаррама Насимова, Худоӣ Шарифзода, Баҳриддин Камолиддинов, Саъдоншоҳ Имронов, Субҳон Амирқулов ва дигарон собитқадамона вориди майдони қувваозмоӣ дар соҳаи суханпардозӣ гардида, дониставу оҳиста воқифи сабку вожаву равиши нотакрори хомафарсоии олиҳунару забардастоне чун Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Нодири Нодирпур, Маҳдӣ Ахавони Солис, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Гулрухсор, Файзулло Ансорӣ, Мастон Шералӣ, Аскар Ҳаким, Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Ғойиб Сафарзода, Гулназар, Камол Насрулло, Фарзона, Муҳаммад Ғойиб, Низом Қосим, Ато Мирхоҷа ва ғайра бишуд.
Дар ин давра, махсусан, овони соҳибистиқлолии кишвари азизамон, муттасил, офаридаҳои ҷаззоби Шаҳрия дар авроқу аъмоқи васоити ахбори умум — моҳномаву ҳафтаномаву рӯзномаву гоҳномаҳои бонуфузу сернуфуси ватанӣ — «Садои Шарқ», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Маориф ва маданият», «Омӯзгор», «Бонувони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», «Баҳори Аҷам», «Фирӯза», «Паёми Душанбе», «Анбоз», (баъдтар нашрияҳои хориҷӣ), маҳбуби гулчидаҳои ҳамагонию инфиродӣ — «Меҳри шеър» (1987), «Шоми нур» (1992), «Ашки шақоиқ» (1993), «Таманно» (1998), «Зане дар асорати танҳоӣ» (2002), «Бӯсаҳои маҳтобӣ» (2007), «Дар канори шеър» (2010), «Ниёиши истиқлол» (2011), «Таронаи соз» (2012), «Ватан. Истиқлол. Ваҳдат» (2013), «Таронаҳои ватандорӣ» (2019), «Марҷони ашк» (2021), «Сафои истиқлол» (2021), «Бар ман дуо кунед..» интишор ёфта, сазовори тақаббули гарми ҳаводорони шеъри даврони истиқлол, баҳои шоистаи муҳаққиқини номдори соҳа (Х.Отахонова, Ю.Акбарзода, А. Ҳаким, А.Раҳмонзода, Б. Забеҳулло, С. Назарзода, А. Маликзод, Ш.Комилзода, Р. Давлатов, У. Юсуфӣ ва диг.) истиқболи умедбахши ҳамқаламон гардид; ҳамчун суханвари ваҳдатгарову ваҳдатсаро мақоми созгори адабӣ-иҷтимоӣ пайдо намуд.
Ва ҳамин истеҳкому садоқати баланди ватандорӣ, эътиқоду самоҳати писанди ваҳдатшиорӣ ва эътимоду назофати арзишманди суханоморӣ сабаб гардиданд, ки Шаҳрия шарафёби мукофоту ановини давлатӣ, чун Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода ва медали «Хидмати шоиста» гардонида шавад. Ватане, ки Шаҳрия месарояду меситояд, қаламраве маҳдуду махрутае муташаккил мебошад: таркибе диданӣ, чеҳрае ситуданӣ, симое писандиданӣ, муҳите моломоли амонӣ, ҷаҳоне лабрези шодмонист:
Маро санги Бадахшон парниёнист,
Шафақ дар чашмаҳояш арғавонист!
Нигоҳи духтарони ғарқи нозаш
Муҳаббатхонае аз меҳрубонист!
Намакпарвардаи Хатлони хешам,
Маро шояд аз ин ширинзабонист!
Кунун ҳам Оли Сомон дар Бухоро,
Хаёлам, дар қабои хусравонист!
Паёми Рӯдакӣ орад Зарафшон,
Ки раҳпаймои шеъри ориёнист!
Ба дунёи Хуҷанду Вахшу Раштон
Маро ишқи ҷавонӣ ҷовидонист!
Ватан, ай назри волои Худованд,
Маро аз ҳастии ту зиндагонист!
Ишқу иштиёқи Шаҳрия нисбат ба Ватан бардавому самимӣ, оташину дурахшону доимӣ, ояту сураи калимӣ, таманнои дилу вуҷуди ҳисси инсонии ӯстанд, ки ҳамешаву ҳамвора ҳамроҳу ҳамдасти ӯстанд, ки дар ин маънӣ нозук, шоирона фармудааст:
Таманно мекунам, паймонаи шеъру сухан бошам
Кабӯтарҳои маънӣ дар лабу дар анҷуман бошам!
Шиори шоирии ман ҳадиси ишқ гуфтанҳост,
Дигар кофист, гар як шоири шаккардаҳан бошам!
Дили ойинаамро бар муборакбод овардам,
Муноҷоти муҳаббат дар лаби сарву суман бошам!
Маро, ки табъи нозук дода момойи куҳистонӣ
Ба чашми ақлу бо анфоби маънӣ дар сухан бошам!
Самимитар агар аз бодаи борони найсонам
Гаҳе тӯфонӣ, аммо чун майи ҷоми куҳан бошам!
Ба сидқи ман хиёнат мекунад рӯбаҳмизоҷе гар,
Ба рағми ӯ ғурури сад ҳазорон шерзан бошам!
Худо ҳофиз, азизони дилам, то суҳбати дигар,
Манам Шаҳрияе, ки ҷоннисори ин ватан бошам!
Шаҳрия, бешак, идомадиҳандаву ривоҷбахшандаи кору пайкори безаволи суханварони пешини меҳандӯсту ватанпарвар ва ҳунармандони чирадасти халқу миллатпараст аст, ки ҷисману руҳан лаҳзае аз Ватани соҳибистиқлолаш — Тоҷикистони ҷавони бостонӣ дур буда наметавонад; байни ӯву меҳани азиз фосилае, «миёни ошиқу маъшуқ ҳеч ҳойил нест!» (Ҳофизи Шерозӣ). Ӯст, ки дар мактаби меҳансароёни номиву гиромӣ чун устод Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Иқбол, Нодири Нодирпур, Маликушшуъаро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва дигарон сабру тоқатмандона ва саъю талошварзона ба воя расида, аз хурдсолӣ шоҳроҳи рӯзгору ойинномаи офаридагорияшро муқаррару мушаххас гардонида буд, ки мухтасари ҷамъашонро абёти зерини Лоиқ Шералӣ метавон бишмарид, ки Шаҳрия ҳам ҳаққи шогирдии онро дорад:
Ояд аз шеъру сухан бӯйи Ватан, Бинам аз рӯйи сухан рӯйи Ватан!
Ҳар кӣ неруманд бошад дар ҳунар,
Такя дорад гар ба неруйи Ватан!
Шоъирӣ аслан ватандорӣ бувад,
На суханбофӣ ба мавзуи Ватан!
Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър,
Беватанро оварад сӯйи Ватан!
Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад,
Дар фазои ҷовидон пар мезанад!
Бо фалакпаймо ба кайҳон мепарад,
Сикка бар моҳу бар ахтар мезанад!
Мисли Айнӣ баҳри мардум хешро
Гаҳ ба зиндон, гаҳ ба минбар мезанад!
Мисли Турсунзода бо пайғоми сулҳ,
Қитъа-қитъа ҳалқа бар дар мезанад!
Оре, «шаҳҷоизаи ягона», «Шаҳнома»- и пурфасона», «садбарги пур аз ҷавона, «кошонаи ҷовидона», «шеъри тару шоирона», «хушрӯзии дилбарона», «шаъну шарафу нишона», «парвози кабӯтарона», «ангезаи ошиқона», «олам-олам хизона»-и Шаҳрия Ватан аст. Ифтихормандонаву сарбаландона ба таъкид мерасонад, ки
«Куҳансолу куҳанаҷдоди даҳрем,
Набошад миллате амсоли тоҷик!»
Шаҳрияи дарроку андешаманду ҳассоси зиндагӣ накӯ медонад ва барои ҳамагон шоирона мефаҳмонад, ки Кохи Азими Давлату Миллати Тоҷик мурассаъу мушаъшаъ аз мавориди ҳунарӣ ва барқарору устувор бар арконе муқаддасу муаззамат аст қудсӣ, аз ҷумла, гузаштаҳо — Таърихи бузургу пурифтихори фарҳангию ахлоқие дорад, ки халқе дигар назирашро надидаасту намедонад, ки «Тоҷикон»-и оламшумули аллома Бобоҷон Ғафуров гувоҳи равшани чунин даъвост:
Куҳансолу куҳанаҷдоди даҳрем,
Набошад миллате амсоли тоҷик!
Ватандоро, Ватанро дӯст медор,
Ватандорӣ бувад
Сулҳу саодат.
Меболаду мефахраду менозад аз он, ки Миллату Ватани азизу шарифаш Забону Ваҳдату Истиқлолу Пешво (Пири насиҳат) дорад, ки чун гавҳараки дида эҳтиёту эҳтифозашон бояд кард:
Шукрона, бар диёрам Сулҳу Саодат омад,
Бар пойизи нигоҳам борони раҳмат омад!
Он ҷони рафта омад бар пайкари заъифам,
Он ёри рафта омад рӯзе, ки ваҳдат омад!
Қисмат ба ҳам барангехт ёру бародаронро,
Аз ҷурми тираақлӣ моро фалокат омад!
Ёру бародаронро набвад ба ҳам кудурат,
Бо сад нигаҳ таманно Пири насиҳат омад!
***
Бо гимну нишону парчамаш менозам,
Олам-олам хизонаи ман Ватан аст!
***
Тоҷикистонам гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,
Дар нигоҳи офтоби ӯ шарори Ваҳдат аст!
***
Оли Сомон — хонадони бахти мо,
Оли соҳибтоҷу соҳибтахти мо!
Қисмати тахти ту андар ёди мост,
Ёди ширинат зиёратгоҳи мост!
***
Раҳ ба рӯйи нури хуршед аст Истиқлол,
Саргаҳи дарёи уммед аст Истиқлол!
Зодрӯзамро зи ёди хештан ман бурдаам,
Шодбоши рӯзи тавлид аст Истиқлол!
***
Нағмаи ширини ҷон бошад забони Тоҷикӣ,
Нолаи сад найситон бошад забони тоҷикӣ!
Порсиро пос медорем! — гуфта шоире,
Посдори остон бошад забони тоҷикӣ!
Дар дили дунёи мо чун гавҳаре бишкуфтааст,
Дар садаф гавҳарфишон бошад забони тоҷикӣ!
Ғунчаи боғи хирад дар Тоҷикистон гул кунад
Тоҷиконро боғбон бошад забони тоҷикӣ!
***
Фасли шукуфтан омад бар Коргоҳи Роғун,
Хуршед мекунад гул андар нигоҳи Роғун!
Оне, ки нек хоҳад фардои Тоҷикистон,
Имрӯз боядаш буд пушту паноҳи Роғун!
***
Сад қиссаи зебоӣ дар манзари Наврӯз аст,
Нақши қалами борон дар дафтари Наврӯз аст!
Наврӯзи Аҷам ёде аз буди ниёкон аст,
Ҷоми Ҷами мо умре эҳёгари Наврӯз аст!
***
Дилбозии дилбарона дорад Наврӯз,
Нозу нафаси занона дорад Наврӯз!
Гул бар сару гул ба рӯю гул бар домон,
Рақси хуши ошиқона дорад Наврӯз!
***
Чун фаришта меоӣ то канори маъвоям,
Субҳи ман шавад оғоз аз раҳе таманноят!
Бар катибаи гӯрат мисрае натонам гуфт,
Камтаринаму лолам пеши лафзи гӯёят!
***
Хуш аст ҳарфи пур аз ҳар навот, Модарҷон,
Бирез нағмаи дил аз садот, Модарҷон!
Дуъои сабзи ту роҳам ҳаме кунад равшан,
Сипоси хеш бигӯям барот, Модарҷон!
Воқеъан, андешаҳои Шаҳрия дар васфу ситои мавзуъу мабҳаси муқаддасу меҳварии навиштаҳояш мубҳаму мавҳуму хаёлӣ не, отифаву орифаи ғаризӣ, хомапардозию дурдонакории асиланд, ки ҳунармандона ҳусни сурат пазируфтаанд:
Ҷаҳон гардиш кунад аз рои фарҳанг,
Сарашро афканад дар пои фарҳанг!
Сари болову фахри ман аз он аст,
Ки ҳастам миллати дорои фарҳанг!
***
Зиҳӣ, Эй шаҳри нуронӣ, Душанбе,
Муҳаббатхонаи ҷонӣ, Душанбе!
Паёми субҳ ёбам аз шаби ту,
Чароғе дар шабистонӣ, Душанбе!
***
Ҳар саҳар лаб во намоям бо саломи Рӯдакӣ,
Хандаи Хуршедро бинам зи боми Рӯдакӣ!
Ҳеч кас андарзу ҳикмат мисли ӯ зебо нагуфт,
Махзани маъност дунёи каломи Рӯдакӣ!
***
Пурнур Хуросон шуд аз хомаи Фирдавсӣ,
Милоди дигар бахшид ҳангомаи Фирдавсӣ!
Эй ҷомеаи бедор, хоҳӣ нашавӣ бемор,
Ҳамвора ба лаб овар «Шаҳнома»-и Фирдавсӣ!
***
Эй азизон, дар саҳаргоҳи сапед
Бод равшан роҳатон сӯйи умед!
Бод Ҷоми Ҷам сабӯҳии шумо,
Баски аз авлоди Дорову Ҷамед!
Дар ватандорӣ расо аз Рустамед,
Дар саховат бештар аз Ҳотамед!
***
Роҳат испед бодо, эй мусофир,
Нашав дар хоки ғайр озурдахотир!
Шунидам ман зи модар, ки ҳамегуфт:
«Тараҳҳум кун, Худоё, бар муҳоҷир!»
***
То он даме, ки ҷӯш занад шеър дар дилам,
Бонуи хушхиромаму хушрӯю хушгилам!
Ман коди қалби хеш ба ин шеър во кунам,
Оре, ба шеър во кунам ҳар банди мушкилам!
***
Фараҳу қарори ҷонам қаламу китоб бошад,
Ғазале ҳамесароям, ки ба лаҳни об бошад!
Ба мисоли дурри дарёст агар суруди шоир,
Ба қиёс ҳар чи гуфтам, ҳамагӣ ҳубоб бошад!
***
Ишқ мешавад оғоз аз насими фарвардин,
Ноз мекунад нола, ханда мекунад насрин!
***
Ишқро шудам пазмон дар баҳори гулгардон,
Бе ҳузури ишқ, охир, бебаҳораму беҷон!
Бино бар мушоҳидаи Аскар Ҳаким, аён мегардад, ки мавсуф дар аввалҳои эҷодиёташ бар ин навъи шеърӣ то дараҷае тасаллут доштаву аз имкониятҳои он хуб истифода ҳам карда тавонистааст… Вале дар ғазал тозагӯӣ мушкилтар аст, зеро дар давоми ҳазор соле, ки дар истифодаи фаровон қарор дошту дорад, хеле аз лафзу таъбироташ ба қолаб даромада, тозагӣ ва таъсири пешинаи худро бохтану ва шоире, ки ба ворид омадани чунинҳо ба шеъраш муқовамат карда наметавонист, беихтиёр ба истифодаи онҳо дода мешуду шеъраш қолабиву куҳна ба забон меомад. Бинобар ин, ба кам шоире муяссар мешуду мешавад, ки ғазалҳое саропо тоза гӯяд, аксаран дар як ё чанд ғазал байти тоза доранд, ки ин ҳам дастовард аст. Ҳамин гуна байтҳои муваффақро мо дар ғазалҳои Шаҳриябону мебинем». Бидуни шак, аксари кулли рубоиёту дубайтиҳои Шаҳрия ҳам аз ҳамин гуна муҳассаноти шеърия бархурдоранд, ки тадқиқоти муфассалеро тақозо доранд, ки дар ҳоли ҳозир мавқуфашон мегузорем. Бо ин ҳама, саволе ба миён меояд, ки ашъори Шаҳрия нақсу камбуде ҳам доранд?! Оре, доранд (аз лиҳози бадеъу қофия, мантиқу салосат), ки муттасил ислоҳу бартараф мешаванд… Хулласи калом, Ҷузву томи сухани ӯ Ватан аст, Фахру номи сухани ӯ Ватан аст! Ӯ насозад дару боме хасакӣ, Рахту боми сухани ӯ Ватан аст!